«МегаФон Тоҷикистон» ҳудудҳои хизматрасонии мизоҷонро васеъ мекунад

Ширкатҳо 07.03.2017 18:21

“МегаФон Тоҷикистон” нисбати мизоҷон ғамхорӣ намуда хизматрасониҳоро бо ифтитоҳ додани толорҳои нав дар якҷоягӣ бо дилерон, боз ҳам дастрас менамояд. Толорҳои нави фирмавӣ дар пойтахт – ин барои муштариён имконияти вақти худро сарфа намудан, ҳалли зуди масъалаҳо ва харидории нархномаҳои муфид бо нархҳои дастрас.

Дар толорҳои нави фирмавӣ, ки моҳи феврали соли 2017 дарҳои худро боз намуданд, ба ташрифкунандагон доираи васеи хизматрасониҳои оператор дастрас мебошад – аз пайвастшавӣ ба шабака ва пурракунии тавозун то танзими дастгоҳҳои мобилӣ, ки қатори васеи тамғавии онҳо дар толор гузошта шудааст. Мушовирон ҷиҳати интихобкунии нархнома аз ҷадвали машҳури “Ҳамааш дохил аст” кумак мекунанд. Ҷадвали нархномаҳои “Ҳамааш дохил аст” – ин бо ҳам пайвастшавии Дақиқаҳо, СМС-хабарҳо ва Интернет барои муошират бо наздикон ва ҳалли масъалаҳои кор ва хониш мебошанд.

“Ман дар шаҳр таҳсил мекунам, вале дар маҳаллаи километри 9-ум истиқомат дорам. Пештарҳо, барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба алоқаи мобилӣ ба ман лозим меомад, ки вақти зиёд сарф намуда ба идораи наздиктарин равам, ки бениҳоят ноқулай буд. Кушодашавии толор дар шаҳраки мо ба ман ва тамоми сокинони маҳалла гирифтани маслиҳати фаврӣ аз мутахассис ва харидорӣ намудани хизматрасониҳои иловагӣ имкон медиҳад.” – шарҳ медиҳад яке аз ташрифкунандагони толори фирмавӣ воқеъ ба суроғаи кӯчаи Сайдалӣ Вализода – 5, Шералӣ Азимов.

 “Толорҳои фирмавиро кушода мо пеш аз ҳама ба талаботҳои мушатриён такя мекунем. Чӣ тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, дар ин минтақа ба мизоҷони мо имконияти бештар доштан баҳри гирифтани хизматрасониҳои босифат ҳангоми ба кор ё ба хона рафтан зарур аст. Мо ҳамеша мекушем ба мизоҷони худ наздик бошем ва ба ҳар яки онҳо хизматрасониҳои босифатро пешкаш намоем.” мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.

Маълумоти муфассалро метавонед дар толорҳои алоқа ва дар сомонаи www.megafon.tj ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дарёфт намоед.

Толорҳои нави фирмавӣ воқеъ ба суроғаҳои зерин:

кӯчаи Сайдали Вализода 5, маҳаллаи километри 9 ум.

кӯчаи Улӯғбек, ш.Ваҳдат.

 Реҷаи корӣ аз соати 8.00 то соати18.00 бе рӯзи истироҳатӣ.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97