8 сол бо "Миллат"

Дидгоҳ 31.08.2013 19:27

8 sol bo millatРӯзе, ки «Миллат» арзи ҳастӣ кард, фазои иттилоотии тоҷикӣ холӣ монда буд. «Миллат» бо пушти сар кардани он ҳама садҳои чинӣ тавонист ин халоъро пур кунад. Албатта тӯли ин ҳашт сол камбудҳову пешрафтҳои зиёде буда, ки аз назари хонандаи нуқта-санҷу борикбин ва сахтгири «Мил-лат» дур намондааст. Аз ин рӯ дар остонаи пур шудан аз ҳаштумин соли фаъолият ба суроғи хонандаҳои гиромии худ афтодем, то шуруъи соли ҷадид аз тавлиди нашрияро бо гомҳои тоза ва нақшаҳои навин оғоз бубахшем. Бубинем, ки хонанда чӣ мегӯяд:

Rahmatullo ZoirovРаҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ:

-Дар ёдам панҷумин солгарди "Миллат", меояд, ки пас аз интихоботи соли 2010 ва "хомӯшии" чанд моҳаи ман дар арсаи сиёсат буд. Таҷлили ин солгард, дурусттараш гуфтугӯ дар ин солгард, ва ду суҳбати ғайричашмдошт барои ман хидмати хуби психологӣ барои боз ба арсаи сиёсӣ ворид шудан кард. Акнун мо дар арафаи интихоботи президентии соли 2013 қарор дорем. Умедҳои нимпарешон ва таҳдидоваранда дар арсаи сиёсӣ ҳукмронӣ доранд. Ва дар ин ҳолат ягона хоҳиши ман ин аст, ки "Миллат" танҳо дар ҳимояи манфиатҳои миллат, яъне ягонагии манфиатҳои инсон, ҷомеъа ва давлат бошад. Сол ба сол "Миллат" аз рӯи мафкураҳои навовар ғанитар гардад, хусусан, дар бобати маънидоди проблемаҳои конститутсионӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, этникӣ ва ғайраҳои ташаккули миллат ҳамчун на миллият, на халқи тоҷик, на ташаккули этникӣ, балки давлатдории Тоҷикистон, ягонагии ватандорӣ ва шаҳрвандӣ, инъикоси бартарияти арзишҳои умумибашарӣ дар мафкураи миллии Тоҷикистон.

Умедворам, ки "Миллат" аз рӯи мавқеъгирии хеш ҳамчун ҷавонмарди миллатшинос муаррифӣ мегардад. Солгардат муборак "Миллат"!

S SafarovСафар Сафров, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон:

Ба сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат»!

Ҳаштумин солгарди таъсиси нашрияи «Миллат»-ро ба аҳли қалам  ва ихлосмандонатон самимона шодбош гуфта, барору комёбиҳо таманно мекунам.

Дар ин муддати на чандон тӯлонӣ рисолати душвору дар айни замон пурифтихори рӯзноманигориро содиқона ба ҷо овардед. Аҳли эҷоди нашрия бо он ки шеваи ростини фаъолиятро интихоб намудаанд, муваффақ шуданд, ки ҳам қаламу ҳам «Миллат»-ро барои хонандагон ва алоқамандон муаррифӣ намоянд.

Мусаллам аст, ки дар давоми солҳои нашр ҳафтавори мову шумо монеъаҳои эҷодиву молиявӣ ва муносибатҳои девонсолории бархе аз сохторҳоро пушти сар карда, сафи хонандагонашро беш аз пеш афзун гардонд. Ин воқеиятеро гувоҳ аст, ки эҷодкорони шумо бо мурооти талаботи қонун, сарафрозӣ аз ҳуввияту суннатҳои миллӣ ва бо назокати хосаи рӯзноманигорӣ дар амри баланд бардоштани маърифату маънавиёти мардум нақши шоистаи худро гузошта истодаанд.

Нашрияи шумо бо номи сазовори «Миллат» ба миллати фарзонаву мутамаддини тоҷик ва кулли сокинони мамлакат хидмати арзандаеро ба ҷо меорад. Заҳматҳои рӯзноманигорон ба вижа дар амри шинохту ба ҳам овардани мардуми форсизабони дунё қобили мулоҳиза ва таҳсин мебошад.

