Панд барои мансабдорон

Дидгоҳ 22.11.2012 14:52

Jamshedi quvvatНазарам ба навиштае дар сафҳаи Фейсбук афтод, зери унвони "Аввал дарвеш, баъд хеш", ки дар воқеъ ҳам навиштаест барои андешидани на танҳо хонандаи оддӣ, балки бештар барои андешидан ва ибрат гирифтани соҳибҷоҳу соҳибмансабон.

"Ҳокими аёлати Ню Йорк Эндрю Гиёмо сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи  ҳукумати ин аёлат Стивен Куарро аз кор пеш кард. Сабаб ин буд, ки Куар дар айни авҷи рафъи пайомадҳои тӯфони "Сендӣ" зердастонашро ба манзили худ фиристодааст, то дарахти фурӯафтодаеро аз назди хонааш бардоранд. Ҳоким гуфт, вақте ки ин хабарро шунид, ҳамон сония фармони барканории Куарро имзо кард. Шояд Куар фикр кард, тоза кардани назди хонаи ӯ низ бахше аз талошҳои рафъи вайронкориҳои тӯфон аст, вале раиси ҳукумат бар ин буд, ки хидматгузорони халқ аввал бояд хонаи халқро тозаву дуруст кунанд ва баъд ба фикри худу аҳли хонадони хед шаванд".

Хубтар мебуд агар чунин навиштаҳоро дар сархати хабарии расонаҳои расмии кишвар ва сайтҳои эшон мегузоштанд, то раисон ва мансабдорони тоҷик, аз хондани амсоли ин ахбор, каме, шояд сонияе ба андеша фурӯ мерафтанд. Ба иллати сар задани кучактарин хатое дар Амрико ва дигар мамолики пешрафта мансабдоронро аз вазифааш барканор хоҳанд кард, вале дар кишварҳои қафомонда ин раванд чи гуна сурат мегирад, шояд ба ҳама маълум аст. Ин ки мансабдори тоҷик барои анҷом додани корҳои шахсии худ аз зердастонашон истифода мекунанд, як чизи маъмулӣ аст ва ҳанӯз гуноҳ, ё хатое маҳсуб намешавад. Барои ин ҳич касеро аз мансаб маҳрум нахоҳанд кард. Ҳатто дар замони шӯравӣ низ ин бархӯрди ноҷо зиёд ҷой дошт. Хусусан дар макотиби миёна аз нируи толибилмон, муаллимони муҳтарам барои анҷом додани корҳои шахсии худ суъистифода мекарданд. Алъон аз нируи кори ҷисмӣ камтару аз воситаҳои пулии толибилмон суъистифода мекунанд.

Аз ин ҷост ва дар ин ҷост, ки ҳатто раисаки ноҳияе худро ҳокими мутлақ пиндошта ва гӯё, ки ин ноҳия аз падараш ба ӯ мерос монда бошад, на танҳо аз нируи зердастон, балки он таҷҳизоту техникаеро, ки барои анҷом додани корҳои мардум ихтисос шудаанд, рӯзҳою ҳафтаҳо дар корҳои шахсии худ истифода мекунанд. Барои ин аъмолашон на танҳо аз вазифа сабукдӯш намешаванд, балки баъди панҷ сол боз ба раҳбарии дигар ноҳия мегузаранд. Ба ботлоқи фасоду ришвахорӣ ғӯтавар шудани ниҳоду вазоратҳо аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Чун кам иттифоқ меуфтад, ки мансабдорон барои аъмоли ғайримардумиашон ҳадди ақалл аз вазифа маҳрум шаванд. Чун мебинанд, ки ба ҷазое гирифтор намешаванд, такроран ба ин аъмоли ғайриқонунӣ даст мезананд. Табиъати ҳама гуна одамон, ҳатто дар мамолики мутараққӣ низ ба фасоду ришваю муфтхӯрӣ моил аст. Худ шоҳиди ситондани пул аз тарафи милисаҳои рус аз муҳоҷирони корӣ ҳастам. Кӣ мегӯяд, ки русҳо ришва намегиранд? Ё худ киро пули муфт хуш нест? Вале он ҷо, яъне Русия, милисаи рус ҳаргиз аз ҳаммиллати худ ришва намеситонад. Чаро? На аз он ки ӯ ростқавл аст, балки аз қонунҳои он ҷо метарсад. Аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ва билохира аз нишастан дар паси панҷара. Хуб, агар ӯ поквиҷдон бошад, пас чаро аз муҳоҷири бечораи тоҷик, ки бо ҳазор машаққат фулусе ба даст овардааст, то охирин танга меситонад? Оё ҳамин муллоҳо ҳам пули муфт намегиранд? Касе мегӯяд, ки намегирад, сад дар сад дурӯғ мегӯяд. Ҳамин тарс аз худо низ дурӯғ аст. Агар чунин набошад, пас чаро мударрисини донишгоҳҳои исломӣ ҳатто барои дохилшавӣ ба донишгоҳ аз довталабон ришва меситонанд? Маҳз тарс аз қонун аст, ки дар он мамолик мансабдорону коргарони қудратӣ метарсанд ва даст ба аъмоли ноҷо ва ғайримардумӣ намезананд. Вале дар мо хуб медонад, ки ба фасодкорию ришвахорӣ паси панҷара он тараф истад, ҳатто аз аспи мансаб пойин намешаванд, пас бе тарсу ҳарос даст ба ришвахорию қонуншиканӣ мезананд. Ва чунон худро дар руҳияи хоҷа будан болои мардум тасаввур мекунанд, ки бо камтарин ифшо намудани камбудиҳояшон, наздик аст, ки ба сактаи дил гирифтор шаванд ва аз шахси мунаққид душмантарошӣ хоҳанд намуд назди давлату ҳукумат.

Андешаи худ хоҷаю мардум ғулом будан хатоест маҳз ва набояд фаромӯш сохт, ки амалдорон ҳич бартарие аз дигарон надоранд ва барои он болои мардум таъин шудаанд, ки хостаҳои эшонро бароварда созанд, на барои кори дигаре.

Вақт аст, ки дигар чунин мансабдорон барои якборагӣ сабукдӯш шаванд. Хуб хидмат намуданд барои мардум, вале афсӯс, ки хидмати "хирсона".

Дар фаровард ҳикоятеро аз "Гулистон" - и Шайх Саъдӣ пешкаш мекунем, то бошад, ки боиси ибрати ҷаҳондорон гардад: "Овардаанд, ки Нӯширвони Одилро дар шикоргоҳе сайд кабоб карданд ва намак набуд, ғуломе ба русто рафт то намак орад. Нӯширвон гуфт, намак ба қиммат бистон, то расме нашавад ва деҳ хароб нагардад. Гуфтанд; аз ин қадар чӣ халал ояд. Гуфт; - бунёди зулм дар ҷаҳон аввал андаке будааст, ҳар кӣ омад бар - ӯ мазиде карда, то бад - ин ғоят расида.

Агар зи боғи раъият малик хӯрад себе,

Бароваранд ғуломони ӯ дарахт аз бех.

Ба панҷ байза, ки султон ситам раво дорад,

Зананд лашкариёнаш ҳазор мурғ бар сих.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97