Фазои холӣ аз чархбол

Дидгоҳ 10.02.2012 14:33

CharkhbolllМаросими видоъ бо халабонҳои шаҳид полковник Вадим Грудино, майор Бахтиёр Ҷӯраев ва лейтенант Азизулло Мансуров ва лейтенант Хушнуд Амирбеков дар Донишкадаи ҳарбии вазорати дифои Тоҷикистон баргузор шуд.

Расонаҳо ба маросими видоъ даъват нашуда буданд. Аз ин рӯ мумкин аст, танҳо бо чопи хабаре хотираи ин шаҳидон дар матбуот гиромӣ дошта шаваду бас. Аммо мо ҳақи инро дорем бипурсем, ки инҳо оё воқеан қаҳрамон буданд ва дар сари иҷрои вазифа фавтиданд?! Агар чунин аст, пас чаро ба хотирашон азо намегирем? Чаро ба ҷанозаашон хабар намешавем? Инҳо қабл аз ҳама инсон буданд, ки кушта шуданд ва ё фавтиданд. Фарзанди ин сарзамин буданд, ва ҳатман, ки дар Афғонистон хар гум накарда буданд, хидмати касеро мекарданд. Не?! Аммо хидмати чӣ касеро? Оё ба амри Ватан ҳидоят шуда буданд? То бираванд дасти кумак ба ҳамсоя дароз бикунанду кушта бишаванд. Ё дар пайи дарёфти қути лоямуте.

Дур наравед саре ба интернет бизанед, чи қадар мардум ҳамин ҳоло барои як овозхоне, ки дар Амрико фавтидаву муътод аст, ашк мерезанд, мотам мегиранд, шамъ дар мегиронанд… Аммо чаро мо қаҳрамононамонро оромона ҷаноза мекунем. Дигар барои ҷанозаи мусалмонӣ қарор нест пинҳони анҷомаш бидиҳем. Мо чи қадар дилсанг ҳастем. Не.

Пас чаро аз ин қаҳрамонҳо дар садову симои давлатӣ ёд намекунем?!

Ҷӯҷаи гунҷишк не, фарзанди инсон, фарзанди ин сарзамин кушта шудааст ва на яке, чаҳор ҷавонмарди баркамол бо рутбаҳои баланди ҳарбӣ.

Соли гузашта низ бар асари як сониҳаи ҳавоӣ дар гарданаи Соланги Афғонистон, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои ширкати ҳавопаймоии "Помир" кор мекарданд, ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон ин болгарди навъи МИ-8, ки "11-уми феврал дар минтақаи Зобули Афғонистон суқут кард, ба қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии (нерӯҳои ҳавоии) Тоҷикистон таъаллуқ дошт."

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ин чархбол дар анҷоми амалиёти ғайринизомӣ ва расонидани кумакҳои башарӣ ба нуқоти дурафтодаи Афғонистон ширкат мекард. Ва ҳарчанд ҳайати хадамаи ин чархбол низ афсарони нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буданд, маъмурияти низомӣ надоштанд ва фақат барои барномаҳои ғайринизомӣ ва бозсозии Афғонистон парвоз анҷом медоданд. Аммо бино бар хабарҳо, чархболҳо фармоиши ширкати "Supreme Food"-ро иҷро мекарданд, ки вазифаи асосии он таъмини нерӯҳои НАТО бо маводи ғизоист. Аз ин лиҳоз, оё ҳавопаймоҳои давлатии Тоҷикистон чӣ гуна бо иҷрои вазифаи тиҷоратӣ машғул буданд, суолбарангез боқӣ мемонад.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки мардум дар соли гузашта бар асари сел дар Кӯлоб фавтиданд, чархбол набуд, ки бар кумакашон бирасад, шояд он вақт ҳам чархбол дар Афғонистон ба мардуми азияткашидаи ин сарзамин хидмат мекард? Як куҳнаварди украинӣ дар доманакуҳҳои Тоҷикистон вафот кард, ду ҳафа мурдааш бесоҳиб монд, чархболҳо дар фазои Афғонистон, аммо мо пеши дивизияи 201 дасти узр дароз мекунем, ки мурдаҳои моро бикашед. Ин чӣ гуна сиёсат аст?!

Се чархболи мо дар Афғонистон, аммо мардум дар банди тарма дар ағбаҳои Тоҷикистон ҷон мекананд, сарбозони марзбон дар муҳосираи тарма дар Шӯробод бо марг дасту панҷа нарм мекунанд.

Ҷойи андеша кардан дорад. Не?!

Ин ҷост, ки ба худ ҳақ медиҳем, то аз масъулон бипурсем, ки чархболи суқуткардаи Тоҷикистон хидмати киро мекард?

Ҷасади халабонҳои чаҳор тоҷик ҳам аз Афғонистон оварда шуд, се нафарашон зодаи Бадахшони дурафтода буд. Тоҷикистон чархболе надошт, ки ин ҷасадҳоро ба Бадахшон бифиристад, ҷасадҳои яхзада акнун баъди яку ним рӯз ба хонаи охирати худ хоҳанд расид, агар дар дар роҳҳои яхзадаву барфпӯш дубора дучори балое нашаванд, ана давлатдорӣ, ҷанобон.

Фирдавси Рустам

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97