Паёмбар куҷо шуд, Худомон куҷо шуд

Дидгоҳ 14.12.2013 15:03

Dukhtaroni OmudaryТақдим ба онҳое, ки дар роҳи озодӣ ва озодандешӣ гом бардоштаанд.

"Духтарони Омударё" номи китоби шеъри Латифи Пидром шоири муосири Афғонистон аст, ки бо хати кирилӣ мунташир шудааст. Манзумаи нахустини ин маҷмуъа «Ба ёди фармондеҳ» унвон дорад, ки ёддоштҳои муаллиф аз ҳамкорӣ ва ҳамроҳияш бо Аҳмадшоҳи Масъуд қисса мекунад. Ва аз ин ки ёрони ӯ, ки даъвои ҷиҳод ва шикастонидани комунизмро доштанд, шефтаи молу сарват ва таслими қудрати дигаре гаштаанд.

БА ЁДИ ФАРМОНДЕҲ

Ва рафтему рафтему рафтем…

Ва аз боғҳои Шимолӣ гузаштем,

Аз он боғҳо, токбунҳои сарсабз,

Аз айвонҳо, хаста, афтода, баста.

Фурубаста дарҳо ва деворҳо, токҳо;

Ба ёдам намондаст чандон,

Канори маҳе, сабзазоре нишастем.

Гирифтам шабобонги Маҳтоб мехуфт,

Гирифтам чагуре намехонд шабро,

Гирифтам, ки борон маро бӯса мезад,

Ва шере дар он куҳ хамёза мезад…

Ту будиву маҳ буду борону шабтоб,

Дарахте фурӯхуфта бар хоку хун то камаргоҳ,

Зане гиря мекарду маҳтобро хӯша мекард.

Дар он рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо

Дар он фаслҳо, солҳо

    (Ки чандон ба ёдам намондаст)

Гумон мекунам Лола

                      "Шоҳнома" мехонд

Ва як дастаи сор парвоз мекард,

Ва торе суруди ғамангез мехонд!

Падидор мешуд дар офоқ, қади сапедор

Ва ишқе тани хеш дар чашма мешуст,

Ва рӯди хурӯшанда фарёд мезад,

Зане зулфакони сияҳ тоб медод,

Лабе аз лабе бӯсаҳо вом мекард.

Чи барге, чи боре, дарахтони имсол

Сабадҳое аз себ анбор мекард.

Шабе хоби гулдонҳоро барошуфт,

Шабе, ки навое дар он дурҳо парса мезад,

Ва се хобгард аз хиёбон ва борон гузаштанд,

Ва се соя рафтанду рафтанду рафтанд,

Ва маҳтобро аз заминҳо сутурданд.

Ту аммо саломе накардӣ дар он шаб,

Нахондӣ суруде нахондӣ дар он шаб,

На барге, на боре фишондӣ дар он шаб.

Дар он чархи чарханда пойиз чархид,

Хаёлам, ки барге фуру рехт бар хок,

Хаёле ба дарвоза мезад паё-пай

Саворе дар он даштҳо гард мешуд.

Дую даҳ дақиқа?

          Чӣ посе гузаштаст аз шаб?

Гумонам, ки роҳе  намондаст то субҳгоҳон;

Дар ин шишаҳо ҳам, ки чизе намондаст,

Ва як ҷуръа қаҳва, ду сигор мондаст;

Ва ҳамсояҳо ғарқи хобанд имшаб

Ва хунёгарон ҷумла хобанд имшаб.

Ту як куҳ, як резаборон кашидӣ,

Ду анҷирбун, рӯде пайваста ҷорӣ,

Дарахтони шайдои фасли баҳорӣ.

Куҷо меравад роҳе бо печу тобаш?

Навиштӣ, ки аз раъду тӯфон расидам

Кашидӣ, ки барге аз ин боғ чидам

Ки ман ҷангале аз қинорӣ кашидам.

Аз он боғҳо, даштҳои мунаввар

Расулони растан чӣ хоҳандамон гуфт?

Ва ин обҳо, растгорони ҷовид

Чӣ доранд аз қиссаҳои қадимӣ?

Ва маҳтоб имшаб куҷо хуфт хоҳад?

Ва хуршед фардо чӣ бояд бипӯшад? ....

                              ***

….

Бубин, ин кабӯтар ва ғавғои сабзаш,

Ва парвезани шодии боғҳои тараннум,

Туро месароянд.

Дар ин беша, ин барг, ин ояти сабз,

Хаёлоти бисёрро мерабоянд.

