Шаҳиди ишқ

Дидгоҳ 09.09.2012 12:11

   Ahmadshoh_Massud01Имрӯз 9 -уми сентябри соли 2012 мелодӣ, аз шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи ҷиҳоди мардуми Афғонистон алайҳи Шуравӣ ва муқовимати алайҳи Толибон ва таҷовузи Покистон ва сарбаландарин тоҷики 1000 соли охир 11 сол сипарӣ шуд. Ӯ дар 9 сентябри соли 2001 ба дасти ду араби террорист ба шаҳодат расид. Ҳамасола дар ин рӯз ҳамватанони Масъуд ва мардуми вораставу озодаи олам аз Аҳмадшоҳи Масъуд ба унвони сумбули озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ ёд мекунанд. Бо гузашти ин ҳама сол, ҳамоно танҳо марди вораста ва озодае, ки мояи илҳом ва нози шоирон буда, ҳамчунон Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Ёди азизи ӯ гиромӣ бод.

 

Эҳдо ба рӯҳи шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд

Ҳаққо шабеҳи ҳодисаи Карбало шудӣ,

Охир шаҳиди фитнаи хасми Худо шудӣ.


Аз ҷо шудӣ баланд, аё марди сарбаланд,

Бо ҷумла ғосибони Ватан дар ғазо шудӣ.

 

Бо дасти ту шикаст тилисми сипоҳи сурх

Мушкилкушои сеҳру тилисми бало шудӣ.

 

Бар поси обу хоки Ватан хестӣ ба по,

Бар марги ҳар шаҳид чӣ обу адо шудӣ.

 

Оянд ошиқони шаҳодат зи пушти ту

Бар ҳар шаҳиди ишқу вафо раҳнамо шудӣ.

 

Мастона сар ниҳодӣ ба пои Ватан чӣ хуш,

Мардона, ошиқона бурун з-ин саро шудӣ.

 

Чун ту набуд марди фидоӣ азизи ҷон,

Ҷоно, фидот ҷони азизам, фидо шудӣ.

 

Абдуқаҳҳори Мусо,шаҳри Кулоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97