Иншо дар мавзӯи фишор

Дидгоҳ 24.11.2011 15:19

Oleg_i_Ramadanovskiy«…Гург айёрона тамсхур карда гуфт:

- Ман имрӯз ин обро нӯшида наметавонам. Ту Барраи ҳаромӣ, обро пурра лойолуд кардӣ, дар таркиби об заҳр аст. Ман туро бояд бихӯрам!

- Ҷаноби Гург, ту дар болооб қарор дорӣ, чи хел ман обро заҳролуд мекунам, - бо тарс ҷавоб дод Барра…»  

Ин порчае аз иншои хонандаи наврас аст, ки аз рӯи масали Александр Крылов «Гург ва Барра» навишта шудааст.

Аммо амали Гургу Барра бархурди Сартабиби рифоҳии Русия Генадий Онишенко ва Сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Рамадоновскийро ба ёд меорад.

Анқариб Сарвари Хадамоти муҳоҷирати Русия боз як фишори иловагиро нисбати муҳоҷирон эҷод кард. Акнун ҳар як муҳоҷир барои дарёфти иҷозаи кор дар Русия имтиҳони забони русӣ месупорад, ки қимати он ду ҳазору панҷсад рубли русӣ аст. Тибқи шарҳи ширкати телевизиони «Дожд» ва радиои «Бизнес FM» агар муҳоҷир дар навбати аввал комёб нашавад, ӯ такроран боз маблағ супорида, асноди имтиҳонро ба даст меорад.

Маърифати забондонии муҳоҷирон аз ҷониби Борис Грызлов -Сарвари Думаи давлатӣ пешниҳод шуда буд. Албатта барои кор дар хориҷи кишвар донистани забон шарти асосӣ аст. Вале барои муҳоҷири деворгар, коргари қаторӣ бо чунин маблағ омӯхтани сарфу наҳви забони русӣ мушкил ва ҳам хеле гарон аст. Ва боз як шарти тамоман аблаҳона пешниҳод гардидааст.

Коршинос ва журналисти муқими Русия Искандар Додалиев ин иқдомро фишори навбатӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки агар айни ҳол аз шаҳрвандони худи Русия аз забони русӣ имтиҳон гиранд, 80 фисади русҳо баҳои ду хоҳанд гирифт.

Барои донистани дараҷаи маълумотнокӣ фақат аснодҳои маълумоти таҳсилотии то соли 1991 эътибор доранд. Муҳоҷири меҳнатии соли таваллуди 1992 бояд сертификат ва асноди меъёри Русия дошта бошад. Яъне муҳоҷир барои супурдани имтиҳон ва дарёфти чунин аснод, ки ҳатман пулакӣ ҳаст, зиммабардор мешавад. Албатта Борис Грызлов дар пойини суҳбати худ шарҳ дод, ки имтиҳони забонро муҳоҷироне месупоранд, ки дар соҳаи савдо, тиҷорат ва комуникатсия кор мекунанд. Вале сиёсатмадори воломақом фаромуш кард, ки соли 2010 Ҳукумати Русия дар соҳаи савдо ва тиҷорат кор кардани атбоъи ғайри Русияро манъ карда буд. Давои фаромушхотирӣ чӣ бошад?!

Наҷмиддин

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97