НИЁГОНИ МУСУЛМОНИ МО ПЕШҚАДАМ БУДАНД!

Фарҳанг ва адаб 02.02.2009 14:12

Ниёгонамонро нашинохтаем

«Охир аз ҳамон классикони мо чӣ фоида? Ҳамон шеъри Рӯдакӣ дигар чӣ даркор? Магар намешуд ба ҷойи шеъру насиҳат навиштан классикҳои форсу тоҷик ягон мошин ихтироъ мекарданд? Магар намешуд ҳамин мусулмонҳо ба ҷойи мусулмонгарӣ ягон чиз ихтироъ кунанд монанди русҳову дигарҳо?» Магар ва магарҳои дигар, ки бархе бехабарон бо тамасхур ба тамаддуни гузаштагони мо ба забон меоваранду фурсат ҳам намедиҳанд, ки ба онҳо аз гузаштаи пурифтихори бузургони ҳамдину ҳаммилати хеш аққалан чизаке бигӯем.

Басо аламовар вақте чунин суханҳо аз муаллиме ё фарҳангие, ки маълумоти олӣ дорад, шунида мешаванд. Басо таассуфовар аст, вақте муаллим ба суоли донишҷӯ дар бораи ихтирооту кашфиёти гузаштаи бузургони мусулмони мо посух гуфтан наметавонанд. Басо шармандагист, вақте аврупоиву амрикоӣ торихи бузургони моро медонаду бархе аз фарҳангиёни кишвари мо ҳатто номи онҳоро намедонанд. Басо нанговар аст, ки бархе кӯтаҳандешони худибехабар қафомондагии иқтисодии кишварҳои мусулмониро ба мусулмон будани мардум мебанданд.

Бухорову Самарқандро русу англисҳо насохта буданд!

Инҷо мехоҳам ҳамонгуна "фарҳангиён"-и худношинос ба ҳамагӣ чанд суоли зер посух бигӯянд: Агар тарроҳи Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва дигар шаҳрҳои бостонии минтақа аз мардуми мусулмони минтақа набудаанд, пас онҳо киву аз куҷо будаанд?

Магар расадхонаи Улуғбек дар асрҳои миёна сохта нашудааст ва оё онро англису русҳо сохтаанд?Магар илми алгебраро мусулмонон танзиму тартиб ва бар ҳандаса татбиқ набахшидаанд?Оё дар марокизи таълимии Аврупо дар асрҳои миёна китобҳои Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Алхоразмӣ ва дигар донишмандони мусулмон тадрис намешуданд?

Суолҳо зиёданд аммо бо ҳамин иктифо мекунем. Шояд гуноҳи ин гуна афрод ҳам нест, ки онҳо аз чунин нобиғаҳо бехабаранд. Воқеан дар қарни 19 ва 20 ҳангоми тасаллути ғарбиҳо бар кишварҳои Шарқ, онҳо кӯшиш намуданд то ба ҳар роҳе, ки бошад ин мардумро аз асли хеш дур кунанд. Мардумро ба ҷангу ҳаллу фасли масоили мазҳабӣ ва миллӣ водошта, тавонистанд ба аҳдофи нопоки хеш бирасанд. Мардуми мусулмони Осиёи марказӣ низ аз "шатта"-и аламбори коммунистҳои сурх, ки ҳадафшон дур сохтани мардуми ин марзу бум аз асолати фарҳангӣ ва динишон буд, "бенасиб" намонданд.

Нагузоштанд, ки номи ниёгонро зинда бидорем

Пеш ва беш аз ҳама балои фарҳангзудоии коммунистӣ ба тоҷику узбакҳо расид ва дар қадами аввал ин мардумро аз китобу мадраса ва сипас аз хатти ниёгонашон, ки беш аз 1000 (ҲАЗОР!) сол олиму шоиру нависандагонаш бо он менавиштанд, маҳрум карданд. Оре, гуфтанд, ки ба хотири "халқи кабир". Аввал аз хотири мардум меъёрҳои умумиинсонии исломиро зудуданд, ки "танҳо парҳезгорӣ меъёри бузургии инсон дар назди Худост". Аз коммунистҳои "безбожний" (БЕХУДО) халқи КАБИР ҷӯр карданду халқҳои дигарро маҷбур намуданд, ки ба хатти онҳо бинависанд. Магар ин нажодпарастӣ ва "қонуни ҷангал" набуд, ки якеро бузург гуфта, ҳамаро аз ӯ битарсонӣ? Дигар гуфтанд, ки "Дин афюни халқ аст" ва хостанд мардуми ҳамеша бо ёди Худо зистаро бедиёнат кунанд. Хушбахтона, муваффақ нашуданд, ки рӯҳонияти мардумро бизудоянд, зеро рӯҳоният ба наҳвае бо ҳастии ин мардум печидаву баставу дарҳамомехта шудааст, ки дар зери дор ҳам охирин суханашон ХУДО ҳаст.

