Раиси ҷумҳури Қазоқистон: Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Осиё таъсис шавад

Хабари хуб 14.11.2018 15:41

Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон хостори эҷоди Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар заминаи Машварати ҳамгирой ва тадбирҳои боварӣ дар минтақаи Осиё шуд.

Вай ин суханонро зимни баргузории ҷаласаи умумии  «Astana Club» ироа кард.

Назарбоев бо баёни инки барои Осиё созмони паймони амнияти ҷамъии худаш зарур аст, такид кард, иқдоми давлати Қазоқистон зимни баргузории Машварати ҳамгирой ва тадобири боварӣ дар Осиё, ки дар он имрӯз 30 кишвари Осиё ширкат мекунад, метавонад дар оянда ба як созмони амният ва ҳамкорӣ дар ин минтақа асос шавад.

Хамчунин вай изҳор дощт, ки ин созмон Осиёгӣ ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар якҷоягӣ метавонанд дар минтақаи АвруОсиё як минтақаи амниятӣ созмон диҳанд.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон дар хотимаи суханонаш гуфт: Пешниҳод мекунам, ки барои амалӣ кардани ин иқдом, нахуст маҷлисҳои машваратии амниятии САҲА, МҲТБО, АСЕАН баргузор шавад. Котиботҳои ин созмонҳо метавонистанд бо мақсади қиёс кардани мавқеи худ мулоқот кунанд. Мувофиқи мақсад аст, ки дар Остона конфронси амният дар АвруОсиё баргузор шавад, вале на барои он, ки мо ҳамеша меҳоҳем  тамоми ҳамоишҳоро  дар Остона гузаронем. Сарфи назар аз минтақаи баргузории он, гузаронидани ин мулоқот муҳим аст.

Ин дар ҳоле аст, ки идеяи таъсиси Иттиҳодияи АвруОсиё низ таввасути Назарбоев раиси ҷумҳури Қазоқистон сурат гирифт.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97