Маҳфили олимону донишмандоне, ки «Миллат» дар гирди худ ташаккул додааст, имкон медиҳад, ки дар сафаҳоти он пайваста пиндору гуфтору рафтори нек, гуногунандешии солими сиёсӣ, камбудиву нуқсонҳои ҷомеа воқеъбинона инъикос гардад.

Бошад, ки чунин услубу шеваи кор минбаъд низ равнақи тоза касб намояд ва аҳли коргари нашрия ба пешрафту комёбиҳои муассири эҷодӣ ноил гарданд.

Ба коллективи ҳафтанома рӯзу рӯзгори хуш таманно мекунам.

Muhiddin Kabiri-012Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ:

-Пеш аз ҳама муассисон ва кормандони ҳафтаномаи " Миллат"- ро ба 8- солагии таъсис табрик мегӯям ва барояшон сарбаландиву устуворӣ дар роҳи интихобкардаашон хоҳонам. Аз рӯзҳои аввали таъсис ҳафтанома аз зовияи нав ва хосе ба қазияҳои ҷомеъа нигоҳ мекард ва то имрӯз ба он содиқ мондааст. Миллат ва давлати миллӣ - ду меҳвари аслии навиштаҳо ва масъалагузориҳои муаллифони ин ҳафтанома аст. Ин ду масъала хеле нозук ва душвор мебошанд ва ҳар кӣ дар ин бора менависад, ба дӯши худ рисолати сангинеро мегирад. Дар ин мавзуъ гуфтану навиштан як чиз асту дарди миллату мушкилиҳои давлати миллиро дарк кардан, онҳоро дар вуҷуди худ ҳис кардан, бо онҳо зистан чизи дигар. Имрӯз бисёриҳо дар мавзуъи миллат, давлатдории миллӣ ва ватан менависанд, мегӯянд ва андешаронӣ мекунанд. Бале, танҳо мегӯянду менависанд, ин мавзуъ барояшон кори ҳаррӯза, касб, ҳатто тиҷорат гаштааст. То он ҳад зиёд, ҳамарӯза ва такрорӣ гуфтаанд, ки дигар дар гуфтаҳо ва навиштаҳо дард, ҳиссиёт ва самимият эҳсос намешавад. Ва тасаввуроти ғалатеро ҳам дар бораи миллат ва ормонҳои ӯ дар зеҳни ҷомеъа ба вуҷуд овардаанд, то ҳаде, ки як миллатдӯсти воқеъӣ мехоҳад ба онҳо бигӯяд, " агар шумо намояндаи ин миллат ва пуштибони он ҳастед, пас ман аз ин миллат нестам!" Аммо, " Миллат" талош кардааст, ки дар ин ҳама ғавғои "миллатдӯстӣ" мавқеъи ақлонӣ ва мантиқиеро интихоб кунад, то муносиби ном ва рисолаташ бошад. Албатта, гоҳо байни мафҳумҳои миллат ва қавму нажод фарқ гузошта намешавад, ки хушбахтона, ин хоси аксари муаллифони ҳафтанома нест. Замоне буд, ки ҳафтанома бо мавқеъгириҳои ҷасурона, вале, мантиқии худ дар саҳнаи матбуоти тоҷикзабони кишвар таҳаввулоти ҷиддиеро ба вуҷуд овард. Ин равиш аз тарафи дигар ҳафтаномаҳо мавриди истифода қарор гирифт ва ҳатто, пештар рафтанд. Вақти он расидааст, ки ҳафтанома бо истифода аз таҷриба ва зарфиятҳои мавҷуди худ, ки кам расонаи кишвар онро дорад, пешоҳангиро дар масъалагузориҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ бори дигар касб кунад. Мутмаинам, ки имкони он вуҷуд дорад ва ба зудӣ шоҳиди ин ҷаҳиши " Миллат" хоҳем шуд.

