Таърих гувоҳ аст!...

Фарҳанг ва адаб 10.08.2011 15:16

(Барои як чоплусак ва ҳамтоёнаш, ки иғвогарона сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ ҷилва медиҳанд, то ки мардумро ба иштибоҳ оранду рӯзаке чанд болонишину соҳиби нони рӯғанин бошанд).


Дар сурати ту сирати манфури ту пайдост,
Дар фитнаи ту тири туву тӯри ту барҷост.
Дар ҳарзаву ҳазёни ту, дар неши забонат,
Рашку ҳасаду заҳру зуқуми ту ҳувайдост!

Гар минбари волои сухан бар ту расидаст,
Як оқилу фарзона намонда бари ин хок.
Гар косагули базми Ватан дар кафи чун туст,
Паймонаи дилро шиканам бар сари ин хок.

Бо доси риёву ҳасаду ҳиллаву тазвир,
Бар гулшани зебо зи кадом гӯр расидӣ?
Эй беҳунар, Эй фитнагар, Эй бебасар, Эй кӯр,
Бо боли кӣ аз хок ба «афлок» паридӣ?

Чун мор хазида таги домони ҳукумат,
Чун тор танида ба тани шони ҳукумат,
Ҳукми туву ҳамсони ту аз номи ҳукумат,
Оварда ба лаб ҷони ману ҷони ҳукумат…

Гар чашми замону сухани вақт ту бошӣ,
Ялдошаби моро набувад субҳи муроде.
Савдогари арзонаки бозори тамаллуқ,
Бифрӯхта моро ба ҷаве, гӯ, чӣ харидӣ?

                               ***
Аз мо наӣ! Бо мо наӣ! Эй ҳечи риёпеч,
Аъмоли ту, кирдори ту, бар халқ аён аст.
Марги хираду охири дунёст, гар аз нур,
Оне, бикунад ҳарза, ки аз бебасарон аст.

Таърих гувоҳ аст! Ҳала, таърих гувоҳ аст,
Ҳар ҷабр, ки бар мо расад, аз шӯру шари туст.
Ҳар захм, ки дорем ба ҷон кӯҳнаву хуншор,
Аз макри ту, Аз ханҷару теғу табари туст.

Таърих гувоҳ аст! Ки аз содагии хеш,
Аз пушти чу ту рафта ба ҷое нарасидем.
Аз фитнаи ту бар сари худ теғ кашидем,
Аз дасти ту заҳри аҷали хеш чашидем…

Таърих гувоҳ аст!
Ки рӯзи сияҳи мо,
Барномаи шабофари амсоли ту буда.
Шаъну шарафу равнақу бедории миллат,
Марги туву марговари амсоли ту буда.

Бо чашми каҷи хеш набинӣ, нашиносӣ,
Шеди хираду фалсафаи миллати тоҷик.
Дирӯз гар аз ҳасрати мо бол задӣ шод,
Имрӯз ба хокат бизанад ваҳдати тоҷик.

Як насли зиё дар талаби субҳи сафо мурд,
То фисқу риё панҷаи хунхоҳ кушояд?
Бояст дар ин дилкадаи ҳасрату шодӣ,
Андар сари гаҳвора «лалойик»** бисарояд:

Бе ашки алам, модари шояндаи миллат.
Аз нуру сафо, аз фари пояндаи миллат,
Аз чеҳраи ҳар тифлаки навзод бихандад,
Хуршеди дурахшандаи ояндаи миллат.

Дар ҷаннати «ин боғи пур аз меваи тавҳид»,
Дар нолаи булбул қари зоғу зағане ҳаст!
Бар рағми туву ҳамчу ту номард, дар ин мулк,
Соҳибватане, Ҷон ба кафе, Мард зане ҳаст,
К-аз ишқи Ватан ришва нахоҳад ба ҷуз аз ишқ,
К-аз нанги Ватан пора наҷӯяд ба ҷуз аз нанг.
К-аз санги ту шалпар нашавад шоҳпари ӯ,
Бӯҳтони ту ӯро накашад бар қафаси танг…

То вориси ҳар чашмаву ҳар буттаи хор аст,
То шоири ҳар ошиқи гумкарданигор аст,
То лаҳни баёни ҳама беҳарфу забон аст,
«Расвои вафои Ватану ишқи диёр аст…»

Рӯзе, аҷабе нест, ки дар Ҳазрати Султон,***
Дар санги мазораш бинависанд: - Буд ошиқ,
Бар кӯҳ, ба гаҳвораву тобути баландаш,
Бар мардуми монандаи худ содаву содиқ!...

                                       ***

Хуршед фарозандаву умед сафед аст,
Дар боғи вафо, мазҳари гулкории тоҷик.
Дигар накунад гул,  надиҳад ҳосили қотил,
Нахли туву амсоли ту, аз хории тоҷик.

Имрӯз Ватан боғи навободи мурод аст,
Ҳар фарди ватандор дар ин боғ ниҳол аст.
Бо чашми кажу хашми мажи хеш чи дидӣ,
Дар дафтари мо, ки чамани сабзи хаёл аст?

Бо пойи кӣ аз чоҳ ба даргоҳ расидӣ?
Бо амри кӣ бар қатли адаб дашна кашидӣ?
Савдогари арзонаки бозори тамаллуқ,
Бифрӯхта моро ба ҷаве, гӯ чӣ харидӣ?!

«Бо дидаи зулмат натавон дид Худоро!..»
Рафтан зи пайи шабраву шабкӯр гуноҳ аст.
Поёни раҳи фитнагарон вартаву чоҳ аст,
Таърих гувоҳ аст!
Ҳала, таърих гувоҳ аст!..
___________________________Гулрухсор Сафи________
* аз муаллиф.
** Лалойик – қадимтарин лолоӣ, ки то ҳол сари забони модарони Бадахшон аст.
*** Мазори Яхч.
**** Аз муаллиф.
Охирин ҳалқаи пайванд
ё ниёз надоштани устод ба қазовату доварӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97