Ба ин ғурбат ҷавонӣ рафт

Фарҳанг ва адаб 22.04.2011 19:06

AlaviАбдулқодири Алавӣ соли 1957 дар диёри Язгулом ноҳияи Ванҷ, дар қаламрави Дарвоз, ВХКБ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаст. Соли 1979 факултаи забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ як чанд муддат дар пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улумии Тоҷикистон, баъдан дар дориатулмаорифи тоҷик (Энсиклопедияи Советии тоҷик), сипас дар шӯъбаи таҳия ва нашри қонунҳои Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон кор кардааст. Муддате дар Ҷумҳурии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Ирон адои вазифа намудааст. Соли 2000 дар шаҳри Маскав, дар пажуҳишгоҳи забоншиносии фарҳангистони улуми Русия рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Феълан дар шаҳри Маскав зиндагӣ ба сар мебарад  ва ба кори эҷодӣ машғул аст.

           Ба ин ғурбат ҷавонӣ рафт

Ба ин мулки ғарибӣ ин ҳама умри ҷавонӣ рафт,

Чу мавҷи шухи дарё, ин ҳаёти ҷовидонӣ рафт.

Баҳори умр агар аз қуллаи панҷоҳ боло шуд,

Ҳама тобу тавону он ғурури навҷавонӣ рафт.

Агар қадре ба ин ғурбат ҳаёти хеш дарёфтем,

Ҳувиятҳо, фарҳангҳо, ҳама ин ҳамзабонӣ рафт.

Забони модарӣ дунёи мосту ҷовидони мост,

Мабод к-он рӯз, аз мо ин ҳаёти ҷовидонӣ рафт.

Фироқу дурӣ аз ёру диёр дардест, аҷаб мeшкил ,

Падар к-аз доғи дидори писар дунёи фонӣ рафт.

Ватан гӯё к-он ҷоест, касеро кор бо кас нест,

Агар боғи биҳишт аст ин, ки бӯйи гулистонӣ рафт.

Дилам аз сина мегӯяд, бирав эй дӯст худро бош,

Чаро к-аз одами имрӯз, ҳама ҳамдостонӣ рафт.

Надидем рӯйи осоиш ба як рӯзе дар ин ғурбат,

Ки меҳри дилбариву ошиқиву дилситонӣ рафт,

Надорад қалб осоиш дар ин дунёи бемеҳрӣ,

Қарору тоқату сабру ҳама ороми ҷонӣ рафт.

Ҷавони лаҳзае ҳамчун насими бомдодӣ буд,

Чу нури офтоб аз қуллаҳои каҳкашони рафт.

Накоштем як дарахт, то бор орад дар сарои мо,

Работе гар чи обод кардаем, аз бенишонӣ рафт.

Чу мавҷи рӯйи дарё мезанем худро ба ҳар соҳил,

Варақгардонии мавзуни мавҷи зиндагонӣ рафт.

Ба хуни дида парвардам, мусибатҳои ҳиҷронро,

Чаро к-охир дар навмедию номеҳрубонӣ рафт.

Алавӣ қиссаи дилро, магу бар ҷон, бигу бар мо,

Ки роҳи дустдориву ҳама ин меҳрубонӣ рафт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97