GulrukhsorГулрухсор, шоир:

-Аз рӯзи шуруъи фаъолият, ки таҳти вожаи муқаддаси Миллат ин рӯзнома арзи ҳастӣ кард, то имрӯз он сазовори ин ном аст. Агарчӣ бисёр мушкил аст, таҳти ин вожа фаъолият кардан, чун он масъулияти бештар мехоҳад. Ва умедворам, бо ин ки Миллат то 8 солагӣ сазовори ин ном буда ва дар 80-у 800 солагӣ низ сазовори ин ном мемонад. Барои аҳли эҷоди «Миллат» дар иҷрои ин амр, ки  бо сухан сару кор доранд ва он бисёр нозук ҳам ҳаст, ҳамчун як журналисти куҳнакор, ки муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон будам, тавфиқ мехоҳам ва мехоҳам таъкид кунам, ки миллат ба сухани мо бовар мекунад, аз ин рӯ бояд сухани аҳли қалам созанда бошад, на сӯзанда. Шояд аз ин нукта ҳар кас ҳар гуна бардошт кунад, аммо хулосаи ман ҳамчун касе, ки умри худро сарфи қаламу сухан кардааст, ҳамин аст; суханатон бояд созанда бошад, на сӯзанда.

Ба ҳайси як бону боз ҳам аз он ифтихор дорам, ки «Миллат»-ро бонуе сарварӣ мекунад бо исми Адолат. Ва барои миллат будани адолат басо муҳим аст. Мехоҳам Адолат ва Миллат ҳамеша ҳамқофия бошанд. 

Khurshedi AtХуршед Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон:

-Аввалан аз номи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки муассиси ҳафтаномаҳои "Фараж", "Самак", "Ману ту" аст, ҳамқаламони азизро бо ҳаштсолагӣ муборакбод мегӯям! Бигзор чун имрӯз ҳамеша дар ғаму андешаи армони миллат бошанд! Баъдан, бисёр мехостам то "Миллат" сафи муаллифону кормандонашро зиёд кунад то нашрия минбари ду- се нафар набошад ва ҳам кӯшиш намояд то аз баҳри мақолаҳои калонҳаҷм барояд. Ҳамчунин, бандубасти ҳафтанома камбуди зиёд дорад, бигзор камтар саҳифабанд пайи навҷӯӣ шавад ва аз ҳама муҳим, сайти интернетии он фаъолтар шавад.

Боқӣ, табрик бори дигар!

Abdullo AshurovАбдулло Ашӯров, рӯзноманигор:

-Ҳафтаномаи «Миллат» замоне ба нашр шуруъ карда буд, ки банда донишҷӯи риштаи рӯзноманигорӣ шуда будам. Бинобар ин, аз ҳамон сана ман ин нашрияро мутолиъа мекунам. «Миллат» дар дифоъ аз манофеи миллӣ, забон ва худшиносӣ бо мавқеи бисёр қавӣ ва оштинопазир миёни дигар нашрияҳо ҳамеша намудор буд ва ҳаст. Маҳз барои ҳамин гуна мавқеъгириҳои нашрия онро аксар вақт мутолиъа мекунам. Аммо аз он замоне, ки «Миллат» арзи ҳастӣ карда буд, бозори иттилоот дар Тоҷикистон як таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд бигӯем ҳам, хато намекунем. Иттилоъ ба маротиб дастрастар ва воситаҳои иттилоърасонӣ низ зиёд шуд. Аз ин рӯ «Миллат» як миқдор бояд ҳамқадами замон бошаду аз сӯи дигар чизеро нашр кунад, ки дигарҳо нашр накардаанд ва ё ҷуръати чопашро надоранд.

Mirzosho VatanshoМирзошо ВАТАНШОЕВ,  рӯзноманигор:

-Бо арзи табрик ва тавфиқ ба кормандони нашрияи «МИЛЛАТ» ба муносибати ҳашт солагии зодрӯз, мехостам чанд нуктаи мухтасар ва иҷмолиро зикр намоям:

Нашрияи «МИЛЛАТ» яке аз пешгомону пештозони марҳалаи дуввуми «истқлолталаби»-ю мустақилхоҳии матбуоти Тоҷикистон буд. Ин ки нашрия дар роҳи тавлиди худ чи мушкилоту монеаҳоеро пушти сар намудааст, муассис ва сардабири он дар саҳифаҳояш қисса карда буд.

Аммо барои ҳар нашрия муҳим ин аст, ки симои хоси худро, ки онро аз дигар ҳамнавъон фарқ кунонад, дошта бошад ва хонандаи худро биёбад. Ва «МИЛЛАТ» тавонист ба ин муваффақ ва ноил бишавад.

