Миллат
Феҳрист
Саҳифаи асосӣ
Хабар
Сиёсат
Иқтисод
Фарҳанг
Иҷтимоъ
Забон
Адабиёт
Варзиш
Ҷаҳон
Миллат ва ислом
Мусоҳиба
Гумшудагон
Таърих
Ҷавонони миллат
Ширкатҳо
Сухани сармуҳаррир
Бойгонӣ Китоби пазириш Намунаи PDFСодироти хабарҳо
Бозори арз
Бозори арз
Дӯстони мо


Нишонии банери мо:


Намунаи эллектронӣ
Millat in PDF


Хабар

ГКЧП
Миллат 2010-09-02 11:26:51
ГКЧП ДАР АНДЕША Ё ЯК ҲАФТА БАЪДИ ФИРОР
Сару садо дар мавриди фирориёни маҳбасхона рӯз аз рӯз авҷ мегирад. Аслан табиати даҳаи охири моҳи август, ки ба вақти вақти хуфтани Шер (Асад) рост меояд, аҷиб аст. 22 август бори нахуст инсонҳо ба Пайғамбари худ Ҳазрати Исо дар Сирсо хиёнат карданд. Ҳамин рӯз Юлий Сезар империяи худро аз даст дод. Дар ин рӯз бо исёни ГКЧП империяи Шӯравӣ пош хӯрд. Ривоят мекунанд, ки як қавми дарозумри африқоӣ дар даҳ рӯзи охири моҳи август тамоман аз хаймаҳо берун намеоянд.
Миқдори нигариши мақола: 74Идома >>
ҲАҚҚИ
Умари САФАР,
устоди ДМТ, профессор
2010-09-01 12:06:43
ҲАҚҚИ ЗИСТ
Боиси хушнудист, ки бо гузашти ҳар соле шумори расонаҳои гурӯҳии кишвар аз ҳисоби рӯзномаву маҷаллаҳои мустақил, шабакаҳои нави телевизиониву радиоӣ афзуда мешавад. Ҳар яке аз ин расонаҳо дар навбати худ саъйу талош меварзанд, то дар бозтоби масоили гуногунҷанбаи иҷтимои имрӯзин, инъикоси мушкилоте, ки мо гиребонгири он ҳастем, саҳм бигиранд. Ин амр гувоҳ бар ин аст, ки насли имрӯз ба сарнавишти мардум, инкишофи сиёсиву иқтисодии Ватан бетафовут нест.
Миқдори нигариши мақола: 41Идома >>
SOS:
Ибодуллоҳи Оқилпур2010-08-30 10:05:40
SOS: УЗБАКИСТОН ЗАЊРОЛУД МЕКУНАД
Дузди зӯр… Ҳаракати экологии Узбакистон сокинони вилояти Сурхондарёро ҳамарӯза ҷиҳати гузаронидани ҳамоишҳои эътирозӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Маскав сафарбар намуда, бад-ин васила мехоҳад, корхонаи алюминии Регарро аз кор боздорад. Ҳаракати мазкур иддао дорад, ки корхонаи алюминии Регар аз тариқи ҳаво заҳраҳои истихроҷ гардидаи алюминро ба водиҳои аҳолинишини вилоят пош дода, гӯё ба саломатии мардум, муҳити зист ва инкишофи сабзиҷоту мева таъсироти манфиеро ба бор меорад ва мӯҷиби ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, камҳосилӣ ва хушкшавии заминҳои зироатӣ мегардад. Ҳамин омилҳои маснӯъӣ боиси ғалатфаҳмиҳо дар сатҳи аршади сиёсатмадорон дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя гардида, дар зиндагии ҳамарӯзаи мардумони сарҳадии тоҷику узбак, ки бо додугирифти тарафайн зиндагии худро пеш мебаранд ва қарнҳост муносиботи хешу таборӣ доранд, хисороти азими иқтисодӣ ва башарӣ мерасонад. Аммо ин ҳаракат боре зикр намекунад, ки ҳамасола дар тамоми қаламрави Узбакистон беш аз 100 миллион тонна партовҳои мухталиф, ки 14 фисади онҳо ба гурӯҳи партовҳои заҳрнок дохил мешавад, ба вуҷуд меояд ва на танҳо муҳити зисти Узбакистон, балки сарзаминҳои наздимарзии Тоҷикистонро низ заҳролуд мегардонад. (Маълумотҳо аз сомонаҳои интернетӣ ва гузоришҳои вазорату муассисаҳои бонуфузи Узбакистон гирифта шудааст.)
Миқдори нигариши мақола: 16Идома >>
SOS:
Ибодуллоҳи Оқилпур2010-08-30 09:52:20
SOS: УЗБАКИСТОН ЗАҲРОЛУД МЕКУНАД
ДУЗДИ ЗӯР… Ҳаракати экологии Узбакистон сокинони вилояти Сурхондарёро ҳамарӯза ҷиҳати гузаронидани ҳамоишҳои эътирозӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Маскав сафарбар намуда, бад-ин васила мехоҳад, корхонаи алюминии Регарро аз кор боздорад. Ҳаракати мазкур иддао дорад, ки корхонаи алюминии Регар аз тариқи ҳаво заҳраҳои истихроҷ гардидаи алюминро ба водиҳои аҳолинишини вилоят пош дода, гӯё ба саломатии мардум, муҳити зист ва инкишофи сабзиҷоту мева таъсироти манфиеро ба бор меорад ва мӯҷиби ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятӣ, камҳосилӣ ва хушкшавии заминҳои