Қаҳрамони сол

Дидгоҳ 02.01.2012 09:46

azizov_shari_DushanbeҲар сол чун анъана дар ҷамъбасти соли милодӣ чеҳраҳои барҷастаи миллат дар бахшҳои мухталифи ҷомеа муаррифӣ мешаванд. Ҳарчанд сафҳаҳои як соли пушти сари ин миллати ранҷдидаро варақ мезанам, чеҳрае дар рӯйи он табассум намекунад. Ҳамаи чеҳраҳо гирифта, сарафканда, бечораву ғариб. Як-як чеҳраҳои муваффақи соҳаи варзиш ва толибилмони пирӯзшуда дар фанҳои омӯзишӣ нимнигоҳе аз пушти ин варақҳои зарду залул рӯнамоӣ мекунанд, аммо инҳо ҳам ғамзада менамоянд ва ё ин пардаи торикӣ намои инҳоро ҳам ниҳон медорад ва лабхандашонро мисли заҳрханда ба намоиш мегузорад.

Боз ҳам дирафши баландқоматро рӯйи ин сафҳаҳо монтаж мекунем, то чеҳраҳои сарбаланду комгорро пайдо кунем. Аммо боз ҳам дарозии ин байрақ, ки фосилаи зиёде аз мардум дорад, имкон намедиҳад, ки фарзандони сарбуланди ин сарзаминро фарқ кунем. Ва ё ин сарҳои буланд дар таҳхонаҳои Русия паноҳ бурдаанд ва ё аробаи вазнини иқтисоди ин кишвар шонаҳои онҳоро хам карда, ки ҳарчанд гардан меёзем наменамоянд.

Аммо танҳо аспи чӯбини Салоҳиддин Азизов, ки нақше нангин дар ин сафҳаи зиндагӣ ё таърихи кишвардории мо гузоштааст, менамояд, дигар ба масобаи он на саре дида мешавад, на сарваре ва на байрақе бардошта то сақфи фалак.

Қаҳрамонони тарошидаи ҳамкоронро дар соле, ки гузашт мурур мекунам, чеҳраҳое бо либосҳои фахир, утушуда, аммо заъфаронӣ.

Сиёсатмадороне бо зоҳир шику замонавӣ, мудофеъони грантхӯре бо лабханди сохта, олимоне бо гарданбанди куҳнаи меросмонда аз шӯравӣ, сафирони бекору кадукор, нависандагоне беҳуданавис, додгустароне бедодгар, журналистони ёванавис, матбуоте зарду олуда… ва миллате парафканда ва тоҷике сарбурида.

Ба сафҳаҳои таърихи пешин саре мезанам ва ба ёди каламанораи сохтаи Темури ланг меафтам, ки аз сари буридаи аждодони мо сохта буд.

Пас суоле ки халқ мешавад, ин аст, ки чаро моро таърих сабақе нашудааст. Имрӯз ҳам тоҷикро сар мебуранд. Насиҳати модарбузургам ёдам меояд: "Бачам, берун, ки рафтӣ, бо ҷанг накунӣ. Сари хамро шамшер намебурад…" Не, не!!! Сари хамро шамшер осонтар мебурад.

Ва рӯйи қаҳрамонони сохтаи ҳамкорон хат мекашам, яке не, ду хат. Ин миллат имсол қаҳрамон надошт ва то он даме, ки тоҷикро сар мебурранд, мисли гунҷишк, ва моро насиҳат мекунанд, ки сари хамро шамшер намебурад, ин миллат сарафканда, сарбурида хоҳад буд. Ҳеч қаҳрамоне ҳам нахоҳад дошт, на имсол ва на солҳои баъдӣ. НЕ!?

Сардабир

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97