Яке аз бартариву вижагиаш дар он аст, ки нашрияи миёнарав аст, ифротӣ, ҳангомасозу ҳангоматалабу маҳалгаро нест ва мехоҳад мушкилоту воқеияти имрӯзаи ҷомеаро инъикосу бозтоб намояд ...

Лозим мешуд, ростиву воқеъбиниро тарҷиҳ дода, тарафҳои мухталифро интиқод мекард ва ба ин хотир, худ низ мавриди танқиду гилаю сарзаниш қарор мегирифт…

Чанд тарҳи нашрияи «МИЛЛАТ» - ро махсус, бояд хотиррасон намуд, ки дорои аҳамият ва мондагор хоҳанд буд. Инҳо:

1. Ибтикори масъулини нашрияи «МИЛЛАТ» дар таъсиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон - «Афрӯз».

2. Нашри китоби «Мардони таърихсоз».

3. Ёди рӯзноманигорони шаҳид (Умед аст, ки ин силсила мақолаҳо низ ба шакли китоб ба нашр хоҳанд расид).

4. Силсиламақолаҳои доктор Қосимшоҳ Искандаров дар бораи ҳаводиси Афғонистон.

5. Силсиламусоҳибаҳои Раҳматкарими Давлат бо шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон ва хориҷи кишвар.               

Gulnora AmirshoevaГулнора Амиршоева, главный редактор «Вечёрка»:

- 8 лет на газетном рынке Таджикистана - солидная дата. В условиях острой конкуренции, спада активности печатной продукции - работать и иметь свою аудиторию читателей - заслуга всего коллектива газеты. Я желаю вам дальнейшего процветания, профессионального роста, высоких тиражей. Будьте всегда на страже интересов простых людей, ведь до сих пор газетам Таджикистана верят люди и это очень отрадно.

Abubakri FayzaliАбубакри Файзалӣ, сармуҳаррири ОИ «TJinform», Маскав:

-Рӯзномаи «Миллат»- ро аслан номаш хеле зебост, ба маънии тоҷикӣ ва бо дарки тоҷикӣ, агарчанде дар тарҷума бо дигар забон, бахусус русӣ, мазмуни ихтилофӣ дорад. Он чӣ “Миллат» менависад, фаротар аз ҳадди Тоҷикистон аст. Такопӯ, кӯшишҳое, ки мекунад, воқеан талоше дар инъикоси воқеият дар моварои забони форсӣ тоҷикист. Мавзуъоте, ки аз ин рӯзнома дармеёбӣ, агар бисёр набошад ҳам, ба андешаи ман чанд қадаме пештар аз матуботи имрӯзии тоҷик аст. Тамкину таҳлил дар навиштаҳои “Миллат» сахт эҳсос мешавад. Эҳсос мешавад, ки сари сенсатсия нест, ва таҳлилу бардоштҳои касбиёнаро манзури ҳаводори хеш мекунад ва муваффақиятро низ дар ин росто ба даст овардааст. Худи ҳамин далели 8 сол сари дасти мардум будан, гувоҳи он аст, ки ин рӯзнома аллакай рӯзномаи миллист ва дар ин ҷои шак нест. Ба ман асосан рӯоварӣ ба мавзуъоти адабиёту фарҳанг дар ин рӯзнома хеле писанд аст. Хеле вақт ва хеле аз рӯзномаҳои Тоҷикистон сари камбудиву ишколи ҷомеа ва давлат менависанд ва аммо адабиёту фарҳанг, ки муаррифгари асосии миллати тоҷик аст, ба фаромӯшӣ рафтааст. Аммо “Миллат» онро инъикос мекарду мекунад, аз мушкилоташ мегӯяду аз дастовардаш муждагонӣ медиҳад. Ҷойгоҳе, ки “Миллат» тӯли ин 8 сол барои худ сохт, фикр мекунам, умқи дили мардуми зиёии тоҷик аст. Ва Худо кунад, ки ин ҷойгоҳ безавол бошаду то замоне ин миллати тоҷик боқист, «Миллат» - аш низ боқӣ бошад!!!

