Дар ислом инсон озод аст, дар зиндагӣ ғулом. Чаро?

Фарҳанг ва адаб 02.09.2011 10:14

Дар дунё чӣ мегузарад?

PluralismИмрӯз дар пеши чашми мо дунёе шаклу ранг мегирад, ки пур аз таззод, ихтилофи назарҳо, даъвоҳои ҳақпарастиву тӯҳматҳову таъназаниҳо аст. Дунёе, ки дар он бошитоб ҳувияти мухталифи миллӣ, арзишҳои гуногуни динӣ, фарҳангӣ ва нажодиву қавмӣ болои ҳам мерезанд. Яъне фосилаҳо байни таълимоти мухталиф, андешаҳо, миллатҳо ва фарҳангҳову динҳо дар шароити имрӯз, ки ҷаҳоншумул ном гирифтааст аз байн рафтаанд. Дунё ба як дараи хурду борике монанд шудааст, ки сели андешаҳои мухталиф болои он мерезанд ва бо ҳам омезиш меёбанд. Андешаҳои мухталифи сиёсии солим ва хатарзо, андешаҳои динии созанда ва иртиҷоӣ, андешаҳои фарҳангии қавиву бунёдӣ ва хурофотӣ, дидгоҳҳои оқилонаву олимона ва омиёнаву заъиф зеҳнҳои мардум ва ҷомеъаҳоро фаро гирифтаанд. Бояд гуфт, ки тамаддунҳо ва дидгоҳҳову динҳо дар гузашта низ робитаи мутақобила дошта, таъсири мусбат ва манфии дуҷонибаи онҳо ба ҳамдигар мерасидааст. Аммо дар ҳеҷ замон ба он андоза, ки имрӯз ин дидгоҳҳо ва дину андешаҳо бо ҳам равобити печида барқарор кардаанд, набудаанд. Ҳоло тағйиротҳо фавқулодда тез ба амал меоянд. Рӯҳияву ҷаҳонбинии инсонҳои дирӯз аз имрӯз аллакай ба таври амалӣ фарқ мекунад. Яъне кишварҳо ва миллатҳо дар дохил чӣ аз назари миллӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва динӣ рангоранг ва мухталиф гаштаанд (бештар кишварҳои Ғарбӣ). Дар чунин як замони таьрихӣ, ки дунё аз тафовутҳои бешуморе иборат гаштааст, барои кишварҳо ва миллатҳо лозим меояд то ин тафовутҳоро ҳамчун воқеъият бипазиранд, миёни онҳо дар асоси қавонини давлатӣ ва механизми махсус як равобити солим ва созанда барқарор кунанд ва бар ин тафовутҳо ҳамчун арзиш эҳтиром қоил шаванд, то тавонанд инсонҳоро навобаста аз тафовутҳояшон дар як фазои солим ва созанда нигоҳ доранд. Чун сарчашмаи аксари бархурдҳои носолим ва зиддиятҳо дар ҷомеъаҳо чи дар гузашта ва чи дар ҳоли ҳозир аз гуногунии андешаҳо, ҳадафҳои мухталиф ва гуногундинӣ будааст. Яъне метавон гуфт, ки гуногунии табиати инсонҳо ва андешаву фарҳангҳои онҳо, ки аз пайдоиши дунё то имрӯз як ҳақиқати тағйирнопазир аст, ҳамеша иллат ва сабаби ихтилоф байни миллатҳо ва инсонҳо будааст.

Ҳаводиси Норвегия Ғарбро шокӣ кард

Аз ин хотир ҷомеъаҳои пешрафтаи ғарбӣ, ки худро соҳиб ва ҳомиёни демократия медонанд дар чанд қарни охир бештар рӯйи мавзӯъи моҳият ва муҳимияти таҳаммулпазирӣ ба плюрализм ҳамчун бузургтарин арзиши демократӣ баҳс менамоянд ва талош доранд то ин андешаҳоро дар воқеъияти ҷомеъаҳои худ амалӣ созанд. Ва дар адабиёти имрӯзаи ғарбӣ сари ҳар саҳифаи китоб вохӯрдани вожаҳое, ба мисли гуногунӣ (diversity), чандфарҳангӣ (multiculturalism), чандандешӣ (pluralism), таҳаммулпазирӣ (tolarance), ҷомеъаҳои гуногунфарҳанг (multicultral society) ва ғайра нишондиҳандаи он аст, ки тавваҷӯҳи онҳо ба масъалаи мазкур аз диди ҳам амалӣ ва ҳам назарӣ ҷиддӣ ва амиқ мебошад. Онҳо дар сохтани ҷомеъаҳои гуногунфарҳанг, ки дар он инсонҳо навобаста аз тафовутҳои милливу нажодӣ ва эътиқодӣ осуда зиндагӣ мекунанд то андозае ҳам муваффақ шуданд. Аммо ҳодисаҳои авохири Норвегия ва чанд мушкилоти марбут ба ҳувияти мусалмонӣ ва шарқӣ дар Ғарб нишон доданд, ки то ҳанӯз ҷомеъаҳои ғарбӣ ин мушкилотро пурра паси сар накардаанд ва ин мавзӯъ барои тамоми ҷаҳон актуалӣ боқӣ мондааст.

