Номаи Алберт Эйнштейн ба хоҳараш дар музояда ба қимати 28 хазор евро фӯрухта шуд

Хабари хуб 14.11.2018 10:35

Физикдони машҳури немис дар ин нома, ки ба соли 1922 мусодиф аст, дар мавриди болоравии эҳсосоти зидди яҳудӣ дар Олмон нақл мекунад.

Бино ба гузориши канали телевизионии олмонии «N-TV», номаи Алберт Эйнштейн ба хоҳараш Мая тақрибан ба маблағи 28 ҳазору 400 евро ба фӯруш рафт.

Ин манбаъ меафзояд, нома 13 ноябр дар Ерусалим фӯрухта шудааст. Аммо чи касе ин номаро ба музояда гузошта ва чи касе ӯро харидорӣ кардааст мушаххас нест. Нархи ибтидойи ин нома 12 ҳазор доллар буд.

Ин дастнавис ба соли 1922 бармегардад. Дар матни он Эйнштейн дар мавриди мушкилоти яҳудон дар Олмон, ки он замон рӯбарӯ шуда буданд, нақл мекунад. Ҳамчунин физикдони машҳур тай ин нома ба сар қудрат расидани нозиҳо (миллатчӣ) дар Олмонро пешгӯйи кардааст. 

Маврид ба ёдоварӣ аст, ки Алберт Эйнштейн дар шаҳри Улми Олмон дар хонаводаи яҳудӣ чашм ба олам кушудааст, аммо ба далели сиёсатҳои зидди яҳудӣ дар Олмон тай он солҳо дар соли 1933 маҷбур ба муҳоҷират ба Омрико шуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97