Шумо санҷиши санитарии масҷидҳоро чӣ гуна пазируфтед: мусбат ё манфӣ?

Фарҳанг ва адаб 29.04.2011 09:41

mechet012Рӯзҳои ахир сару садоҳо дар бораи тафтиши санитарии масҷидҳо ҷомеъаро фаро гирифтааст. Тибқи иттилои хабаргузориҳо Маркази назорати санитарии шаҳри Кӯлоб тақрибан панҷоҳ масҷидро мавриди санҷиш қарор додааст. Ҷамшед Рофиев, сардори ин марказ гуфтааст, ки ин гуна тафтишҳо дар дигар масҷидҳо низ гузаронида шуда, дар он асосан таҳоратхона, ҷойи намозгузорӣ ва тозагии атрофи масҷидҳо ба назар гирифта мешавад. ӯ гуфтааст, ҳадаф аз ин санҷишҳо монеагузорӣ дар фаъолияти масҷидҳо набуда, балки муҳайё сохтани шароити беҳтаре барои намозгузорон ва ҳифзи сиҳати намозгузорон аст.

Зимнан, дар Тоҷикистон 3348 масҷиди панҷвақта, 330 масҷиди ҷомеъ, 31 масҷиди ҷомеаи марказӣ фаъолият доранд, ки дар Кумитаи дини Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Дар назар аст, ки ин гуна санҷишҳо дар дигар манотиқи Тоҷикистон хоҳанд гузашт. Ин санҷиши санитарии масҷидҳо дар  ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дари баъзе аз масҷидҳоро ба далели ин, ки бинои он гӯё барои ибодат мувофиқ набуд, бастанд. Пас суоле, ки имрӯз дар кӯчаву паскӯча матраҳ мешавад, ин аст, ки магар санҷиши санитарии масҷидҳо танҳо барои беҳтар кардани шароити намозгузорон аст?

Нашрияи "Миллат" барои возеҳ сохтани назари шаҳрвандон назархоҳиеро дар ин замина анҷом дод.

Mirzoi_SalimpurМирзои Салимпур,

муҳоҷир аз шаҳри Прага:

- Албатта, дар шароити ҷомиаҳои собит чунин санҷишҳо як кори маъмулист. Хоса дар ҳоле ки бо аҳдофи зоҳиран хубе, чун таҳияи шароити хубтар барои намозгузорон, анҷом шавад. Аммо дар намунаи кишварҳое мисоли Тоҷикистон метарсам, ки ин  бор ҳам ба ҷои салла  каллабиёрӣ сар шавад.

Дар ҳар сурат, ин амал як фишанги дигари фишор дар дасти мақомоти тоҷик фароҳам меорад, то дар сурати лозим лаҷоми имом ё масҷидеро, ки берун аз хатти иҷозатшуда пой мениҳад, ба осонӣ бикашанд. Агар тавассути имтиҳони хатиб нашуд, пас ба далели риоя нашудани тозагӣ, барои мисол, фардо ҳатман идораи сӯхторнишониву ҳифзи муҳити зистро ҳам метавон ҷалб кард, ки ягон масҷидро ба баҳонаи, масалан, олуда шудани фазо аз дуди бухориаш бубанданд.

Аҷиб он аст, ки танҳо масоҷид ҳадафи фишор қарор доранд. Кумитаи дин, ки саводи имом-хатибони тоҷикро имтиҳон мекунад, оё ба ҳамин сурат, дониши роҳиби калисои масеҳӣ ё хохоми канишаи яҳудиро ҳам имтиҳон мекунад магар? Ҷуръат ва ҳам донишмандони адёни дигарро магар дорад, ки ин корро битавонад анҷом диҳад? Зеро тавре ҳатто аз номаш бармеояд, ин кумитаи фақат як дини ислом нест, балки боқии мазоҳибро низ бояд баробар фаро бигирад.

Ҳамин тавр, фикр накунам, ки идораи санитарӣ ё сӯхторнишонӣ ба санҷиши калисову канишаҳо низ бипардозанд. Ҳамагӣ боз ҳам дар атрофи масоҷид давр хоҳанд хӯрд ва ин ба маъноест, ки ҳадаф танҳо ва танҳо  мурооти қоидаҳои тозагӣ дар таҳоратхона ё ҳоҷатхонаи масҷид нест, балки дигарбора бармегардад ба оғози ин давраи сарбаста.

Маҳмадалӣ Мақсадулло, сармуҳаррири "Чархи гардун":

Maqsadullo_01- Албатта, манфӣ. Зеро масҷид худ ҷои покизагист, он ҷо бе таҳорат ворид шудан худ мубоҳ аст. Пас, чи гуна мешавад дар маснади покӣ санҷиши санитарӣ гузаронд? Албатта, ин "ҳиллаи навбатии шаръии мақомот" аст, ки акнун мехоҳанд аз ин дарича баҳри баста шудани масҷидҳо "гуноҳи кабира" ёбанд. Оё ҳамин гуна санҷишҳо дар дигар биноҳои ҷамъиятӣ, фарз кардем, толорҳои айёшӣ низ гузаронда мешаванд? Ҳаргиз! Чунки ин гуна маконҳо худ сарчашмаи паҳн гардидани ҳама гуна вабову ҳабисиву ифлосиҳо ҳастанд. Пас, дар мо одат шудааст, ки сузанро дар хона гум мекунему дар кӯча меҷӯем. Аз ин рӯ, гузаронидани чунин санҷишҳо дар ҳар шакле, ки ҳаст, ҳеҷ аҷобате надорад.