Демократия бидуни гуногунандешӣ бемаъност

Таҳаммулпазирӣ ва таҳаммул кардани фарҳанги гуногунандешӣ (плюрализм) яке аз принсипҳо ва пояҳои асосии низоми демократӣ ба шумор меравад. Чун танҳо дар фазо ва ё чаҳорчӯби демократия, ки маҳсули андешаи тамаддуни имрӯза ҳаст, ин падидаҳо аз назари қонунӣ ва амалӣ дастгирӣ ёфтаанд. Демократия ин низоми арзишие аст, ки дар он ба як идеология ва ё як таълимоти мазҳабӣ авлавият дода намешавад, балки он фазои фарҳангӣ ва плюралистиеро таъмин менамояд, ки инсонҳо навобаста аз тафовутҳои идеологӣ, динӣ ва миллиашон дар доираи қонун, гуногунии ҳамдигариро эҳтиром намуда, барои рушди ҷомеъа ва миллат, ки дар меҳвар қарор гирифтааст, бо ҳам кор намоянд. Яъне таҳаммул ба чандандешӣ (плюрализм) ва гуногунии табиати инсонӣ дар низоми муосир ҷойгоҳи марказӣ ва хосса дорад. Метавон гуфт, ки миллат ва умуман инсон дар доираи ин низом ҳамчун меҳвар қарор дода мешавад на тафовутҳои дигар. Имрӯз яке аз ченакҳои асосии кишварҳои пешрафта ва ҷомеъаҳои демократӣ ин то кадом андоза муваффақ шудани онҳо дар бунёди як ҷомеъаи бисёрфарҳанг (multiculturalism) мебошад. Хулас, як ҷомеъаи демократӣ ном гирифтаро бе риоя шудани падидаҳое чун таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми чандандешӣ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон демократӣ ном бурд. Консепсия ва назарияи плюрализм барои ҷомеъаҳои тоталитарӣ ва авторитарӣ, ки кулли ҷомеъа дар назорати як идеология ва як гурӯҳ ё шахсият қарор гирифтааст, бегона мебошад. Плюрализм ин танҳо воқеъияти гуногуние, ки сарчашмааш офариниш аст набуда, балки ин дастовард ва механизмест, ки инсонҳо ҳамчун яке аз арзишҳои демократӣ бунёд кардаанд то мардум дар фазои сулҳ ба сар бурда, оромиш биёбанд. Плюрализм ғайр аз ин метавон гуфт, ки танҳо таҳаммул ва таҳаммулпазирии гуногунӣ набуда, балки, роҳи ҷустуҷӯи дарки ҳамзистӣ байни ин гуногуниҳо ва тафовутҳо дар воқеъият мебошад. Яъне роҳи дар амал нишон додани эҳтиром байни ин тафовутҳо ва воқеъиятҳои ҷомеъа мебошад.

Плюрализм дар тоҷикӣ ба чӣ маъност?

Вожаи плюрализм тавре дар боло низ ишора шуд, дар забони тоҷикӣ маънои гуногунандешӣ, чандандеширо дорад ва дарки плюрализм дар илми фалсафа ин бовар ба воқеъияти ҷаҳон аст, ки аз гуногуниҳо ва рангорангиҳо иборат мебошад, ва ин дар муқобили консепсияи монизм ва дуализм меистад. Ҳадафи асоси падидаи мазкур ин ташвиқи гуногунии табиати инсонӣ дар миёни мардум аст, то онҳо ҳамдигарро навобаста аз тафовутҳояшон таҳаммул ва эҳтиром бигузоранд. Яъне касоне, ки плюрализмро шиори хеш мехонанд ба тамоми тафовутҳои ҷомеъаи инсонӣ ва дидгоҳҳои солими инсонӣ таҳаммулпазир мебошанд. Аммо ин нуқтаро фаромӯш набояд кард, ки таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми фазои гуногунӣ дар як ҷомеъаи демократӣ танҳо бо он гурӯҳу дину андешаҳое хос аст, ки дидгоҳҳои ғайрииртиҷоӣ ва солим доранд. Яъне таълимот ва дидгоҳҳое, ки зотан таҳаммулпазиру сулҳсоз ҳастанд. Онҳое, ки ин фазоро, яъне фазои чандандешӣ ва гуногуниро эҳтиром мегузоранд. Агар бар акси ҳол бошад, як ҷомеъаи демократӣ намегузорад, ки он гурӯҳ вориди саҳна шавад ва фазои плюрализмро вайрон кунад.

Таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми чандандешӣ ва ё плюрализм падида ва консепсияе ҳаст, ки бунёдаш дар замони нав дар Ғарб шакл гирифтааст, гарчанде, ки андешаҳо ва моҳияти ин падидаҳоро дар таълимоти динӣ ва фарҳанги мардуми гуногуни Шарқ хубтару возеҳтар метавон пайдо кард. Аммо ҳамчун механизм ва падидаи сиёсӣ ва фарҳангӣ хоси тамаддуни нав мебошанд.

Плюрализм ҳамчун муҳимтарин усули демократия паҳлӯҳои гуногунро аз қабили плюрализми сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва динӣ фаро мегирад. Ва ҳар як бахши ин мавзӯъ баҳси алоҳидаро талаб мекунад. Аз ин хотир чун мавзӯъи банда ба масоили динӣ бештар рабт дорад, тасмим гирифтам то бештар рӯйи мавзӯи плюрализми динӣ дар шароити ҷомеъаи муосири Тоҷикистон рӯй биёрам. Яъне дар ин мақола кӯшиш мешавад то суннати таҳаммулпазирӣ ва гуногунандешӣ дар фазои динии кишвар таҳлил шавад. Гуногунандешӣ ва ё плюрализми динӣ ин, яъне этирофи андешаҳои гуногуни динӣ чӣ дар дохили як таълимоти динӣ ва чӣ динҳои дигар. Яъне эҳтиром гузоштан ба тамоми таълимотҳои динӣ, мазҳабӣ ва ғайридинӣ ва бардоштҳои гуногуни онҳо аз дин мебошад.

Қонунгузорӣ озодиҳоро кафолат медиҳад

Дар Тоҷикистон ин принсипи муҳими демократӣ дар боби дуввуми моддаи 17-и Сарқонун инъикос шудааст: «ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад», ки ин далолат аз эътирофи гуногунӣ ва эҳтироми гуногунфарҳангӣ мебошад. Дар дигар бахшҳои қонунгузорӣ низ масъалаи мазкур борҳо бевосита ва бавосита ишора шудааст. Яъне комилан озодии инсон дар интихоби дин ва рад кардани дин кафолат дода мешавад ва мувофиқи қонунгузорӣ ҳеҷ кас ҳуқуқи дахолат ва таҳқир кардани дигар касро надорад. Хулоса гуногунандешӣ дар фазои имрӯзаи динии кишвар аз нигоҳи қонунӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Ва дар ин масъала ҷойи баҳс вуҷуд надорад чун қонуни асосии мо дар заминаи арзишҳои демократӣ, ки ҳимоякунандаи асоси арзишҳои мазкур ҳастанд, рехта шудаанд. Пас зарурати овардани дигар масъалагузориҳо нест.

