Номаи Шайх Саъдӣ ба Панги Мун

Дидгоҳ 30.08.2011 16:13

Mung va SaadiАдабиёт паноҳгоҳи зеҳни хаста ва рӯҳи барошуфтаи башар аст. Рӯҳи одамиён дар корзори рӯзгори сахтгир парешон мешавад ва соҳибдилон барои тақвияти дубораи рӯҳу равони хеш ба сояи адабиёт паноҳ мебаранд, то бо мутолиаи осори адабӣ рӯҳи худро парвариш диҳанд ва барои идомаи зиндагӣ маънои тоза дарёбанд. Рисолати адабиёт ва аҳли адаб низ ҳамин аст, ки битавонанд барои ҷомеаи хеш паёмовари хубиҳо бошанд ва аз ин тариқ мардумро ба зиндагӣ дилгарм намоянд. Аз ин рӯ, аз ҳамон оғоз то кунун адабиёт нақши иҷтимоӣ дошта ва дорад. Адабиёт мисли як сикка ду рӯ дорад; яке ба осмон ва яке ба замин. Яъне адабиёт нуктае аст, ки замину осмонро ба ҳам пайванд мезанад. Намоди ду буъдии инсон аст. Умр ё мондагории осори адабӣ ба мизони посухгӯии онҳо ба ниёзҳои иҷтимоӣ ва рӯҳиву маънавии башар бастагӣ дорад.

САЪДӢ ШОИРИ ИМРӮЗ АСТ

Вақте ки ҷомеаи башарӣ дар соли 2007 800- солагии Ҳазрати Мавлоноро таҷлил кард ин бадон маъност, ки осор ва афкори он орифи вораста ҳанӯз посухгӯи дардҳо ва масоилу мушкилоти ҷомеаи имрӯзи башарӣ аст. Ҳамчунон, бо нигоҳе ба осори гаронбаҳои дигар шоирони классики форсу тоҷик метавонем таъсири афкор ва андешаҳои онҳоро дар замони муосир дарк кунем. Мусалламан адабиёти гузаштаи мо холӣ аз андешаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии замони хеш нест. Ҳарчанд ки равиши пардохтан ба ин масоил дар муқоиса бо адабиёти муосир фарқ мекунад, аммо дар мероси адабии гузаштагон ба мазмунҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёде шудааст. Барои мисол дар ин мақола дидгоҳи сиёсӣ- иҷтимоии Саъдӣ- он шоири хирадманд ва ширингуфтор мавриди баррасӣ қарор мегирад. Бо мутолиаи осори Саъдӣ рӯшан мешавад, ки вай дар ду асари мондагори хеш; "Гулистон" ва "Бӯстон" назариёти сиёсӣ ва иҷтимоии хешро матраҳ мекунад. Саъдӣ дар ин осор худро ба унвони як муслеҳи иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад ва дар ин мақоми воло лаёқату шоистагии худро ба хубӣ ба намойиш гузоштааст.

Дар осори Саъдӣ ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ аз диди тарбиятӣ инъикос меёбад. Ӯ дар мақоми як муаллими ахлоқ тамоми умурро ба мухотаби хеш омӯзиш медиҳад. Шоир дар ин бора дар оғози "Бӯстон" мегӯяд:

Чу ин кохи давлат бипардохтам,

Бар ӯ даҳ дари тарбият сохтам.

ОЗОРИ МУҲОҶИРОН БОЙИСИ ХАРОБИИ КИШВАР АСТ

Ҳарчанд ки истилоҳоти сиёсӣ бо таваҷҷӯҳ ба фарқияти сохтори низоми сиёсии ҳоким дар даврони Саъдӣ бо низомҳои сиёсии муосир тафовут дорад, аммо аз назари мӯҳтаво андешаҳои Саъдӣ барои истифода дар системаҳои сиёсии ҷадид низ қобили истифода аст. Чунонки ҳамагон медонанд байти машҳури Шайх Саъдӣ " Бани одам аъзои як пайкаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд" равоқи Созмони миллали муттаҳидро зиннат додааст. Ҳамчунин бо мутолиаи осори ин пири хирад метавон абёти муносиб барои дигар зермаҷмуаҳо ва комисиюнҳои Созмони миллал ба даст овард. Барои мисол, дар "Бӯстон" абёти бисёр муносиб дар мавзӯи истирдоди муҳоҷирон ва риояти ҳуқуқи паноҳандагон вуҷуд дорад, ки метавонад зеби сардари Комисиюни умури паноҳандагони Созмони миллали муттаҳид бошад. Он абёт чунин аст:

Ғарибе, ки пурфитна бошад сараш,

Маёзору берун кун кишвараш.

Бузургон мусофир ба ҷон парваранд,

Ки номи накӯӣ ба олам баранд.

Табаҳ гардад он мамлакат анқариб,

К-аз ӯ хотирозурда ояд ғариб.

Яъне Саъдӣ мегӯяд, ки ғарибону муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки ҳатто хилофкор бошанд, набояд мавриди озору азият дар дигар кишварҳо қарор бигиранд, балки дар сурати мушоҳидаи хилоф ба кишварҳои худ бозгардонда шаванд.

(Идома дорад)

Беҳрӯзи Забеҳулло

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97