МАРСИЯИ САБЗ

Дидгоҳ 11.08.2012 18:09

PB060332Салом хоҳари азиз!

Салом, Адолат!

Салом духтари нач,ибаи миллат!

Ман шуморо х,амеша мисоли наҷобату муҳаббату шарофати духтари тоҷик мешиносам. Ва на танҳо ман. Дӯсту душман борҳо шоҳиди наҷобати бедареғ, адолати бе таваққуъ ва ҷасорати бе тааммули шумо гардидаем.

Аммо навиштаи ахири Шумо…

Ин икдоми Шумо берун аз маҳдудаи ҳар таърифу тавсиф аст. Албатта, медонам, ки Шумо ин матлабро барои шунидани таърифу тавсиф нанавиштаед. Медонам, ки ҳатто шунидани "боракаллоҳ" аз мо - мардон дар ин лаҳзаҳо бисёр сахту сангин аст бароятон. Аммо боз ҳам иҷоза дих,ед, ки ба унвони як бародаратон ва як марди мунфаили точ,ик  бори дигар ба Шумо арзи иродат кунам.

...

Дигар ин ки ман ин ҳимматро аз шумо интизор дорам, ки ин қитъа шеърро дар наздиктарин фурсати мумкин аз тариқи ҳафтанома ва саҳифаи интернетиатон мунташир намоед. Х,амчунин изҳор медорам - аз сари ихлос ва дилбастагие, ки ба "Миллат" дорам, ман х,амеша дар ҳадди тавони худ омодаи ҳама гуна х,амкорӣ бо нашрияи шумо ҳастам.

 

Бо арзи эх,тироми зиёд – Сиёвуш, Бишкек.

                 МАРСИЯИ САБЗ

(дар шаҳодати Сабзалӣ Мамадризоев)

Ту, эй нишонаи деринаҳои Миҳани ман!

Ту, эй баҳонаи охир барои будани ман!

Ба дур бод нафасҳои сарду шуми хазон

Зи хоки поки ту Наврӯзгоҳу гулшани ман!

Ту нури поку сапедӣ, ки Эзадаш афрухт,

Дар ин тарокуми зулмат умеди рушани ман!

Тамоми умр ба ёди ту ман панаҳ бурдам,

Дар ин таҳоҷуми зиллат наҷоту ҷавшани ман!

Агар мабоди ба дунё, мабод ин тани ман!*

Узум ту живч,* Бадахшон!

Узум ту живч, Ватан!

 

Бубин, рафиқ! Чи сон интизор мешиканад.

Ғурури қомати ин кӯҳсор мешиканад.

Биё ба базми хазонрези ин диёру бубин,

Чи гуна дар чамани ман баҳор мешиканад.

Хазони сурхи сияҳмастро бубин, ки чи сон

Ба хуни сабзи гулистон хумор мешиканад.

Чи гуна шаб ба сари шаҳр мекашад доман

Ва рӯзу рӯзаву худ рӯзгор мешиканад.

Ба фитна халқ чи сон пора мешавад аз ҳам

Ба зери теғи табар ин табор мешиканад.

Ба рағми ин ҳама сӯзу кушу ситону шикан,

Бимон ҳамеша, Бадахшон,

Бимон ҳамеша Ватан!

 

Аз ин ҷах,они пур аз шӯру шайтанат фарёд,

Ки боз бар сари ту фитна мекунад эҷод.

Ҷаҳону кори ҷаҳону низоми дори ҷаҳон

Надонам, оҳ ки бунёдаш аз ситам биниҳод?!

Ҳанӯз сер нагашта зи хуни мардуми ман,

Ҳанӯз хун талабад ин низоми хунбунёд!

Диёри ман зи Худо интизори меҳмон дошт,

На интизори камондору қотилу ҷаллод.

Ба модарат қасамат медиҳам, бародари ман –

Мабод боз Таҳамтан фитад ба чоҳи Шагод!*

Мабод боз Ватанро ба хоку хун бикашем,

Гарон расида чунин ганҷро диҳем ба бод.