Ман он хобгард, он хаёлоти порин,

Аз он куҳҳо, обҳои намодин

Навиштам, сурудам, шунидам, шунуфтам

Ва дар Нил дар Боғи Бобул шугифтам.

Куҷоӣ ту, эй бода, эй бод, эй бода бар даст?

Куҷо меравӣ, эй парӣ, эй парастут бар даст?

Аз он ҷангал, аз он ҷилга, к-он сӯи дарёст,

Аз он дараҳое, ки саршори ғавғост,

Маро бурд, мебурд, мебурд

Ва шаб дар камингоҳи хуршед афсурд.

Маро дарнавард эй  шафақ, эй шақоиқ,

Маро дарнавард эй насими ҳақоиқ.

Ман ин дарра, ин куҳро мешиносам

Ман ин киштӣ, ин Нуҳро мешиносам.

                           ***

Агар абр дидастӣ, тӯфон надидӣ,

Агар Зол дидастӣ, Дастон надидӣ.

Сикандар аз ин ҷо гузар кард, эй дӯст

Ва ин деҳ, ин қария дастони ӯст.

Нарафтаст чизе зи ёдам, нарафтаст,

Аз ин дараҳо гарчи Масъуд рафтаст:

Сарояндаи боду борону  хуршед

Сарояндаи даштҳои шақоиқ

Ва он лаҳзаҳо, фасли хуби дақоиқ.

Чи шабҳо, ки бо ҳам аз ин ҷода рафтем,

(Зимистони ҳафтоду шаш буд шояд)

Ва аз Мавлавӣ, Бедилу

             "Мантиқ-ут-тайр" гуфтем.

Садое дар аъмоқи ин дара хуфтааст,

Чирике аз ин қуллаҳо рахт бастаст.

Чи умедҳое, ки дар боғҳои шимолӣ фурӯ мурд,

Аз он токбунҳои хушкида бар ҷой,

Чӣ мондаст дигар, чӣ мондаст бар ҷой?

На токе, дарахте, на сарвест бар ҷой.

Дар он дараҳо хотироти ту боқист:

Туро месароянд, он қуллаҳо, он авҷҳо

Туро месароянд он рӯдҳо, даштҳо.

Бихоб, ай яли хаста, ай ҷони захмӣ,

Бихоб, ай ҳама умр дар ранҷу сахтӣ.

Паёми туро ҳеҷ маънӣ накарданд,

Ва он қалб, на, раъд, тӯфони якрезро чун,

Дар он соясорони ваҳшат шикастанд,

Куҷоӣ, куҷо хуфтаӣ, ай шукуҳ, ай Хуросон?

Куҷо хуфтаӣ, ай баландойи Помир?!

Куҷоӣ, ту ай рӯдҳо, ай шафақ, ай шақоиқ?

Куҷоӣ, ту эй Бомиён, эй Ҳарӣ, Балх, Помир?

Садои наҷибат ва ин дарраҳо, куҳҳо?

Чӣ хоҳадамон гуфт, з-он рӯзҳо, қиссаҳо?

(Бубин кишварат ғарқи душман шудаст.

Набинӣ ту озодӣ, озодагии мардумӣ, ҳама баъди ту рӯзҳои тиҳӣ)

Рафиқонат имрӯз бо душмананд,

На озодагӣ, сарбаландӣ "ман"-анд.

Чаро хаста дар хоку хун хуфтаӣ?

Дилам ғарқи хун гашта аз рафтанат.

На, бовар надорам ба ин хуфтанат.

Хуросон магар хоб бинад туро,

Магар Ховарон хоб бинад туро.

Ту аз осимонҳову, хуршеду борон расидӣ,

Ту аз чашмасорони пурфайзи тавҳид.

Ман аз қуллаҳое, ки то субҳ фарёд карданд,

Ва шабро саросар маҳобод карданд.

Дар он дашт, даштони торики абрӣ,

Дар он қуллаҳо, куҳҳо, кӯтали Зард,

Дар он рӯзҳо, рӯзҳои ягона,

Фазо аз ту лабрез, моҳ аз ту пур буд.

Ба ёдат намондаст он чашмаҳо, он кӯчии пир?

Дувоздаҳи шаб буд соат;

Ва моҳ аз дили дара оғоз мешуд,

Шубоне дар он дур овоз мехонд.

Зане шир мепухт аз чархаи моҳ,

Ва Масъуду Масъуду Масъуд мегуфт.

