Забони тоҷикӣ хор аст: Дар «Сомон Эйр», телефонҳои ҳамроҳ ва телевизион

Ширкатҳо 20.09.2011 09:42

"Я таджикский язык знаю, но…"

Somon_AirМуддате барои омодаи чоп намудани ду китобе роҷеъ ба маънавиёти ислом, ки онҳоро аз форсӣ ба русӣ баргардон карда будам, бо даъвати як маркази фарҳангӣ дар шаҳри Маскав қарор доштам. Ҳаддалимкон саъй намудам, корро рӯи он ду китоб ҳарчӣ зудтар анҷом диҳам, то битавонам дар маркази Тоҷикистони азиз шоҳид ва ширкаткунандаи бевоситаи суруру шодмонии ҳамагонӣ дар иртибот бо ҷашни Истиқлоли кишварамон бошам.

Ва инак савори ҳавопаймо бо парвози (ва чуноне ки дар Тоҷикистон мегӯянд, бо "хатсайр"-и) шумораи 632 дар таърихи 8 сентябри соли равон (як рӯз қабл аз оғози Ҷашн) озими Душанбе шудам, озими пойтахти кишвари Тоҷикон, тавассути ҳавопаймои мансуб ба ширкати тоҷикии (!) "Сомон Эйр".

Дар оғоз, чун вориди ҳавопаймо шудам, бонуе аз ҷумлаи меҳмондорон (стюардессаҳо)-и ҳавопаймо бо як салобати сохта "Здравстуйте" гуфта, бо забони русӣ ба ман ҷои нишаст нишон дод. Ман таъкид кардам, ки тоҷикам ва, Алҳамдулиллоҳ, метавонам бо забони тоҷикӣ сӯҳбат кунам.

Тайи чаҳор соати парвоз он бону боз чанд бори дигар назди мусофирон, ва аз он ҷумла назди ман низ омад, то таъкид кунад, ки мусофирон камарбанди курсиҳои нишастро бубанданд, ва баъдан ба онҳо нӯшоба ва ғизо овард ва ба ҳама, аз ҷумла ба ман низ ба забони русӣ муроҷиат намуд. Ва ҳар даъфа ман аз ӯ мехостам, ки бо ман бо забони тоҷикӣ сӯҳбат кунад. Вале он бонуи "мӯҳтарам" аслан эътиное намекард. Як маротиба ба се нафар мусофир, ки ду курсӣ баъд аз ман дар қатори дигар нишаста буданд ва ҳама мисли ман ва он бону тоҷик буданд, мехост чизеро фаҳмонад, вале онҳо мисли ин ки суханашро дуруст намефаҳмиданд. Ман бори дигар таъкид кардам, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф занад ва ӯ дар посух фармуд, ки "Вообще, я таджикский язык знаю, но хотела объяснить по-русски" ("Ман забони тоҷикиро медонам, вале хостам бо русӣ фаҳмонам"). Аҷаб мантиқи "устуворе"!!!

«Идите, жалуйтесь, где хотите!»

Дар охир чун дафъаи чорум ба ман бо забони ғайритоҷикӣ муроҷиат кард, ба ӯ бо забони русӣ арз кардам, ки дохили ҳавопаймо марзи Тоҷкистон аст, ва он бону тибқи қонуни кишвар бояд ба мардум бо забони тоҷикӣ муроҷиат кунад ва танҳо дар сурати забони давлатиро надонистани мусофир ӯ ҳақ дорад бо дигар забонҳо сӯҳбат намояд. Сипас, ман арз кардам, ки ин рафторро ба иттилои роҳбарони ширкати ҳавопаймоӣ хоҳам расонд. Ӯ бо як бепарвоии хос ва лаҳни хашмолуд, гуфт: "Идите, жалуйтесь, где хотите!"(Равед, ҳарҷо, ки хоҳед, шикоят кунед!) Аз ин лаҳни бепарво чунин бармеояд, ки ё дар ширкати ҳавопаймоӣ касе дар хусуси риояти Қонуни забони давлатӣ ба он бону дастуре надодааст, ё аз тарафи сарпарасти "муқтадире" муаррифӣ шудааст, ки дар ҳар сурат аз ӯ пуштибонӣ мекунад. Ҳоло дар хусуси лаҳни русии он бону, ки бештар ҷанбаи хиёбонӣ дошт, на адабӣ, чизе намегӯям.  