Ҷамшеди Муаззам, сокини Душанбешаҳр:

Muazzam_01- Назорати санитарӣ бурдан дар муаасисаҳо, корхонаҳо ва умуман ҷойҳои ҷамъиятӣ албатта, кори ин ниҳоди санитарист ва зарур ҳам ҳаст. Аммо ин Маркази назорати санитарӣ хуб мешуд, агар назоратро аз бозору ошхонаҳо ва баъзе муассисаҳои давлатӣ оғоз мекард ва баъдан аз масҷидҳо. Аз масҷидҳо дида, ҳолати санитарии аксари ошхонаҳо ва  алалхусус ошхонаҳои дохили бозорхо ва худи бозорҳо боиси нигаронист. Зеро ба ҳолати санитарӣ ҷавобгӯ набудани ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо ва ошхонаҳо, ки он ҷо одамони зиёд рафту омад мекунанд, боиси сар задани бисёр бемориҳо хоҳад шуд. Дигар ин ки ҳолати санитарии бархе аз хоҷатхонаҳои муассисаҳо ва мактабҳо низ ҷавобгӯи замон нестанд. Ва бисёр ба маврид мебуд, агар масъулини ин Маркази назорати санитарӣ назоратро аз болои партовгоҳҳое, ки дар шаҳр мавҷуданд, пурзӯр мекарданд. Ҳолатҳое ба назар мерасад, ки ин партовҳо муддати зиёде бартараф намешаванд, ки боиси нороҳатии мардум мешавад. Калламушу магасҳои ин партовгоҳҳои бесарпӯш боиси паҳн кардани ҳар гуна маризиҳо бештар метавонанд бошанд.

Матлуба Рузминшоева, рӯзноманигор:

Matluba- Ба фикри ман ин ҷанбаи хуб дорад, ба хусус барои намозгузорон. Бояд бигӯям, ки миллати тоҷик, мардуми озода ва соҳибтамаддун буданд ва мардуи дигарро маданияту тозагӣ омӯхтаанд. Бино бар ин гузаронидани санҷишҳои санитарӣ дар масоҷид гумон мекунам боз ҷойи намозгузорӣ ва шароити намозгузоронро беҳтар хоҳад сохт. Хело хуб мебуд, агар ин гуна санҷишҳо дар мактабҳо, ошхонаҳо, макотиби олӣ, бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронида шаванд.

 

Бобоҷони Қаюмзод, раиси шуъбаи таҳлил ва барномарезии ҲНИТ:

Bobojon_02- Агар амиқ андеша намоем, назофат ва покӣ ҷузъи имон аст. Дар ин маврид бояд бигӯям, ки тафтиши санитарӣ аз ҷониби масъулини ин соҳаро метавон мусбат арзёбӣ кард, ба шарте ки муғризона набошад. Яъне ҳадаф аз чунин санҷиш танҳо барои боло бурдани сатҳи беҳдошт ва покиву озодагии масоҷид бошад, на ин ки бо ин баҳона боз болои масҷидҳо мушкилии дигаре эҷод щавад. Нашавад, ки боз як василаи наве барои бастани масоҷид шавад. Ба назари ман, бояд дар тафтиши санитарии масоҷид чанд чизе риоя шавад. Таври мисол наметавон масоҷиди шаҳрҳоро бо деҳот қиёс кард. Зеро бо меъёрҳои санитарии шаҳр ҳеч як масҷиди деҳот ҷавоб гуфта наметавонад. Дигар ин ки агар мушкиле дар беҳдошти масоҷид мавҷуд бошад, набояд сабаби бастан ё фишоре ба масҷид шавад, балки он бояд бо машварати масъулини соҳа ислоҳ шавад. Агар ин меъёрҳо ба назар гирифта шаванд ва ҳадаф танҳо тозагӣ бошад, хуб аст ва илло метавонад ин раванд боз як фишори наве болои масҷидҳо ва маҳдудияти озодии виҷдон қарор бигирад.  Аз ин рӯ бояд бигӯям, ки агар василае барои маҳдудияти ибодат ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ бошад, наметавонад қобили қабули ҳеч кас бошад. Агар холисона бошад, фикр мекунам ҳама мардум тарафдори он хоҳанд буд ва ҳеч як мушкилие пеш нахоҳад омад. "Худованд пок аст  ва покиро дуст медорад", - гуфтааст Расули Акрам(Дуруд ба олу асҳоби ӯ).

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97