Тифлро «ҷонам» бигӯ, то ҷонат шавад

Фарҳанг ва адаб 28.03.2011 16:44

Kudakoni_betarbiya"Омӯзиш ва парвариш барои кӯдак ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Рӯҳу равони навзод монанд ба навори суратгирист, покизаву дастнозада, ҳар гуна таассурот дар он ба таври ҳамеша нақш мешавад ва дидаву шунидаҳои пасин наметавонад чунин асар гузоранд. Аз ин рӯ, агар падару модар ё омӯзгор ин нуктаро аз ёд бубаранд ва аз рӯзҳои нахуст ба тарбияи навзод кор нагиранд, бузургтарин имконро аз даст медиҳанд." (Иноятхон, орифи Ҳинд)

Вақте модар аз тифли худ шикоят мекунад…

Чун, ҳар вақт ба хонаи яке аз наздиконам ба дидорбинӣ меравам, ростӣ аз муносибате, ки фарзандонаш ба ҳамдигар доранд, хеле ғамгин мешавам. Ноиттифоқие дар байни онҳо одат шудааст, ки тарки он барояшон амри муҳол аст. Ҳатто дар муддати як дақиқа ҳам ба якдигар созиш намекунанд. Онҳо яке шашсола ва дигаре чаҳорсолаанд. Чун бо ҳам ҷанҷол мекунанд, на модар ва на падар онҳоро ором карда наметавонанд. Агар чунин ҳол дар як хонаводаи солим идома кунад, барои инкишофи минбаъдаи он асароти манфии зиёде бар ҷой мегузорад, ки таъсираш то дер гоҳ бартараф намегардад. Ин ҳолат барои падару модари тифлакон хеле ногувор аст. Модараш ҳамеша роҳи ҳал меҷӯяд. Ман, ки ҳар лаҳза шоҳиди маҳзунии ин модар ҳастам, ба ӯ пешниҳод кардам, ки метавонад аз равоншиносон машварат бигирад. Чун бори охирин аз хонаи онҳо бадар рафтам, фикре ба сарам омад, ки шояд чунин ҳолат дар дигар хонаводаҳо низ бошад. Кӣ медонад, шояд зиёд модарони тоҷик ба ин ҳолат гирифторанду роҳи бурунрафтро намедонанд. Баъдан чунин шикоятҳоро аз касони дигар ҳам шунидам ва ахиран рафтам пеши равоншинос.

Кӯдак аз мо навозиш мехоҳад

Нафисахон Юнусова, мудири кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд: "Айнан бо ҳамин масъала як муаллима муроҷиат карда буд, соҳиби 4 фарзанд аст. Ӯ мегӯяд, ки бачаҳои ман бисёр ҷанҷол мекунанд, якдигарро эҳтиром надоранд, ки ин рафтори фарзандонамро мебинам ва бисёр ғамгин мегардам. Ман аз ӯ суол кардам, ки нисбати фарзандонат ягон маротиба меҳрубонӣ мекунед, чун аз гуфтаҳояш маълум гашт, нисбати тифлонаш дӯстдорӣ намекардааст. Ман гуфтам, - ана натиҷа, яъне набудани меҳру муҳаббат. Ба назари муаллима Юнусова меҳру муҳаббат худ аз худ пайдо намегардад. Онро дар одам инкишоф бояд дод. Баъзан одамоне ҳастанд, ки табиатан ҳассосанд. Вале агар аксар вақт мушоҳида кунем, ин як модели рафторест, ки дар оила қабул шудааст. Масалан, мушоҳида кунед, кадом калимаҳое, ки модар истифода мебарад, кӯдак ҳам айнан ҳамон калимаҳоро истифода мебарад. Агар модар навозишкорона ба бачаҳояш муроҷиат кунад, бигирем «ҷон-ҷон» гӯяд, ҳамон кӯдак низ «ҷон-ҷон» гуфта муроҷиат мекунад. Вақте алфози қабеҳу дағал истифода бурда мешавад, кӯдак ҳам айнан лафзи нохушро истифода мебарад. Ҳамон лаҳну овоз, ҳамон захираи луғавӣ, ҳамааш айнан, калима ба калима такрор мешавад. Падару модар пеш аз он, ки фарзандашонро тарбия кунанд, аввал бояд худашонро тарбия кунанд. Духтар бояд пеш аз ҳама бамаънӣ бошад, ботарбия, бофарҳанг бошад. Агар чунин нест, дар вазъияте мемонӣ, ки " ба гапи мулло гӯш куну корашро накун". Дар чунин ҳолат агар сад маротиба ба кӯдак гӯем, ки дод назан, дағалӣ накун, апаатро ҳурмат кун, лек худ инро накунем, бефоида аст. Натиҷа ҳамин аст, ки бачаҳо эҳсоси қаҳру ғазаби хешро болои якдигар мерезанд, чунки аз кӯдакӣ дар ниҳоди онҳо меҳру муҳаббатро парвариш накардаанд. Дар ин маврид сухан дар бораи ҳиссиётҳо меравад, ки аз хурдӣ сар мезанад.