Sayfulo SafarovСайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Пезиденти ҶТ:

-Илоҳо миллат абадӣ бимонаду ҳафтаномаи "Миллат" ҳар рӯза шавад. Дар рӯзи ҷашн танқидро ба худ муносиб намедонам. Хуб мешуд, ки "Миллат" ба ваҳдати миллӣ бештару хубтар мусоидат мекард ва аз мақолаҳои иғвоангезу дасисанок умуман даст мекашид. Чунки синнусол низ на танҳо одам, балки ҳафтаномаҳоро низ соҳибтаҷриба мекунаду босавод. Пас таманно мекунам, ки хатохоҳои имлоиро камтар бинаму ҳар рӯз интизори "Миллат" бошам.

Mirzoi salimpurМирзои Салимпур, журналист, ш. Прага:

-Нашрияи Миллат соли 2005 дар шароите ба майдон омад, ки матбуоти мустақили тоҷик тоза шоҳиди мавҷи наву кушандаи саркуби озодии баён шуд. Ин мавҷ нахустин машъалҳои озодии баёни баъди истиқлол; - Рӯзи нав: Нируи сухан ва Одаму оламро тоза ба коми худ фурӯ бурда буд ва расонаҳои дигар баъди ин саркуб ҳама ба даҳон об гирифта буданд, ки мабодо сарнавишти ин се расонаро такрор кунанд.

«Миллат» дар ҳамин шароит ба майдон омад ва дубора ба мардуми ташнаи фикру андешаи озод, ки дубора ба гирдоби ноумедӣ фурӯ рафта буданд, умед дод. Умед дод, ки машъали фикри мустақил ва миллӣ дар Тоҷикистон намурдааст.

Фикр мекунам, муҳимтарин рисолати «Миллат» дар ин 8 соли таърихаш ҳифзи ҳамин умед дар дили мардуми соҳибназар ва равшанфикри мо буд.

Ва бо вуҷуди интиқодҳои пайваста аз болову поён ва аз чапу рост «Миллат» дар ин муддат як нашрияи ба худ хос; содиқ ба тафаккур ва андешаи миллӣ ва аз бақия фарқкунанда боқӣ монд ва он артиши бузургу собити хонандаҳои содиқи худро ҳам пайдо кардааст, ки дар ҳамин дарёи фикрии «Миллат» парварда шудаву тарбия гирифтааст. Ман ҳам ифтихор мекунам, ки яке аз ин хонандагони содиқи ҳафтаномаи мустақили «Миллат» ҳастам.

Rano ZoirdukhtРаъно Зоирдухт, шоир

"Миллат" иллатҳои ҷомеъаро фошгӯ аст ва ҳар нафаре ба ин фошгӯйӣ ҷурм ҷӯст, ӯ натавонист фаҳми буданро дошта бошад. Воқеан бояд аз чунин фарзандони миллат сипосгузор буд, ки решҳои ҷону тани ҷомеъаро захми ҷони худ медонанд ва аз сӯзишаш оромӣ надоранд ва воҳ воҳи озорҳояшонро тавассути сухан дар ин минбар баён созанд. Гӯши шунаво боястӣ то доруву дармонаш созанд баъди хонданаш аз саҳифаҳои ин нашрия бохти онро надонам, буданаш бурди миллат, бохтанаш натавонистани табобати захмҳост. Мехоҳам пизишки озорҳои ҷони кишвару миллат бошад.

Isfandiyr OdinaИсфандиёри Одина, хабарнигори Би-би-сӣ:

-Тайи ин ҳашт сол «Миллат» яке аз пешоҳангони матбӯъоти озод дар Тоҷикистон буд ва метавон гуфт, ки сарфи назар аз мушкилот ва мавонеъи мавҷуд дар роҳи озодии баён тавонист рисолати худро ба унвони як минбари рӯшанфикрӣ ва озодандешӣ анҷом бидиҳад. Матолиби ин нашрия бештар ба густариши худогоҳии миллӣ ва миллатсозӣ ихтисос ёфтааст ва умедворам дар оянда низ нашрия дар ҳамин росто гом бардорад. Фикр мекунам барои расидан ба ормонҳои бузурги худ «Миллат» бояд тирожи худ ва шумори кормандонашро афзоиш бидиҳад, то ба дасти шумори бештаре аз афроди миллат дар гӯшаву канори кишвар бирасад ва ҳам бо нируи бештар битавонад бозтоби рӯйдодҳо ва таҳаввулоти Тоҷикистонро густардатар ва фарогиртар созад ва ба ин васила ба як нашрияи саросарӣ ё миллӣ бадал шавад.