Дақиқан дувоздаҳи шаб буд соат.

Агар шаб, агар шабпура бол густурда бар деҳ,

Умеди хурӯси саҳархон намурдаст,

Агар дасти шаб равшаниро сутурдаст,

Касе боли хуршедҳоро набастаст.

…                      ***

Хаму печи раҳ, куҳ ба куҳ, гардиши куҳ,

Дар ин суфраи сабз, густурда ҳайрат.

Ва чашми парастуи якшанбаи хис,

Фитода фаросӯи ин шанбабозор.

Ғунуда сари рӯйи зонуи тақдир,

Шикаста зане рӯйи андуҳи перор.

(Қароре, ки аз бехмон канд, Бон буд

Суруше, ки аз сулҳмон гуфт, ҷин буд

Шағодеву он чоҳ-чоҳ бародар

Вакилеву амок аз ҷинси дигар

Кулангӣ-и ҷангият мокӣ баромад

Ҳама гурхарҳот хокӣ баромад

Туфи рӯбаболое бар хеш бингар

Чи нанге дилозорӣ бар решу минбар)

Ҳало, ҳой! Парвозҳои муҳоҷир

Куландагон имсоли сайру сайёҳат

Уқобони бебоку сабру салобат

Ҳумоболҳои баланде, ки буданд, рафтанд,

Ва аз нимраҳ, ҷуғдҳое, ки буданд гаштанд.

На ин гардана, ҷойи парвози ҷуғд аст,

Ки ин дарраро, роҳу расми шигифт аст,

Дареғо, ки он мард, он шер мурдаст.

Баҳорон имсол кайфе надорад,

Фарози гузаргоҳ,

Дарафше наяфрошт боди баҳорӣ,

Ва ин ҷодаҳо,

                         Ёдгорони тасмим

Хамӯшу хамӯшу хамӯшанду таслим:

Бигӯ, абрҳои баҳорӣ наборанд

Насиме, бирав даштҳоро хабар кун.

Саборо, ки ололаҳоро накоранд.

Барои чӣ эй мурғи ҳақ месароӣ

Чӣ роме намоӣ, киро месароӣ?

Сипоҳи Фаранг омада, чашм во кун

Дуо кун, дуо кун, дуо кун, дуо кун!

Ҳамонҳо, ки куштандмон, омадастанд

Ва бо қасди таҳқирамон омадастанд.

Намедонам аз шаб чӣ посе гузаштаст,

Ки дарвозабон қалъаҳоро набастаст.

Хурусе намехонад аз дур то дур

Ки фарёдҳо дар гулуҳҳо шикастаст,

Чи каҷ-каҷ равон аст ин ҷода маст аст?

Гадо монда (холиз) он пир пайкор,

Паноҳе намонда, паноҳе шикаста.

Чи номардӣ, номардӣ ва носипосӣ!

Кӣ-тон барнишонда бар авранги қудрат?

Кӣ-тон бурда аз хок то авҷи иззат?

Кӣ-тон дар навардида роҳи нарафта?

Кӣ-тон бурда бар ҷӯйборе нарафта?

Кӣ-тон аз бузургӣ сухан гуфту родӣ?

Ва аз бенавоӣ ба авранги шоҳӣ?

Кӣ-тон бурда парвардигоро, гувоҳе.

Фаромӯштон гашта он рӯзҳо, рӯзгорон?

Аз он марқади пок бо ҳам гузаштем,

                       (Зӣ ёдам нарафта)

Саломе накардед,

Дуое нахондед,

Чӣ номард, номард, номардумонед!

                               ***

Кӣ мондаст, аз раҳравонат, кӣ мондаст?

Агар монда, монда, суруде нахондаст.

Ки дар чанбари рӯзу шабгир мондаст.

Шуд он рӯзҳо, рӯзҳои тиллоӣ

Шуд он корвони қадимӣ, ки мехонд:

                    Раҳоӣ, раҳоӣ, раҳоӣ.

Ва шаб то камингоҳ хуршед меронд.

Кӣ мондаст аз дӯстони қадимӣ?

Дар он дарра дар он ҷангали Мағнавул

Касе аз табори ту мондаст, эй дӯст?

Касе, қиссагӯе, зане, пирамарде,

Чагуре, гавазне, дарахте, дирафше?

Садои ту дар умқи он дарра ҷорист

Садое на аз дӯстони қадимӣ

Садое, ки монда, садои қинорист.