Тарбия мунтазам аст, ҳамеша аст

Ислом тарбияи фарзандро аз батни модар зарур медонад. Ҳатто марде барои тарбияи кӯдаки чилрӯзааш аз Абуалӣ ибни Сино ҳамчун донишманд маслиҳат мепурсад, барояш мегӯяд, ки ту аллакай дер кардӣ, тарбияти кӯдакро ҳангоми дар батни модар буданаш бояд оғоз кард. Як қисме аз модарон ин корро сода мепиндоранд ва ин аст, ки ба мушкилот мувоҷеҳ мешаванд. Онҳо бар он андешаанд, ки "бузург ва соҳиби ақл шаванд, ҳамаи ин аз байн меравад", аммо ин дуруст нест. Бону Юнусова аз ин шакли тарбия нигарон аст: "Мутаассифона вақте ҳамаи мӯҳлатҳо мегузаранд, волидон ба мо баъд муроҷиат мекунанд. Баъзан вақт сабаби каҷрафтории кӯдак камбуд дар инкишоф аст, вале одатан дар оилаҳои тоҷик ҳамин чиз вуҷуд дорад "ҳеҷ гап не, калон шуд боақл мешавад" мегӯянд. Ҳеҷ вақт ақл ба сину сол вобастагӣ надорад. Мо одамони 50- 60 соларо мебинем, ки беақл ҳастанд ва ҷавононеро мебинем, ки ақлашон пухтааст, инкишоф дар сатҳи баланд аст. Инкишофи ақлии кӯдакро мунтазам бояд коркард намуд. Агар кор накунӣ, намешавад, натиҷа намегирӣ. Масалан, кӯдаке, ки истеъдод дорад, агар онро инкишоф надиҳем, чӣ мешавад? Истеъдод ва қобилияти худро гум мекунад. Кӯдак як ашёи хом аст ва волидайн бояд ояндаи ҳамон кӯдакро фикр кунанд. Фақат бо мақсадҳои мусбат. Барои ҳамин тарбия як раванд ва ҷараёни душвор мебошад, ки мунтазам аст, давомнок аст, системанок аст ва албатта ниҳоят душвор аст".

Таҳаммул ва тарбияро омезиш бидиҳед

Kudakoni_betarbiya_02Аммо он хеши мо аз уҳдаи тарбия кардани фарзандонаш намебарояд. Мегӯяд, барои ором кардани онҳо кӯшиш кардам, ки чанд усулро истифода кунам, аммо на ба нағзӣ, на ба шалоқу на бо зорӣ натавонистам, ки онҳоро ором кунам. Ҳатто лаҳзае низ шудааст, ки худро дар ҳолати беморӣ гирифта аз онҳо хоҳиш намудам, ки чунин рафтор накунанд, лек бо вуҷуди ҳамин ҳам эҳтиром пайдо накарданд. Равоншинос Юнусова мегӯяд, ки "тарбия кори беҳад мушкил аст ва модаре, ки шумо мисол овардед, ки ин хел карду он хел кард. Ин хуб аст. Вай месанҷад, тадқиқ мекунад, усулҳои гуногунро истифода мебарад. Бисёр хуб аст, лекин барои ҳамаи ин сабру тоқат лозим аст. Ба як бору ду бору се бор намешавад ин чиз. Тарбия ин система аст, мунтазам аст, ҳар сония ҳаст, ҳар дақиқа аст ва як умр аст. Медонед шахсан ман дар ҳаётам доимо мегӯям, ки дар тарбияи фарзандонам бештар ман худамро тарбия додам, ман худамро тағйир додам, чунки ҳар замон ман пеш аз он ки ягон корро кунам, аввал ман фикр мекунам, ки худам чӣ?

Тадқиқоти равоншиносӣ собит кардаанд, ки кӯдак бисёр аҷоиб аст. Агар ба ӯ гӯед, ки либосатро дар ҷойи муайян гузор, вай як одат дорад, ки доим либосҳояшро ҳар тараф мепартояд. Агар худо накунаду худатон либосатонро дар ҷойи муайян нагузоред, кӯдак нигоҳ карда меистад, ки худатон чӣ гуна рафтор мекунед.Агар шумо кори хато кунед, зуд онро мебинад. Хатои худашро намебинад, лек хатои шуморо мебинад. Мегӯяд, ки шумо худатон партофтед ку, шумо худатон накардед ку?! Ин таъсири дигари тарбият аст. Кӯдакон моро тарбият медиҳанд ва мо тағйир меёбем. Ин раванд доимо ду тарафа аст.

Равоншиносон бар он назаранд, ки яке аз сабабҳои дигаре, ки бойиси пайдо шудани зиддият дар байни кӯдакон мегардад, ин бештар дӯст доштани як фарзанд нисбати фарзанди дигар ё меҳрубонии бештар нисбати яке аст, ки пайомадҳои нохушеро бар бор дорад. Дар чунин ҳолат роҳи ҳал изҳори муҳаббат ва самимияти якхела нисбати онҳост. Қиссаи Ҳазрати Юсуфро аз Қуръон ба хотир биёред.

Муносибати дуруст ҳамеша ба манфиати кор ҳаст. Бо кӯдак ба кор бурдани дипломатия хеле муҳим аст. Чунин корро кардан ҳамеша натиҷаи мусбат медиҳад. Аз кӯмаки равоншиносон истифода намудан низ яке аз роҳҳои дигари ҳалли масъала аст.

Ниҳонии Қадам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97