Sardori RakhdorСардор Раҳдоров, журналист:

-«Миллат» рӯзномаи зиёист. Муҳтавояш бо номаш мувофиқ аст. Соҳиби ирода ва ҷуръати ориёист!

 

 

KhiroykiХироюки ИМАХАШӢ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Бо дарки он, ки тибқи моддаи 41-уми Конвенсияи (Созишномаи) Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ, дипломатҳо уҳдадоранд қавонини кишвари иқоматро риоя намуда ба корҳои дохилии он мудохила накунанд, ба ҳар ҳол мехостам сухане чанд роҷеъ ба 8-умин солгарди ба нашр расидани рӯзномаи “Миллат” намоям.  

Хеле рамзист, ки соли 2013 санаҳои 150-умин солгарди Эъломияи озодшавӣ аз ғуломдорӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 50-умин солгарди суханронии таърихии муборизи машҳури озодии инсон Мартин Лютер Кинг “Ман орзу дорам”-ро ҷашн мегиранд, ки онҳо дар демократикунонии ИМА таъсири баҳснопазир гузоштаанд. Бешак нақши калидӣ ва нуфузи зиёд дар пиёда сохтани ҷомеъаи мутамаддини шаҳрвандӣ ва ислоҳоти демократӣ мутаалиқ ба васоити ахбори омма ҳаст.  

Барои кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки дар марҳилаи гузариши рушди таърихӣ ҷойгиранд, ин аҳамияти хоса пайдо мекунад. Эъломияи Умумии ҳукуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид озодии матбуотро ҳифз намуда онро аломати муҳими ҷомеаи демократӣ арзёбӣ менамояд. Васоити ахбори омма баҳри ҳифзи ҷомеаи солим афкори мухталифро бояд шунаванд ва озодона инъикос намоянд. Ифодаи ошкори диду назари мухталиф кишварро қавитар сохта қадаме рост дар ин самт мебошад.       

Шунидаам, “Миллат” масоили мубрами ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикро ҷасурона мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳад ва масоили доғи муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ намуда аз ҷавонон барои ба даст овардани дониш ва технологояи навин бо назардошти иззату ҳурмат ба таърих, забон ва фарҳанги бостонии тоҷик, даъват ба амал меорад.

Умедворам, рӯзномаи «Миллат» дар мубориза барои ҳуқуқу озодиҳои инсон пешсаф мегардад ва баҳри амалӣ гаштани орзуи халқи тоҷик кушиш ба харҷ медиҳад. Сафорати Ҷопон дар ҳамшарикӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндаҳои васоити ахбори омма барои бунёди ҷомеаи демократӣ фаъолият менамояд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли кормандони рӯзномаи “Миллат”-ро самимона табрику таҳният гуфта ба онҳо дар таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии мардуми тоҷик комёбиҳои боарзиш орзӯмандам. 

28-ӯми августи соли 2013 Ш. Душанбе

Abdulojon NabievАбдуллоҷон Набиев муаллими фани биологияи мактаби таҳсилоти умумумии рақами 10, ноҳияи Масчоҳ:

 Ман ҳамеша "Миллат"-ро мехонам. Барои ман саҳифаҳои миллат ва азҳоб, миллат ва забони форсӣ, миллат ва таърих хеле шавқангез мебошанд. Ростӣ саҳифаи миллат ва унвон ба ман мақул нест, аммо саҳифаи охир миллат ва адабиётро нодида гирифтан аз рӯи инсоф нест.

 Ман мехоҳам ки ҳафтаномаи "Миллат" иртиботи бештаре ба хонандагон дошта бошавад. Ин ҳам барои  нашрия ва ҳам хонанда чизи хуб аст. Хуб мешуд ки дар масъалаи деҳот бештар менавиштед. Маводи охирини дар мавзӯи репрессияи соли  37 чоп шуда хеле писандам омад. Омузиши воқеаҳои хунини таърих барои ҷавонони мо сабақи хуб аст.   

