Қуръонсӯзӣ ва Қуръонситоийи ғайримусалмонон

Фарҳанг ва адаб 07.04.2011 10:42

QURAN_picМуддатест, ки сару садоҳои расонаҳои ҷаҳонӣ оид ба беҳурматиҳо дар нисбати муқаддасоти мусулмонҳо, манъи ҳиҷобу сатри исломӣ, мамнуъияти манораҳо, карикатураҳои охирон паёмрасони илоҳӣ ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллалоҳу алайҳи ва салам, филми "фитна" ва дигару дигар гӯши фалакро кар кардааст, ки ба оташ кашидани Мусҳафи поки мусулмонон охирони ин амалҳои бехирадона ва фитнаҷуёна то ин лаҳза ҳаст, ки сархати ахбори ҷаҳонӣ шудааст. Роҳибони моҷароҷӯи амрикоӣ Терри Ҷонс ва Уэйн Сапп даст ба ин кор зада рӯзи 20 март дар Иёлати Флоридаи Амрико Қуръонсузӣ намуданд, ки боиси сар задани хашму ғазаби мусулмонон гардид ва вокунишҳои олуда ба хунеро дар Афғонистон ба ҳамроҳ дошт.

Мисли ингуна аъмоли ғайри мунтазира дар Аврупову Амрико баёнгари он аст, ки густариши басуръати Ислом дар он марзбум ба ҳадде оташи ҳасади бархе афроду мақомотро шӯълавар намудааст, ки дигар аз роҳи мантиқиву оқилона вокуниш карда наметавонанд ва даст ба аъмоли хандадору пасте мезананд. Ин ситезагариҳо нишонаи шикаст аст. Шикаст дар баробари як ҳақиқати оламгире бо номи Ислом. Мусулмонон бояд дар баробари чунин кирдори ноодилона хунсардиву таҳаммулгароиро аз даст надода аз роҳи дурусту мантиқӣ вокуниш намоянд. Дар поён чанде аз эътирофоту баҳодиҳиҳои бузургони гайри мусулмонро дар иртибот ба Қуръони карим бо истинод ба як сомонаи форсӣ: http://goftomanedini.com/archive/index.php/t-14177.html меорам, то гуфта бошам, ки ин аъмоли бехирадона чизеро аз азамати ин китоби ҳаётбахшу такондиҳанда кам намекунанд:

Волтер файласуф ва нависандаи фаронсавӣ:

"Ман яқин дорам, ки агар Қуръон ва Инҷилро ба як фарди ғайри мутадайин (диндор-СЮ) ироа диҳанд ӯ ҳатман аввалиро (яъне Қуръонро -СЮ) бархоҳад гузид, зеро китоби Муҳаммад дар зоҳир афкореро таълим медиҳад, ки ба андозаи кофӣ бар асосу мабонии ақлӣ мутобиқат мекунад".

Жан Жак Руссо нависандаи фаронсавӣ:

"Баъзе аз мардум баъд аз он, ки миқдори каме арабӣ ёд гирифтанд Қуръонро хонда ва дуруст дарк намекунанд ва агар мешуниданд Муҳаммад бо он забони равон ва оҳанги расои араб онро мехонад ҳар ойина ба саҷда меуфтоданд ва нидо мекарданд, ки эй Муҳаммади азим дасти моро бигир ва ба маҳалли шарафу ифтихор бирасон моро. Ба хотири ёрии ту ҳозирем ҷони хешро фидо созем".

Вошинген Эйруник амрикоӣ:

"Қуръон китобе аст, ки аз ҳудуди уқёнуси Атлас то наҳри Кошмар (шояд Кашмир ва ё Кошғар бошад - СЮ) мардумро дар зери сояи ҳумоюнфари худ саодатманд нигоҳдошта аст. Қуръон дарбаргирандаи болотарин мабодӣ (таълимот ва принсипҳо) бо арҷ ва судмандтарини онҳо аст".

Толстой файласуфи бузурги рус:

"Қуръон дарбаргирандаи таълимот ва ҳақиқатҳои равшан ва ошкору осон аст ва умуми афроди башар аз ҳар табақа метавонанд аз он баҳраманд гарданд".

"Ҳар кас, ки бихоҳад соддагии дини Исломро бифаҳмад бояд, ки Қуръони каримро ба диққат мутолиъа кунад, зеро дар он ҷо аҳкоме мабни (биношуда-СЮ) бар ҳақоиқи равшан ва ошкор содир ва таълимоте саҳлу сода баумум дода шуда дар ин Қуръон оёти карима нузул намуда, ки далолат бар мақоми олии дини Ислом ва покии рӯҳи муқаддаси оварандаи ин китоб дорад, ки бар мақоми олии дини Ислом ва покии рӯҳи муқаддаси оварандаи ин китоб дорад, ки аз он ҷумла аст: ваътасиму биҳаблиллоҳи ҷамиъан вало тафаррақу вазкуру неъматаллоҳ….-ба ресмони илоҳӣ чанг бизанед ва пароканда нашавед ва неъматҳои худоро ёдоварӣ намоед".

Будлӣ нависандаи шветсариягӣ:

"Назди мо китобе аст ба номи Қуръон, ки дар асолат ва саломат танҳо ва ягона аст".