Хурдодмоҳ буд шояд

Гавазне, шаберо саҳар кард бо ман

Ва ҷангал саросар сафар кард бо ман

Саҳар аз дили куҳ оғоз гардид

Азон аз паси куҳ овоз гардид.

Худо гуфт бархез вақти намоз аст

Саҳар мефарояд ҳангоми роз аст

Ҳама ҷангали сабз дастидуо буд

Ва он куҳ яксар, рамзи Худо буд.

….

Дар ин ҷо ба ҷуз қор-қори кулоғе намондаст

Дар ин ҷо ба ҷуз дасти сарди зимистон намондаст.

(Хуросон-т бингар дар хун нишастаст

Касеро накушта, касеро набастаст,

Набуди туро сарви қомат шикастаст,

Ки деве ба ҷои Сулаймон нишастаст)

Чи фарёдҳое дар Виғнон хок шуд

Чи гулдухтароне, ки бар пои пирӣ нишастанд

Чи умедҳо, чи хобҳое, ки бидруд гуфтанд.

                               ***

 (Худӣ буд дижхайм, ман мешиносам,

Адуи туро хуб ман мешиносам.

Набартофтанде туро гала муздур

Ки шабкурҳо дар ҳаросанд аз нур)

(Ту мегуфтӣ; роҳам зи душман ҷудост,

Ва роҳе ки дорем, роҳи Худост,

Пас аз Шӯравӣ навбати Амрикост)

Хуросонт дар дастаи нобудӣ аст,

Далеле ки доранд қонунӣ аст.

Зимистони бе пири сарде расидаст

Канори учоқе бимонем хомӯш

Канори дарахти пур аз барф

Миёни ғазалҳои Ҳофиз бихобем

Ва Хоқонӣ, Саъдӣ, Саноӣ, бихонем.

Дили беқарори киро хоб мебинад ин бод

Ва ин барф, маддоҳи пири кадомин қабиласт

Шитоби ману хоби барге, ки аз барф пажмурд

Куҷо, то куҷоҳо расидаст.

Куҷо, то куҷо метавон даштро бурд бар дӯш

В-ин қулларо бурд баршонд бар ҷои дигар

Ва барге зи гулдони хурдод перор барчид

В-ин шармро дар дили тори шаб кард пинҳон

Ва ғамро ғалат кард дар ваҳми борон;

Зимистони бе пири сарде расидаст,

Зимистони таслим.

Зимистони дарюзагӣ, танфурушӣ

Зимистони дастони хели гадоҳо

Ва дастони кӯчак ва кӯчактар аз барг

Зимистони сармо, зимистони марг.

Зимистони беобрӯйӣ расидаст

Зимистони ин чӣ? Дигар чӣ? Ба ман чӣ?

Зимистони хомӯшии "тикадорон"-и ислом

Зимистони шаб; духтарон дар шабистони "НОТУ"

Зимистони бепурсуҷӯ, беҳаёҳӯ.

***

Тиҳидастамон кардӣ эй мард, эй дӯст, Масъуд

Куҷоӣ, куҷоӣ, ки ҷои ту холист,

Ба андозаи ин ҷаҳон ҷой-т холист.

Се даҳа, ту нашинохти-шон киёнанд-ки ин рӯбаҳон нокасонанд.

Ва ин ҷуғдҳо, зоғҳо, каргасон,

Ва патёрагон фурӯмонда бар бошгоҳи танъаум

Ва хархокиҳои гирифтори пастӣ, забунӣ…

Ва кафтори вомонда бар устухони қадимӣ,

Калоғону бӯйи ганди лаъимӣ…

Дареғо аз он родӣ, озодагӣ каҷкулоҳӣ.

Ва во-ҳасрато з-ин забунӣ, фурӯмоягӣ, нотавонӣ

Ва ин навкари-шон барои дуто хориҷӣ-амрикоӣ!

Паёмбар куҷо шуд, Худомон куҷо шуд

Ва тасбеҳмон, назрҳомон, дуомон куҷо шуд?

Нагуфтед ҳарфе зи Лубнон, нагуфтед

Каломе барои Фаластин нагуфтед…

Куҷоӣ ту Масъуд, ҷойи ту холист!

Ба андозаи ин ҷаҳон ҷой-т холист!

Куҷоӣ, ки аз сидқ  Қуръон бихонӣ,

Бар ин сарзамин боз фармон биронӣ,

Садо сар диҳӣ родӣ, мардонагиро,

Суруде бихонӣ, озодагиро…

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97