Чандандешӣ арзиши бунёдии Ислом

Аз дидгоҳи таълимоти дини Ислом масъалаи эҳтиром гузоштан бар андешаи дигарон, дигаронро бо он гуна ки вуҷуд доранд қабул кардан, яъне таҳаммулпазирӣ ва чандандешӣ мавқеъи марказӣ дорад. Навобаста аз ҳама сару садоҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон дар шаъни Ислом гуфта мешавад, бешубҳа метавон гуфт, ки принсипҳое чун сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром, дӯстӣ, ваҳдат ва чандандешӣ арзишҳои бунёдии Ислом ба ҳайси як тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Бар андешаи банда инҳоро метавон сутунҳои асосии Ислом низ ном бурд чун фазои фарҳангӣ ва фалсафии Исломро ҷаҳонӣ мекунанд. Хулас, аксари ҳадисҳо, ояҳои Қуръонӣ ишора ба таҳаммулпазирӣ ва чандандешӣ дар доираи таълимоти Исломӣ кардаанд, ки танҳо бахши кӯчаке аз онҳоро мо дар идомаи мавзӯъ рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Дар робита ба ин мавзӯъ донишманди исломшиносе бо номи Алӣ Эҳсон таъкид мекунад, ки Ислом аз Насроният ва Яҳудият низ дида арзишҳои таҳаммулпазирӣ ва чандандеширо бештар ва возеҳтар талқин мекунад. Бар андешаи ӯ ва донишманди дигари мусалмони ғарбӣ Алӣ Ҳасанӣ ояҳои Қуръонӣ далолати гуфтаҳои боло ҳастанд. Онҳо чандин ояҳои Қуръониро, ки бо сабаби кутоҳбаёнӣ дар ин ҷо мо онҳоро муфассал нахоҳем гуфт, оварда исбот мекунанд, ки Ислом ба тамоми аҳли китоб эҳтиром қоил буда, тамоми паёмбаронро қабул дорад. Инчунин ҳеч кас дар Ислом ҳуқуқи иҷборан бор кардани динро бар гардани дигар кас надорад ва ҳеч кас ба ҷуз Худованд ҳаққи куфр гуфтани касеро ва қазоват карданро надорад. Ишораи Қуръон ин аст, ки мо роҳи худро дорем ва дигарон роҳи худ, яъне интихоби инсон озод аст ва ин ҳама далолат аз озодӣ ва эҳтиром бар андешаи дигарон гузоштан аст. Аз нигоҳи амалӣ низ бар андешаи Эҳсон Ислом аз динҳои дигар дида бештар як фазои бисёрфарҳангӣ, чандмиллиятӣ ва чанднажодиро дар оғӯши худ доштааст. Яъне таҷрибаи амалии Ислом аз дигарон дида қавитар будааст, чун дар доираи як нажоду миллат боқӣ намондааст ва ҷаҳонӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки Аллоҳ ҳамеша ишора ба инсоният мекунад, ки «Алҳамдуллилоҳи рабил ъоламин» «Ситоиш Худоро, ки Парвардигори ҷаҳониён аст», яъне на танҳо аз мусалмонҳо ва ё арабҳо, балки аз ҷаҳониён. Манзураш ин аст, ки мусалмонон аз намояндагони дигари динӣ дида, байни ҳам тафовутҳои бештаре доранд, чун ба забонҳои мухталиф сӯҳбат мекунанд, фарҳангҳои ба худ хосаи миллӣ доранд, бардоштҳои онҳо ва дидгоҳҳои онҳо аз дин аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва ғайра. Чун қавмҳо ва нажоду миллатҳои гуногуни дунё имрӯз ва дар гузашта низ пайравӣ аз Ислом доштанд. Яъне имрӯз метавонӣ як мусалмони африқоӣ, як мусалмони осиёӣ ва ё араб ва ориёиву туркнажодро бо ҳам муқоиса кунӣ, ки аз назари қавму нажод аз ҳамдигар фарсахҳо дуранд. Аммо дини масеҳӣ бештар ба мардуми сафедпӯсти ғарбӣ рабт дорад ва ё будоӣ ба чиниву ҷопонӣ, ки яке аз қавмҳои хос ҳастанд ва фарҳанги бо ҳам муштарак доранд. Ин буд хулосаи як муҳаққиқи исломшинос, ки то дараҷае ҳам асос дорад.

Яъне аз хулосаҳои дар боло матраҳшуда метавон гуфт, ки аз дидгоҳи назарӣ ва таҷрибаи таърихии амалӣ эҳтиром бар бунёди гуногунӣ ва таҳаммулпазирӣ ба плюрализм дар дини Ислом побарҷост. Аммо аз назари амалӣ, яъне имрӯз омӯхтани масъала аҳамияти ҷиддитар дорад. Чун ҳамеша андешаҳо рӯйи коғазҳо ва доктринаҳо монда, воқеъиятҳо гоҳҳо аз тамоми марзҳо гузаштааст. Махсусан аз назари амалӣ омӯхтани воқеъиятҳои мусалмонон, ки дар бештари кишварҳо бо таҳаммул кардани дигарон мушкил доранд ва симои Исломро ба ҳайси як дини ғайритаҳаммул ва муқобили таҳаммулпазирӣ муаррифӣ кардаанд, хеле муҳим аст. Ва аз ин ҷост, ки баъзан вақт мусалмонҳо корҳоеро дар ҷаҳон анҷом медиҳанд, ки ғунҷонидани онҳо дар оғӯши падидаҳое чун сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ ҳеҷ имкон надорад. Аз ин хотир банда таҳлили фазои диниро аз нигоҳи амалӣ махсусан дар фазои кишвари хурди мусалмонӣ ба номи Тоҷикистон зарур шуморидем, чун амали ҷомеъа ҳақиқат ва воқеъиятро дурусттар нишон медиҳад аз он, ки рӯйи гуфтаҳо ва китобҳо навишта шуда бошад. Барои мисол баъзан вақт мардум ва миллатҳое ҳастанд, ки дар қонунгузорӣ ва ё дар таълимотҳои динӣ ва миллияшон ҳеҷ санад ва асосе барои мисол дар бораи эҳтироми фазои гуногунандешӣ ва таҳамулпазирӣ вуҷуд надорад, аммо дар амал аз он миллатҳо ва мардуме, ки саросар таърихашон ва осори гузаштагону дину қонунашон дар ин хусус ҳарф мезананд, ҳазор маротиба ботаҳаммултаранд ва фазои рӯшанфикрӣ ва гуногунандеширо бештар қабул доранд.

(Давом дорад)

Аҷами Калонзод, сиёсатшинос

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97