Saidshoh AkramovСаидшоҳ Акрамов, ҷарроҳ:

-Маводҳои дар масъалаи худшиносии миллӣ чоп кардаи ҳафтаномаи "Миллат" барои ҷавонони мо хеле зарур мебошанд. "Миллат" ягона ҳафтаномаест,ки ба рӯҳи зиндаёд Тоҳир Абдуҷаббор арҷгузорӣ мекунад. Пешниҳоди ҳафтанома дар бораи ба ӯ додани унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" ин худ як ҷасорат аст. Гиромӣ доштани хотири Тоҳири Абдуҷаббор ин худ қадрдонию қадршиносӣ пеш аз ҳама  бар миллат аст, зеро ки ӯ ҳастии худро бемиллат ҳеҷ  медонист.

аз бойгони:

Tohiri Abdujabbor 1Тоҳири Абдуҷаббор, муаллифи Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон:

Ҳафтаномаи "Миллат" дар воқеъ ҳам, яке аз нашрияҳои муътабар ва хондании Тоҷикистон аст. Он мавриди эҳтирому таҳсини хонандагони худ, ба вижа аҳли зиёйии кишвар гардида аст.

Бисёр дӯстону ошноён ва афроди ношинос нашрияи "Миллат"-ро барҳақ таъриф мекунанд ва мегӯянд, ки ин нашрия матолибу мақолаҳои ҷолиб ва пурарзиш ба чоп мерасонад, таҳлили амиқи масоили муҳимми ҷомеаро ба мардум пешкаш менамояд, таваҷҷуҳи хонандагонро ба мушкилоти гуногуни кишвар ҷалб менамояд. Кормандони ин нашрия, дорои маҳорат ва ҷасорати лозим мебошанд. Онҳо падидаҳою рӯйдодҳои кишварро воқеъбинона баён мекунанд ва ҳаводису мушкилоти ҷомеаро дар саҳифаҳои "Миллат" холисона бозтоб менамоянд, аз нашри мақолаҳои интиқодӣ, ки мумкин аст, барои бисёр мансабдорон хушоянд набошад, худдорӣ намекунанд. Чоплусию маддоҳӣ хоси онҳо нест. Нашрияи озоду мустақил бояд ҳамин гунна бошад.

Ман дар иртиботи солгарди таъсиси ин нашрия, ҳамаи кормандони онро табрик менамоям. Мехоҳам, ки ҳамеша саломату муваффақ бошанд. Ва ҳамеша ба масоили иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, ба мушкилоти зиндагии мардум таваҷҷуҳи бештар намоянд.

"Миллат" №35. 28 августи соли 2008

Imomnazari kholnazarИмомназари Холназар, нависанда:

Намехостам ки он чун бисёре аз нашрияҳои ҷумҳурӣ хира-хира сӯзаду аслан гармӣ, яъне нафъе ба мардум надошта бошад. Бигузор, он чун шамъи бузург сӯзад- бо равшании баланд-ҳарчанд н равшанӣ ба баъзе писанд набошад ва эҳтимоли қавии "хомӯш" кардани он зиёд бошад. Бояд шамъвор ва бо равшанӣ ва гармии баланд сӯхт, агар ба муддати кам ҳам бошад.

"Миллат" №1. 1 сентябри соли 2005

 mainГрэм Лотэн, собиқ Сафири Бритониёи Кабир дар Душанбе:

Дӯстони гиромии аҳли "Миллат"!

Сафорати Бритониёи Кабир Шумов а ҳаводорони рӯзномаи шуморо ба муносибати сеюмин солгарди нашри аввалин шумораи рӯзнома табрик мегӯяд.

Ин ҷашн имкон медиҳад, ки бори роҳи дар тӯли ин муддат сипарӣ намудаи рӯзномаро ба хотир овард. Тайи се соли мавҷудияти хеш "Миллат" ҳамчун минбари озод тавонист дар рушди васоити ахбори мустақил ва тарғиби озодии сухан дар Тоҷикистон нақши назаррасеро ба ҷо оварад ва ҳамчун "Миллат"-и дардошнои миллат миёни ҳамагон як мақоми хосае пайдо намояд.

Хоҳони онам, ки дар оянда ҳам рӯзнома аз баррасии мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон дар канор набошад ва расидагириҳои гуногунро баҳри ҳалли ин мушкилот пешниҳод намояд.

Ба аҳли "Миллат" дар амалӣ кардани нақшаву ниятҳояш бурдборию сарбаландиҳо хоҳонам.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97