Велз донишманди англис:

Quran_03"Аммо китоби чаҳорум, ки муҳимтарин китоби дунёст Қуръон аст, зеро ки ин китоби осмонӣ асаре, ки дар дунё гузорад назири онро ҳеҷ китобе ба худ надида аст. Қуръон китоб амалӣ ва динӣ ва иҷтимоӣ ва таҳзибӣ ва ахлоқиву торихӣ аст. Муқаррарот қавонин ва аҳкоми он бо усули қавонини муқаррароти дунёи имрӯз мутобиқат мекунад ва барои ҳамеша қобили пайравӣ ва амал аст. Ҳар кас бихоҳад дине ихтиёр кунад, ки сари он бо тамаддуни башар пешрафт дошта бошад бояд, ки дини Исломро ихтиёр намояд ва агар хоҳад, ки маънои ин динро биёбад ба Қуръон муроҷиат кунад".

Рокстони Шотландӣ:

"Солиёни дарозе дар ҷустуҷӯи ҳақиқат будам то ин, ки ҳақиқатро дар Ислом дарёфтам. Сипас Қуръони муқаддасро дидам ва шурӯъ ба хондани он кардам. Ӯ буд, ки ба тамоми саволот маро ҷавоб гуфт. Қуръон тарс дар инсон илҳом мекунад ва дар айни ҳол собит мекунад, ки ҳар чӣ мефармояд рост аст".

Бону Мойл Инҷилои итолиёӣ:

"Ошноии ман бо таъолими ҳаётбахш ва маорифи дурахшони Ислом ва Қуръон, биниши ҷадид ва амиқе дар ман эҷод кард ва тарзи фикрамро дар бораи ҷаҳони офариниш ва фалсафаи вуҷуд бакуллӣ дигаргун сохт ва эҳсос кардам, ки таълимоти Ислом бар хилофи Масеҳият инсонро мавҷуде шариф ва бо шахсият мешиносад на мавҷуде касиф (нопок-СЮ) ва зотан олуда. Мусулмонон ба ҳукми китоби осмонӣ Қуръон паёмбари олимақоми худро инсоне монанди инсонҳои дигар медонанд, ки худованд ӯро барои таблиғ ва рисолат ва роҳнамоии инсонҳо баргузида аст. Дар ин китоб дастур ва наҳваи баҳрагирӣ аз лазоизи (лаззатҳои - СЮ) ин дунё ва ҳаёти он батарзе ҷолиб ва хирадмандона баён шуда аст.

Бону Сақон Рони Тениси ҳуландӣ:

"Муҳтавои ин китоби осмонӣ комилан бо хирад ва фитрати башарӣ мутобиқат дорад ва аз матолиби зананда ва хилофи ақл бакулли пок аст. Қуръон дар бораи занон доварии одилонае дорад ва бар хилофи бархе аз маромҳо ва адён (динҳо-СЮ), ки ҷинси занро то ба сарҳади бардагӣ (ғуломӣ-СЮ) таназзул дода (поён бурда- СЮ) ва арзише барои ӯ қоил нестанд, вайро аз мазоё (имтиёзҳо-СЮ) ва ҳуқуқи инсонӣ бархӯрдор сохта ва мақоми шомихе (олие, баланде -СЮ) барои ӯ манзур (дар назар-СЮ) дошта аст".

Руд Вейл нависандаи англис:

"Аврупо бояд фаромӯш накунад, ки мадюни (қарздори-СЮ) Қуръони Муҳаммадӣ аст, зеро Қуръон буд, ки офтоби илму донишро дар Аврупо тулӯъ дод".

Гёте шоир ва нависандаи бузурги олмонӣ:

"Солиёни дароз кашишони (роҳибони-СЮ) аз худобехабар, моро аз пай бурдан ба ҳақиқати Қуръони муқаддас ва азамати оварандаи он дур нигаҳ доштаанд, аммо ҳар қадар, ки мо қадам дар ҷодаи илму дониш, ки Қуръон маҷмуаи он аст гузоштем ҳайрати аҷибе дар мо эҷод карда аст ва анқариб аст, ки ин китоби тавсифнопазир (васфнашаванда-СЮ) илмро бахуд ҷалб намуда ва таъсири амиқе дар илм ва дониши ҷаҳон намуда ва дар натиҷа ҷаҳон мадор гардад".

Умурои ҷопонӣ:

"Аммо Қуръони муқаддасе, ки дастуроти илоҳӣ аст бидуни ошуфтагӣ ваҳйи поки илоҳӣ боқӣ монда аст".

Алберт Эйнштейн:

"Қуръон китоби ҷабр, ҳандаса ё ҳисоб нест, балки маҷмӯае аз қавонин аст, ки башарро ба роҳи рост, роҳе, ки бузургтарин файласуфони дунё аз таъриф ва таъйини он оҷизанд ҳидоят мекунад".

Наполеон:

"Қуръон ба танҳоӣ ӯҳдадори саодати башар аст".

Маҳатма Гандӣ:

"Аз роҳи омӯхтани дониши Қуръон, ҳар касе ба асрори ваҳй ва ҳикматҳои дин, бидуни доштани хусусиёти маснуъӣ, ноил мешавад. Дар Қуръон чизе дида намешавад, ки эъмоли зур (истифодаи зур-СЮ) ва ҷабр (маҷбурӣ-СЮ) ҷиҳати баргардонидани мазҳаби ашхос, таҷвиз карда бошад (ҷоиз дониста бошад-СЮ)".

Вейл Дюрант муаррихи машҳур:

"Дар Қуръон, қонун ва ахлоқ яке аст, рафтори динӣ дар Қуръон, шомили рафтори дунявӣ низ ҳаст, ва ҳама умур аз ҷониби худо ва ба тариқи ваҳй омада аст".

Таҳияи Саъдии ЮСУФӢ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97