Аббос ибни Фирноси Андалусӣ (в. 861 м.) - ихтироъкори "гунбази фалакӣ" - макети осмону сайёраҳо, Абусаид Аҳмад ибни Юнуси Мисрӣ (1009-и м.) - кашшофи раққосаки санҷиши лаппиш, Собит ибни Қурра (в. 901-и м.) - аввалин назариётчии қувваи ҷозиба, Бадеуззамон Алҷарзӣ - аз нахустин донишмандони илми ҳиял, яъне механика, ИбниҲайсам (в. 1038-и м.) - асосгузори қисматхои алоҳидаи оптика, Абуабдуллоҳ Хоразмӣ (в. 847-и м.) - асосгузори алгоритм ва даҳҳо дигар аз донишмандони улуми татбиқӣ МУСУЛМОН буданд! Айб дар гузаштагони мусулмонамон не, балки дар худи мост. Зеро ба пешрафти дигарон чашм дӯхта, саъйу талош намекунем то мо пешрафтатар бошем.

Ин риёзидонҳо мусулмону форсизабон буданд!

Акнун биёем сари мақсад. Дар зер мехоҳам ҳа¬магӣ аз панҷ донишманди мусулмони иронитабор, ки мисли ҳамаи мо форсизабонҳо форсӣ ҳарф мезадаанд, ёдовар шавам ва умедворам, ки дар оянда риёзидонҳои кишвар дар раванди таълим ва тадриси риёзиёт аз онҳо ёдовар шаванд ва насли нави миллати мо бидонад, ки ниёгони мо танҳо шеъру тарона нагуфтаанд! Ниёгони мо риёзидону кимиёшиносу кашфиётгар ҳам будаанд!!!

Абулвафо Албузҷонӣ-мутарҷими китобҳои риёзӣ

Абулвафо Муҳаммад ибни Муҳаммад Албузҷонӣ (328 - 382-и ҳиҷрӣ =941 - 1001-и милодӣ) аз Бузҷони Нишопур аз машҳуртарин мутарҷимони китобҳои риёзӣ аз юнонӣ ба арабӣ аст ва аз бузургтарин муаллифони китобҳои риёзӣ дар асри худ ба шумор меравад. Шояд ба арабӣ тарҷума кардани Албузҷонӣ ба бадбинҳои вожаи "ислому араб" хуш наояд ва гуфтаниам, ки забони илм, ки имрӯз англисист, дар он давра арабӣ буд! Маҳорати Албузҷонӣ бештар дар нуҷуму ҳандаса буда, дар ин соҳаҳо низ асари зиёде таълиф кардааст. Осори бархе аз риёзидонони машҳур монанди Зиюфунтус, Абархис, Батлимус ва Хоразмиро шарҳу тафсир кардааст. Китобҳои Албузҷонӣ, ки то замони мо расидаанд, инҳоянд: "Ал-Маҷастӣ" - шомили ҳафт ҷузъ; "Фӣ мо яҳтоҷу илайҳи алкуттоб валуммол мин илмилҳисоб" (Китоб дар бораи ниёзмандиҳои нависандагону кормандон ба илми ҳисоб); "Алкомил"; "Алҳандаса".

Ҳамонгуна, ки аз номҳои осори ал-Бузҷонӣ бармеояд, ҳама навиштаҳои ӯ оид ба риёзиётанд ва мебинем, ки беш аз ҳазор сол пеш дар бораи "ба кадом бахшҳои илми ҳисоб ниёз доштани котибону кормандон" рисолаҳо навиштааст.