Зи кӯдакон биситонем умеди фардоро,

Паёмҳои ниёконамон барем зи ёд.

Худо паноҳ диҳад! Ин ҳама "мабод" – мабод!

Агар мабоди ба дунё, мабод ин тани ман,

Бизӣ ануша,* Бадахшон!

Бизӣ ануша, Ватан!

 

Ба нуру нор, ба хуршеду моҳтоб қасам,

Ба осмону ситора, бо хоку об қасам,

Ба он Худо, ки чу аз бандагон саволу суол

Ба даргаҳаш бирасад, медиҳад ҷавоб, қасам,

Ба ашку оҳи ҷигарсӯзи модару хоҳар

Ба фикру зикри ғамангези шайху шоб қасам,

Ба рӯзадории лабҳои ташнаи мардум

Ки ҳар дуо, ки кунад, ҳаст мустаҷоб, қасам,

Умеди раҳм набояд зи ину он ҷониб,

Ба ҷуз Худо, ки ба он олӣ, он ҷаноб қасам

"Ба ҷои таъна агар теғ мезанад душман"*

Узум ту живч, Бадахшон!

Узум ту живч, Ватан!

 

Ба иқтидо, ба таваккул, ба иҷтиҳод қасам,

Ба хотира, ба танаффус, ба ҷон, ба ёд қасам.

Ба чӯби дори Масеҳо ки нардбон шуду ӯ,

Ба суйи Дӯст ба афлок по ниҳод, қасам,

Ба оташе, ки гулистони роз гашту Халил

Чу сарви сабз дар он боғ истод, қасам.

Ба сангҳои шикаста сари ҷаноби Расул,

Ки қатра-қатраи хунаш шукуфа дод, қасам.

Ба теғи Мулҷаму хуни Алии Шери Худо,

Ки роҳу расми Шаҳодат бино ниҳод қасам –

Ҳанӯз расми хиёнат нагашта аст куҳан

Чи сон бурун барамат ман аз ин қазо, Меҳан?!

Худо паноҳ, Бадахшон!

Худо паноҳ, Ватан!

 

                              ***

 

Чи ҷабрҳо, ки ту Меҳан, кашиди аз ману мо

Садоқати писарона чи дидӣ аз ману мо?!

Чи модарона нигаҳ басти аз хиёнату ғадр

Ба рағми он чи ки буд, кай буридӣ аз ману мо.

Веродаро!* Зи варои дари бубастаи меҳр

Бугӯ-нагӯи зиёде шунидӣ аз ману мо.

Ба доми бофта аз риштаи гусастаи меҳр

Тапидӣ, таҳлака дидӣ, буридӣ аз ману мо.

Чунон зи селаи гургони масти ташнаи хун

Ба мисли оҳуи кӯҳи рамидӣ аз ману мо.

Туро ба хиҷлати қотил ҳамедиҳем қасам

Ва бар шаҳомати он Карбалои карбу бало

Ба хуни поки туву обрӯйи мо… Зинҳор!

Кунун, ки меравӣ аз пеши мо ба пеши Худо,

Ба Ӯ нагӯйӣ аз он чи дар ин Ватан дидӣ,

Ба Ӯ нагӯйӣ аз он чи, ки дидӣ аз ману мо…

Ба мо бубахш, Бадахшон,

Ба мо бубахш, Ватан!

Маро бубахш…Ватан…

_____________________________________

*Маънии орият аз Ҳаким Фирдавсӣ:

 

Чу Эрон набошад – тани ман мабод!

Ки зинда дар ин хок як тан мабод!

 

* Узум ту живч (шугнони) – дӯстат дорам

 

* Шагод ё Шугод – бародари нотании Рустам, ки

чоҳе канд ва ба фитна бродаронаш Рустам ва **** ро

ба он чоҳ дарафканд.

 

* Ануша биди (авастойи) – шод бизӣ

 

*Мисраи орият аз Хоҷа Ҳофиз:

 

Ба ҷои таъна агар теғ мезанад душман,

Зи дӯст даст надорем, ҳар чи бодо бод!

 

*Верод, веродар (шугнони) – бародар, додар

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97