Тайи муддати парвоз сарнишини (капитани) ҳавопаймо се бор ба мусофирон аз тариқи радио муроҷиат карда, роҷеъ ба вижагиҳои парвоз, идомати он ва вазъи ҳавои шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Қобили тақдир аст, ки ҳар дафъа ӯ аввал бо забони тоҷикӣ ва сипас бо забони русӣ сӯҳбат мекард. Ҳарчанд гузориши русиаш нисбат ба тоҷикӣ равонтар ва возеҳтар буд.

Дар халтаҳои пушти курсии он ҳавопаймо як наширяе низ мансуб ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон- Эйр" мавҷуд буд, ки дар он аз ҷумлаи беш аз даҳ матлаб танҳо ду то аз он тарҷумаи тоҷикӣ дошт ва он ҳам чӣ тарҷумае! Масалан, мақолаеро ки ба русӣ "Нетрадиционная медицина" унвон дорад, "Тибби маъмулӣ" тарҷума кардаанд. Инҷо аз лакнатҳои луғавию услубии он ду тарҷума сарфи назар мекунем.

Инчунин қабл аз парвоз роҷеъ ба амнияти парвоз ва амали мусофирон вобаста ба амнияти инфиродӣ тавзеҳе дода шуд, ки сирфан бо забони русӣ буд. Дар билет- (ба истилоҳи ширкатҳои ҳавопаймоии мо "чипта")- и ҳавопаймо тамоми тавзеҳоти лозимӣ роҷеъ ба парвоз (дар 10 сафҳа) танҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ буда, дар он аз забони тоҷикӣ қариб ки асаре набуд!!!

Дар ҳавопаймоҳои Қазон забони тоторӣ мӯҳтарам аст

Бо камоли таассуф (аниқтараш ҳасодат) ба ёд овардам, ки зимни ҳамин сафаре, ки ба Русия доштам, вақти парвоз бо масири Маскав- Қазон, пойтахти Тотористон барои баргузории як конфронси илмӣ, ки ман дар он ба унвони мутарҷим ширкат мекардам, шоҳиди он будам, ки дар ҳавопаймо ҳам меҳмондорон ва ҳам дигар хадамаи ҳавопаймо бо мардум аввал бо забони тоторӣ ва баъдан бо русӣ муроҷиат менамуданд. Дар хусуси ҳавопаймоҳои қазоқӣ, узбакӣ ва қирғизию туркманӣ ҳоҷати сухан ҳам нест, чун он мардум дар тамоми шууни зиндагии иҷтимоӣ нисбат ба забони модарии худ эҳтироми хосае қоиланд. Ва зимни корбурд онро дар мадди аввал мегузоранд, ва аҳсант ба онҳо, ки ҳаддалимкон саъй мекунанд, ки забонашон бо лаҳни нармтаре садо диҳад. Вале сад афсӯс, ки нисбат ба забони тоҷикӣ чунин муносибати дилсӯзонае ба назар намерасад.

Хории забони тоҷикӣ дар телефонҳои ҳамроҳ

Барои мисол ширкатҳои ҳавопаймоиро як сӯ мегузорем ва аз ҳамин телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ёдовар мешавем. Чун тугмаи телефони мобилиро пахш мекунед, аз он садои як зане ба гӯш мерасад, ки талаффузи тоҷикиаш дар ниҳояти сахти (ба истилоҳи маъмулӣ дар ниҳояти ғализию дағалист). Он зан ҳарфҳои "р" ва "к" - ро чунон сахту гӯшхарош талаффуз мекунад, ки ба ҳоли забони тоҷикӣ, ки аз тарафи забоншиносони ҷаҳон ба унвони яке аз хушсадотарин ва нармтарин забонҳо эътироф шудааст, раҳматон меояд. Он зани "хушсадо" ҳатто вожаи "шабака" (сеть) - ро дар шакли "шабақа" ("қ"-қодир ва қомат) талаффуз мекунад. Чанд сол аст, ки касе аз соҳибзабонон ва кишвардорону давлатмардон барои ислоҳи ин гуна нуқсонҳо намекӯшад.

Бечоранолӣ бас аст, амал бояд кард!

Гузашта аз он вақте, ки вориди фурӯшгоҳҳои мухталифи пойтахти кишвар мешавед, мебинед, ки аксаран дар онҳо фурӯшандагон ё бо забони русӣ сӯҳбат мекунанд ё бо узбакӣ. Ду рӯз баъд аз ҷашни Истиқлол бегоҳ дар боғи марказии шаҳр, ки номи Рӯдакиро бар худ гирифтааст, хостам каме сайр кунам, ва он ҷо низ аз тариқи радиое, ки дар назди муҷассамаи бунёнгузори шеъри форсӣ мавҷуд аст, бо забонҳои мухталиф сурудҳо садо медоданд, аммо на бо забони тоҷикӣ.

