Аз ғами дунё бехобӣ мекашем

Дидгоҳ 26.01.2011 19:03

(идомаи андешаҳои Абдуфаттоҳ Шафиев)

Bekhob.jpg012Абдуфаттоҳ, бародари гиромӣ, шуморо хоб омад, дар соати 03.45, вале ман ҳанӯз бедорам. Ба шумо ба ҳар ҳол хоби хуш, хобҳое, ки шуморо лоақал рӯзона роҳатбахш бошад.

Баъдан андеша кардам, ки он «смс»-ҳои шумо, ки матнаш «Эй мардуми хоболуд, чӣ донед лаззати хомӯшии шаби осмони пурситораро», ба ман ҳам меомад, ман аз оҳанги нотакрору хомӯшиҳои пурасрори як шаби зебо бароятон қиссаҳо мекардам. Баъдан аз беадолатии он чароғи равшанибахш, ки барои дузду ғоратгар, фоҳишаву кӯчагард, қаллоб, инчунин ба модари шабзиндадору ҷавони дилдодаву ошиқ, эҷодгару мусаввири дилогоҳ, бемори рӯи бистару шунавандаи асили родиёву дӯстдори олами фарҳанг баробар рӯшноӣ мебахшад, ба шумо гила мекардам.

Пас, он андешаҳои шуморо хонда боз итминонам қоимтар гашт, ки бедории шаб ҳам роҳат будаасту ҳам ваҳмовар, ҳам ширину ҳам дардолуд.

Яъне бо чанд омил инсонҳоро хоб намебарад:

Ё сахт беморанд, ё ғаму дард доранд, ё шоду бехуданд. Барномаи родиюие дорам ба номи «Моҳу парвин», ки шабонгоҳ садо медиҳад. Ҳанӯз субҳ нашуда аз шунавандагони баҳушу бехоб ман «смс» мегирам. Пас, инҳо он шаби дароз бедоранд. Фирӯзмоҳи Форобӣ шаби дароз бедор аст, вале тамоми умр ӯ бемори бистарӣ аст. ӯ арз медорад, ки хоб ҳам барои ӯ номеҳрубон шудааст. Аз сари шаб то субҳ бедор аст. Родиё мешунавад, рӯзномаву маҷаллаву китоб мехонад.

Муҳаммадҷон Саримсоқови конибодомӣ низ бедор аст, ки узр дорад, вале хеле рӯшандил, аз қисмат шукргузорӣ мекунад. Ғами гарон хоби ӯро низ рабудааст.

Хоҳарони зебову гавҳаршинос Сурайё ва Сайёраи истаравшанӣ, ки ҳар ду бо амри тақдир пойи равон надоранд, яке шоир асту хилвати шабҳояш роз бо ҳолаш мегӯяд, дигаре табиб аст, ки то субҳ муноҷот бо Худои бузург дорад. Ҷамшеди Раҳим, шоири хеле хуб, ки дар айни ҷавонӣ аз роҳ рафтану сайру гашт кардан маҳрум гаштааст, низ бедорхобӣ мекашад.

Ба беморону дилсӯхтагон ҳамаи шаб дарозу ғамзост. Андеша мекунам, дар ин поси шаб, ки қариби субҳ дар мекӯбад, бародарбузурги ман, ки синнаш қариб ба шаст расида бедор аст. Бале, аминам, ки ӯро дигар хоби ширин намебарад. Мепурсед чаро? ӯ дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон марги ҷигарбанди зебову нозанин ва донову ботамкини худ Мижгонаи 24 солаи худро ба чашми худ дидааст. Шоҳид будааст, ки чӣ сон аз ошёнаи чаҳоруми тирезаи ҳамсоя алвонҷхӯрон бо сари пур аз савдову қалби пур аз орзуву умед Мижгонааш, дар пеши чашмонаш аз олам рафт. ӯ бо чашмони худ дидааст, ки чӣ сон ҷисми нозуки духтари таҳсилоти олидораш, ки Донишгоҳи миллиро хатм карда, соҳиби дипломи олӣ шуда бо нигоҳи имдодхоҳона танҳо лаҳзае сӯи модари беҳушу беёд ва падари ҷигарсӯхтааш нигариста, олами зеборо тарк гуфт. Чӣ сон ӯ дидааст, ки дастони шифобахшаш, ки ҷони ҳазорон ҳамдеҳаву ошнову ноошноро аз марг наҷот додааст, сӯйи ҷисми сарду хомӯши духтараш дароз мешавад.

Ҳамаи ин қисса нест, бофта нест, воқеъияте ҳаст, ки бародари ман ҳеч гоҳ ба воқеъият будани он бовар намекунад. Аз ин рӯ ҳар шаб то субҳ бедор аст.

Чӣ қадар талх аст, гиряи мард, марде, ки солҳо баҳри ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашад, бедорхобӣ мекашад, ҳатто шабҳои дар хона буданаш низ, ӯро ором намегузоштанд. ӯ одат карда буд, ки занги дари ӯ соати 2- и шаб садо мебарорад, ё 4 –и субҳ. Зеро ӯ духтур буд, табиби ҷарроҳ. Вале афсӯс мехӯрад, ки чаро ба дарди Мижгонаи зебояш  даво наёфт. Пас, магар ӯро хоб мебарад. Дар ҳоле ки боз бо ӯ ба чанд беадолатии дигар рӯ ба рӯ омад. Рӯзҳо мегузаранд, моҳҳо мераванд, солҳо ноаён мегузаранд, мо хоҳ хоб равем, хоҳ не рафтагон бар намегарданд, касе дар ин ҳодисаҳои талху сангин гунаҳкор дониста намешавад. Пас, биё худро маҷбур созем, то лаҳзае хоб кунем, оромиш биёбем. Охир ин замонаест, ки «мор шуморо газад, моро чӣ ғам» гуфтаанд. Ҳарчанд борҳо мегӯянд: «Масъулем ҳамдигарро эҳсос кунем, бифаҳмем» вале? Аз равзанаи тирезаи ҳуҷраи хобам тораҳои сапеди субҳ сар мехалад, инак маро нигоҳ кун, боз як рӯзи ғаму шодӣ омад, пешвоз бигир. Бо ҳама неку бад, хоставу нохоста, бешу кам, дарду ғам даст ба гиребон мегардему шукр мегӯем, шукр боз ба рӯзи нав расидем. Илоҳо, рӯзи нек бошад, ҳарчанд хоби ман бофароғат нест, вале шукронаи атрофиёни худам, ки муҳаббаташонро аз ман дареғ намедоранд.

Фирӯзаи Шариф

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97