Фитри рӯза ва тариқи адои он

Фарҳанг ва адаб 30.08.2011 11:32

Firt va sadaqaЯке аз навъҳои асосии садақа дар моҳи шарифи Рамазон ин садақаи фитри рӯза мебошад. Паёмбар (с) садақаи фитрро дар рӯзи иди Фитр, ки моҳи шарифи Рамазон поён меёбад, воҷиб гардонидааст. Садақаи фитрро таҳорати рамазон ва таҳорати рӯза мегӯянд, яъне ин садақа рӯзаи гирифтаро пок мекунад. Агар шахсе дар ин моҳи шариф каме нуқсон карда бошад, бо додани ин садақа нуқсонаш пок мешавад.

Худованд дар китоби худ "Қуръон" мефармояд: "Албатта комёб шавад, ҳар касе, ки садақаи фитрро адо кунад ва такбироти идро гуфта, намози идро бихонад." (Сураи Аъло 14-15)

Садақаи фитрро ҳар шахси болиғу оқил, марду зан аз тарафи худ адо мекунанд, ҳаққи фарзандони ноболиғро бошад, падарашон адо мекунад. Миқдори садақаи фитр мутобиқи мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа баробар ба нисфи соъ аст, ки имсол мувофиқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон андозаи садақаи фитр 1 кг 622 г аз гандум муайян гардидааст. Ин ба қимати имрӯзаи бозор 4 сомонӣ мебошад. Беҳтар аст, ки қимати онро адо кунем, то ба мӯҳтоҷон осон шавад. Имрӯз мардум ба тарзи адои садақаи фитр ҳеҷ аҳамият намедиҳанд. Закот ва садақоти воҷибаи худро ба касе, ки ҳатто эҳтиёҷе ба он надорад, медиҳанд, ки ба ҷои аҷру савоб гирифтан гуноҳ мегиранд. Закот ва садақаи фитрро бояд мувофиқи аҳкоми шариат ҳисобу китоб намуда, ба мӯҳтоҷи ҳақиқӣ бирасонем.

Дар рӯзгори мо мардуми нодор хеле зиёданд онҳо ба дараҷае нодоранд, ки ҳатто дар моҳи шарифи Рамазон ғайр аз чою нон дигар ғизое барои тановул надоранд. Як бегоҳ ба хонаи ҳамсояи нодорам рафтам, ки аз ҳолаш огоҳ шавам, чароғи хонааш намесӯхт. Аз ӯ пурсидам, ки чаро чароғи хонаат хомӯш аст ва дар торикӣ нишастаӣ?

Ӯ хиҷолатмандона ҷавоб дод:

- Ҳаққи барқро пардохта натавонистам. Омаданду сими барқро буриданд.

Бубинед, ҳатто ин бечора маблағе намеёбад, ки ҳаққи истифодаи нирӯи барқро бидиҳад. Ва инчунин фуқаҳо зикр мекунанд, ки садақаи фитр ба шахсоне дода мешавад, ки соҳибнисоб набошанд, яъне ба онҳо закот воҷиб набошад.

Баъзеҳо фикр мекунанд, ки бояд садақаи фитр ба муллоҳое дода шавад, ки аз пушти онҳо намоз мегузорем. Агар чунин накунем, намозамон назди Худо қабул намешавад. Ин фикр хатост, зеро ба кӣ додани садақаи фитрро Худованд муайян кардааст. Пас агар мулло аз ҷумлаи мустаҳиқони садақа бошад, дуруст аст ва илло садақааш дуруст намешавад.

Ҳоло баъзе масъалаҳоро зикр мекунем, ки мутаалиқ ба садақаи фитр ҳастанд.

1.Марде, ки ба ӯ садақаи фитр воҷиб аст, аз тарафи фарзандони ноболиғаш низ садақаи фитрро баровардан ба гарданаш воҷиб аст.

2.Зан агар зару зевар ва ё моли алоҳида дорад, ки ба нисоб мерасад, садақаи фитрро танҳо аз тарафи худ адо мекунад. Ба ӯ воҷиб нест, ки аз тарафи шавҳар ва ё аз тарафи фарзандонаш садақаи фитрро бидиҳад.

3.Ҳар шахсе, ки илова аз хӯрдан ва заруриёти зиндагӣ пулу моли зиёде дошта бошад, қарзашро аз моли доштааш ҷудо кунад. Агар он қадар боқӣ монад, ки ба ӯ закот воҷиб шавад, пас садақаи фитр воҷиб аст, агар кам боқӣ монд, пас садақаи фитр воҷиб нест.

4.Агар шахсе садақаи фитрро дар моҳи шарифи Рамазон адо накард, ба ӯ воҷиб аст, ки баъд адо кунад.

5.Беҳтар он аст, ки мусалмон садақаи фитрро пеш аз рафтан ба намози ид адо кунад, вале баъд аз намоз ҳам адо мешавад.

6.Агар касе рӯзаи Рамазонро ба кадом узре нагирифта бошад, ба ӯ низ садақаи фитр воҷиб аст.

7.Агар тифли хурд аз хешовандон моли зиёд мерос гирифта бошад, садақаи фитр ба ӯ воҷиб мешавад ва аз номи ӯ садақаро соҳибаш адо кунад.

8.Ба тифли баъди тулӯи офтоби рӯзи ид ба дунё омада садақаи фитр воҷиб нест.

Муҳаммадфаррухи Қамари Абдуллоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97