Аксари бонувони тоҷики шаҳрнишин, дар хиёбонҳо ва дар иҷтимоъ намехоҳанд бо забони тоҷикӣ муошират кунанд, ва сӯҳбат бо забони русиро нишони тамаддун талаққӣ мекунанд ва аз ин тариқ гӯё нишон медиҳанд, ки онҳо "рустоӣ" нестанд. Ҳол он ки дар Афғонистону Ирон, то ҳадде дар Покистон, ва ҳатто дар Бухорою Самарқанди кунунӣ муошират маҳз бо ҳамин забон нишони тамаддун аст, ва то инқилоби болшевикӣ дар тамоми шаҳрҳои Осиёи марказӣ низ ҳол ҳамин буд. Ин ҳамон забонест, ки муддати наздик ба ҳазор сол аз дарёи Медитрона (баҳри Миёназамин) то Ҳинд ва ақсоми ғарбии Чин мавриди истифодаи илмӣ, фарҳангӣ ва умуман иҷтимоӣ қарор дошт, қавмҳоро ба якдигар мепайваст ва василаи тавонои мубодилаи иқтисодию фарҳангӣ буд.

Ва ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки оё бо ин вазъе, ки дар даврони Истиқлол даст додааст, ҳоли ин забон чӣ мешавад?

Вале бечоранолӣ бас аст! Ва ҳоло бояд сари он масъала андешид, ки чӣ бояд кард, то забони тоҷикӣ, ки тайи чандин даҳсолаи даврони Шӯравӣ бо вуҷуди осеби фаровони услубӣ ва луғавӣ, ки ба он ворид шуд, аз миён нарафт, минбаъд низ пойдор бимонад?

Касе тоҷикиро намедонад, бояд ҷарима шавад!

Барои ин, агар ба таври куллӣ бигӯем, ғайрат ва худшиносии миллии соҳибзабонон лозим аст. Вале аз ҷумлаи мусофирони ҳавопаймои ёдшуда, ки қариб батамом тоҷик буданд, ба ғайр аз ман касе барои ҳимоя аз забони модарии худ вокунише нишон надод. Касе аз он бону напурсид, ки "эй бонуи мӯҳтарам ту, ки аз ҳисоби пули мо, ки бо машаққати зиёде ба даст омада ва қисмати умдаи он барои хариди билети ҳавопаймо (бо нархи гарон) сарф мешавад, маош мегирӣ, чаро нисбат ба забони мо, ки забони модарии худат низ ҳаст, беэҳтиромӣ мекунӣ?"

Ин "ғамхорӣ"-ро нисбат ба забони тоҷикӣ дар тамоми шууни ҳаёти ҷомеаи тоҷик метавон мушоҳида кард.

Ва ин беғайратӣ ва бетафовутӣ нисбат ба забони модарӣ, ки рукни асосии миллат аст, иллатҳои зиёде дорад, ки дар ин мақолаи кӯчак маҷоли баршумурдани онҳоро надорем. Танҳо ба унвони яке аз иллатҳои асосӣ бояд аз он ёдовар шуд, ки мо тайи даврони наздик ба ҳазор сол аз истиқлоли сиёсӣ маҳрум будем, ки ин мӯҷиби сарпастӣ ва мутеии мо шуд ва оқибат дар замони марзбандии маъмурии Осиёи марказӣ мо ба иллати "нармӣ ва тоҷикӣ"-и худ (ибораи Мавлавӣ - М.М.) марокизи муҳим ва сарнавиштсози фарҳангию илмӣ ва иқтисодии хеш Самарқанду Бухороро, ки такягоҳи асосии забону маънавиёти мо низ буданд, ба дигарон вогузоштем, ва дар андак муддате ба қавми "рустоӣ" ("деҳотӣ") табдил ёфтем. Ва ҳамин "нармию тоҷикӣ" аст, ки ба ҳар кас иҷоза медиҳем Қонуни забони моро нодида бигирад, ва нисбат ба забони тоҷикӣ беэътиноӣ кунад.