Абулфатҳи Исфаҳонӣ - мутарҷими китоби "Апполониюс"

Абулфатҳ Маҳмуд иб¬ни Муҳаммад ибни Қосим ал-Исфаҳонӣ аз машоҳири мутарҷимон ва риёзидонҳои қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ (асри 11-и милодӣ) аст. Ӯ китоби "Алмахрутот"-и Апполониюсро, ки Ҳилол ибни Абуҳилол Алҳимсӣ китобҳои якум то чорум ва Собит ибни Қурра китобҳои панҷум ва ҳафтуми онро тарҷума карда буданд, такмил намуд ва се китоби ахири онро ба арабӣ гардонда, тафсири гаронбаҳое бар он китоб навишт, ки чандин бор ба забонҳои лотину англисӣ тарҷума шудааст.

Абӯҷаъфар Алхозин - шореҳи китоби Уқлидус

Абӯҷаъфар Алхозини Хуросонӣ, ки дар қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ (11-и милодӣ) зиндагӣ кардааст, дар масоили риёзӣ ва нуҷум таълифоти мутааддиде доштааст. Аз ҷумлаи китобҳои мавҷуди ӯ ин дуто ҳастанд: "Алолот алаҷиба аррасадийя" (Олатҳои аҷоиби расадшиносӣ) ва "Тафсири мақолаи 10-уми "Усул"-и Уқлидус(Евклид)"

Дар китоби аввалӣ Алхозин дар бораи олоти расадшиносӣ, ки тавассути он гардиши сайёраву ситорагон ва умуман ҷирмҳои осмониро мушоҳида мекунанд, навиштааст ва чунин китоб барои он давра дар ин соҳа нодиртарин дониста мешуд. Китоби дигари боқимонда аз ӯ шарҳи масоили мубрами "Усул"-и Уқлидус ҳаст ва тӯли асрҳо боз аз муҳимтарин манбаҳои омӯзиши риёзиёт мебошад.

Абусаҳли Кӯҳӣ - риёзидони ситорашинос

Абӯсаҳл Вайҷан ибни Рустами Алкӯҳӣ - аз кӯҳистони Табаристони Ирон буд ва ба ҳамин хотир "Алкӯҳӣ" лақаб гирифт.Дар ҳудуди соли 377-и ҳиҷрӣ (966-и милодӣ) дар расадхонаи Сайфуддавла, пас аз он ки мунаҷҷими машҳуре гардид, ба расад ё худ омӯзиши кавокиб пардохт. Баъзе аз осори ӯ дар муқаддимаи китоби "Ҷабр"-и Хайём ба фаронсавӣ тарҷума шудааст. Ибни Надим дар китобаш "Алфиҳрист" чандин таълифро ба ӯ нисбат додаст. Минҷумла, "Марокизи доираҳои тамос бар хутут бо тариқи таҳлил" шомили масоили риёзӣ ва нуҷум мебошад.

Абӯсаид Ассаҷзӣ - мунаҷҷиму риёзидони беҳамто

Абӯсаид Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдулҷалил Ассаҷзӣ мунаҷҷим ва риёзидони бузургу машҳури қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аст, ки бо Абулҷаъфари Саффорӣ ва Азудуддавлаи Дайламӣ ҳамаср ва дар иртибот будааст. "Инқисоми хатти мустақим ва бениҳоят ба нисфайн" ва рисолаҳои дигар дар риёзиётро ба қалами ӯ мансуб медонанд. Ассаҷзӣ даҳ масъалаи мушкилтарини риёзиро, ки дар доираи олимони он давра ҳалли худро надоштанд, шарҳ дода рисола "Дар ҳалли даҳ масъала"-ро навиштааст.

Берунӣ, Розӣ ва Сино нобиғаҳои машҳур мусулмон буданд!

Дар бораи ин се нобиға зиёд гуфтанду навиштаанду хондаем. Хидмати донишмандоне, ки зикри онҳо дар боло гузашт, аз хидмати Николай Копернику Галилео Галилей, Исҳоқ Нютон ва бархе дигар олимони аврупоӣ кам нест, аммо онҳо барои мо ношинос мондаанд. Шинос шудан бо донишмандони маъруфи мусулмон ва муаррифии онҳо масъулияти ҳар фарди худшинос дар боло бурдани маърифати динии кишвар пас аз фарҳангзудоии шӯравӣ мебошад.


З. ДАВЛАТ
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97