"Рӯзи қиёмат"

Дидгоҳ 09.01.2013 20:26

Mumin Qanoat 0121Бори ноҳинҷор дорад ин замин,

Бо бадон пайкор дорад ин замин.

Гирд мегардад ба гирди тири хеш,

Дар тавозун ҳолати ҷамъи пареш.

Холиқи ӯ кист ӯро ёд нест,

Зери фармонаш ба ғайр аз бод нест.

Меҳряшту Земяшту Сеҳряшт,

Буд як соли худо дасти ба даст.

Душмани Ҳақ дастаи ҷодугарон,

Баҳри гумроҳии кӯрону карон.

Як шаҳобе дар само афрӯхтанд,

Тӯшаҳои охират андӯхтанд.

Дар бақои умр дар зери замин,

Боз бигрифтанд бо Яздон камин…

Як садое бозомад аз сипеҳр,

Гашт ин рӯзи қиёмат рӯзи меҳр.

Рӯзи нур асту ҳама равзан шавед,

Аз даруну аз бурун равшан шавед!

                               Муъмин Қаноат

                                          23.12.2012

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97