Ҳалли ин масъала бояд ба таври ҷиддитар ва дар сатҳи давлатӣ думболагирӣ шавад. Аввалан, ҳар роҳбари ширкат, муассиса ва идора (сарфи назар аз он ки хусусӣ аст ё давлатӣ) бояд барои ба кор истихдом намудани афроде, ки забони тоҷикиро намедонанд, ба маблағи калоне ҷарима шавад. Давлат бояд аз ҷумлаи маъмурони худ дар маҳалҳо (ба шарте, ки худи онҳо забони тоҷикиро донанд) комиссиюнҳои вижаеро ихтисос диҳад, ки ин масъаларо ба таври доимӣ мавриди назорату баррасӣ қарор диҳанд.

Ашъори Бедилро дуруст тафсиру тавзеҳ кунед, айб аст

Сониян, аз имконоти расонаҳои гурӯҳӣ ва махсусан шабакаҳои телевизионӣ бояд ба таври густурда ва ҷиддитар истифода бурд.

Бояд иқрор кард, ки барномаҳои тамоми шабакаҳои марказии телевизионии кишвар дар ҳоли ҳозир чӣ аз лиҳози сифат ва чӣ аз лиҳози мӯҳтаво дар сатҳи ниҳоят паст қарор доранд ва наметавонанд, бо шабакаҳои телевизионии дигар кишварҳои ҳамсоя, ки дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, бавижа дар шимоли он пахш мешаванд, рақобат кунанд, ки ин ҳаргиз ба нафъи забони тоҷикӣ нест. Масалан, ман чанд бор шоҳиди пахши барномае будам (ҳоло фаромӯш кардам, аз тариқи кадом шабакае буд), ки дар он марде зимни сӯҳбат бо ровии барнома машғул ба шарҳи ғазалҳои Бедил буд. Вале тавзеҳоте, ки он мард медод, хеле коста ва агар нармтар гӯем, дур аз назокату зарофат ва бори маъноии ашъори Бедил буд. Охир, барномаҳои телевизиони моро дар Афғонистону, Ирон ва Покистон низ тамошо мекунанд. Ва оё чунин тавзеҳоти ноқис ва сатҳии ашъори Бедил мӯҷиби коста гардидани обрӯю эътибори мо миёни фузалои он кишварҳо намешавад? Ва, алҳамдулиллоҳ, дар миёни тоҷикони муқими кишвари худамон низ фузалое, ки ба фаҳми мазомини нодири ашъори ин нобиғаи шеъри форсӣ мерасанд, кам нестанд. Пас ҳусни таваҷҷӯҳи онҳо нисбат ба телевизиони миллӣ бар асари чунин барномаҳое дар чӣ сатҳе қарор хоҳад дошт?

Донишмандонро бояд ба телевизион овард

Ростӣ, намедонам чаро роҳбарони шабакаҳои телевизионӣ дар инъикоси масоили мубрами иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамзамон барои таблиғи забони ноби тоҷикӣ аз ровиёни шоиста ва журналистони мумтозу донишманде мисли Давлати Раҳмониён, қосими Бекмуҳаммад ва Ғайратшоҳи Аҳмадзод ба таври лозим истифода намекунанд ва онҳоро мо дар барномаҳои телевизиони ҷумҳурӣ ба нудрат мебинем. Охир, вуҷуди чунин афродеро бояд ба унвони сарвати миллӣ талаққӣ кард!  

Он чӣ зикр шуд, ба унвони мисол буд, агар ба таври куллӣ бигӯем, фаъолияти тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар ниёз ба дигаргунии ҷиддии камию кайфӣ доранд, ки танҳо аз тариқи ба дасти роҳбарони варзидаю огоҳ вогузоштани ин бахши муҳими расонаҳои гурӯҳӣ бароварда мегардад. Ва танҳо дар ин сурат телевизион метавонад мубаллиғи воқеии маънавиёти қавм ва қабл аз ҳама забони ноби тоҷикӣ гардад.

Солисан, бояд роҳбарони идораю муассисоти сатҳи ҷумҳурӣ, ва қабл аз ҳама вазирони маориф (омӯзиш) ва фарҳанг ба таври муназзам роҷеъ ба масоили мухталифи илмию маънавӣ аз тариқи телевизион суханронӣ кунанд ва зимни ин гуна суханрониҳо худро ба унвони донандагони хеле хуби забони давлатӣ муаррифӣ намоянд. Дар акси ҳол бо онҳо ҳарчӣ зудтар бояд падруд гуфт ва афроди лоиқтареро ба ин мансабҳои муҳиму сарнавиштсоз гумошт.  

Робиан, бояд аз вуҷуди шарифи чунин донандагони маъруфи забон ва адаби тоҷик мисли устод Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ба наҳви аҳсан истифода бурд ва бояд саъй кард то онҳо бо истифода аз телевизиони миллӣ бештар бо мардум муошират ва гуфтугӯ дошта бошанд.

Форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ як забонанд

Хомисан, барои таҳкими пояҳои забони тоҷикӣ, ривоҷу равнақи минбаъда ва ба таҳаввулоти замон посухгӯ будани он бояд бидуни ҳеч гуна тардид аз таҷрибаи забони форсӣ дар Ирон ва ҳатто дар Афғонистони ҷангзада ба таври густурда ва мудовим истифода бурд. Зеро забони форсӣ дар ин кишварҳо собиқаи билотавқиф дорад ва бо сабаби корбурди фаровон ва инҳисори дар тамоми шууни зиндагии ҷомеаҳои ин кишварҳо ғановати хосае касб намудааст. Изофа бар он бо иттифоқи назари донишмандони тоҷик, афғон ва иронӣ ва алорағми дасисаи маъруфи Шӯҳрат Султонови русзабон ва шарикони ғайритоҷики ӯ, ки мӯҷиби аз Қонуни Асосии кишвар ҳазф шудани вожаи "форсӣ" аз унвони забони модарии мо гардид, он чӣ имрӯз бо сифатҳои тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ қаламдод мешавад, се гӯиши ба ҳам хеле наздики ҳамон як забон аст. Ба гуфти донишманди маъруфи иронитабори амрикоӣ Сайид Ҳусайни Наср, миёни форсии Теҳрон, дарии Афғонистон ва тоҷикии Варорӯд ҳамон қадар тафовут мавҷуд аст, ки миёни англисӣ дар Лондон, Техас ва Австралия. Ва сарфи назар аз аз даъвии баъзе кӯтоҳандешон забони воҳид будани тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ҳаргиз монеъ аз он намешавад, ки мо ба унвони миллати ҷудогонае арзи вуҷуд намоем. Масалан, утришиҳо (австриягиҳо), суисиҳо (швейтсариягиҳо) ва олмониҳо, ки се миллати ҷудогонаанд, забони воҳид доранд; ва ҳамчунин се қавми муқтадири замони муосир - инглисҳо, амрикоиҳо ва австралиягиҳо низ аз забони модарии ягона бархурдоранд.

Идеологҳои болшевик тафовути маснӯъ миёни гӯишҳои мовароуннаҳрӣ, кобулӣ ва иронии забони тоҷикӣ (форсӣ)- ро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ваҳдати ақвоми форсизабон матраҳ карда буданд. Ҳоло ки ин "зарурат" аз миён рафта, соҳибзабононро зарур аст, ки баҳри рафъи паёмадҳои муҳлики ин ҷабри таърихӣ ва рафъи тасаввуроти козиби таҳмилшуда ҳиммат гуморанд.

Бехабарии масъулини давлатӣ аз вазъи забон

Соле қабл пирмарде аз ҷумлаи масъулини кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки суханронияшро ҳам ба ҳеч ваҷҳ наметавон ба унвони меъёри забони тоҷикӣ пазируфт, зимни як сӯҳбати телевизионӣ насиҳатомез мегуфт, ки забони тоҷикиро бояд ба талаботи "техникаи ҳозиразамон" (шояд манзураш "фановарии навин ё муосир" буд) мутобиқ кард, бехабар аз он, ки ин забон дар Ирон то сатҳи фановарии кайҳонӣ ва ҳастаӣ рушд кардааст. Яъне он пирмарди мӯҳтарам ва "ходими забон" аз мо даъват мекард то аз нав дучарха ихтироъ намоем! Ва маҳз ҳамин бехабарии масъулини давлатӣ мӯҷиби он мешавад, ки забони мо дар ҳамон сатҳи даврони Шӯравӣ маҳдуд боқӣ монад ва миёни мардум ва минҷумла бонувони "мутамаддин" маъруфияте надошта бошад.

Пас барои ғановати бештари забони тоҷикӣ ва ба талаботи рӯзафзуни иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳангу фановарии (текноложии) муосир мувофиқу муносиб намудани ин забон онро бояд дар густураи ғаниву пурмӯҳтаво ва шукуфои забони форсӣ матраҳ кард.

Ин буд шаммае аз тадбирҳо, ки метавон дар чаҳорчӯби як мақолаи хурд матраҳ кард. Умед аст, ки соҳибназарон ва фарҳехтагони қавм дар ин росто бештар ибрози назар намоянд, то давлатмардону масъулин ва кулли тоҷиконро судманд ояд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97