зироатӣ мегардад. Ҳамин омилҳои маснӯъӣ боиси ғалатфаҳмиҳо дар сатҳи аршади сиёсатмадорон дар муносиботи ду кишвари ҳамсоя гардида, дар зиндагии ҳамарӯзаи мардумони сарҳадии тоҷику узбак, ки бо додугирифти тарафайн зиндагии худро пеш мебаранд ва қарнҳост муносиботи хешу таборӣ доранд, хисороти азими иқтисодӣ ва башарӣ мерасонад. Аммо ин ҳаракат боре зикр намекунад, ки ҳамасола дар тамоми қаламрави Узбакистон беш аз 100 миллион тонна партовҳои мухталиф, ки 14 фисади онҳо ба гурӯҳи партовҳои заҳрнок дохил мешавад, ба вуҷуд меояд ва на танҳо муҳити зисти Узбакистон, балки сарзаминҳои наздимарзии Тоҷикистонро низ заҳролуд мегардонад. (Маълумотҳо аз сомонаҳои интернетӣ ва гузоришҳои вазорату муассисаҳои бонуфузи Узбакистон гирифта шудааст.)
Миқдори нигариши мақола: 95Идома >>
ФИРОРИ
Аъзамшоҳи ҚӮҚАНШОҲ2010-08-26 12:41:00
ФИРОРИ АСР ОЁ ИН ШАҲР ДАРВОЗА НАДОШТ?
"ПОБЕГ" Рӯзи 22 август як гурӯҳ зиндониён аз боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе фирор карданд. Фирор аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар шаби 22 август ба вуқӯъ пайваст. Аз рӯи хабарҳои расида ин амалиётро ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия ташкил намудаанд. Дар ин бора Қосим Ғаффоров, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст: "Се нафар зиндонӣ- Иброҳим Насриддинов, Ҳикмат Азизов шаҳрвандони Тоҷикистон ва Магомед Аҳмадов шаҳрванди Русия тарроҳони асосии ин нақша мебошанд.
Миқдори нигариши мақола: 265Идома >>
ПИСАРИ
2010-08-11 09:27:09
ПИСАРИ БОБОХОНОВ ЧАНД ХОНА ДОШТ?
Амволи марбут ба Файзулло Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва фарзанди Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон ҳабс шудааст. Телевизиони давлатӣ хабар додааст, ки манзил ва заминҳои мутаалиқ ба ӯ дар Душанбе, Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Рӯдакӣ ва мошинҳои ӯ ба ҳабс гирифта шудааст. Бино ба хабари ТВТ Файзулло Бобохонов, аз ҷумла 2 манзил дар Душанбе, 2 манзили нимсохт дар Ҳисор ва Қӯрғонтеппа, ду қитъаи замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ва як боғ дар ноҳияи Ҳисор доштааст, ки аз сӯи мақомоти марбута банд ё ҳабс шудаанд.
Миқдори нигариши мақола: 244Идома >>
Э.
2010-08-09 14:28:02
Э. РАҲМОН: «БОЛОРАВИИ НАРХҲОРО БОЗ ДОРЕД ВА СОҲИБИ САВОБИ ЗИЁД ШАВЕД»
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон Ҳамватанони гиромӣ! Шукронаи неъмати истиқлол, ки халқи азизи кишварамон моҳи мубораки Рамазонро дар фазои комили сулҳу осоиш, ваҳдати миллӣ ва рӯҳияи баланди созандагӣ истиқбол мегирад. 11-уми августи соли равон барои мусулмонон моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳост, фаро мерасад.
Миқдори нигариши мақола: 75Идома >>
«НИМКОСАИ
Зафари МӮЪМИН,
таҳлилгари мустақил
2010-08-09 09:51:27
«НИМКОСАИ ЗЕРИ КОСА» ё сабақи талхи қирғиз барои тоҷик ва баръакс
КИРО ГУНАҲКОР КАРДАНД? Воқеаҳои хунини Қирғизистон бо каме ҷузъиёти фарқкунандаи барои минтақаҳо хос рӯзҳои вазнини Тоҷикистонро ба ёд меоранд. Дар Қирғизистон ҳам мисли Тоҷикистон "хоҷаҳои шабеҳӣ" ба ғуломони молу мансаби таҳҷоӣ пулу мол ва нақшаву силоҳ дода давлату курсӣ ваъда карданду ғайб заданд. "Хидматгорони ду хоҷа" ҳамчуноне карданд, ки таълим гирифта буданд. Ҷамъ карданду фитна карданд, нифоқ ангехтанду табаддулот карданд.
Миқдори нигариши мақола: 118Идома >>
ПРЕЗИДЕНТ
Ҷамолиддин УСМОНИЁН2010-07-30 10:12:18
ПРЕЗИДЕНТ МЕОЯД! Оё хатлониҳо ба президент аз камбудиҳо сухан мегӯянд ё танҳо мадҳ мехонанд?
Ё БАРОИ РАИС АВЗАЛОВ ФУРСАТ ҒАНИМАТ АСТ? Баъди боздиди сарвари кишвар аз шаҳру навоҳии вилоятҳои Суғду Бадахшон интизорӣ мерафт, ки Президент ба вилояти Хатлон низ ташриф хоҳад овард. Алъон ки дар ин мавзӯъ расонаҳои хабарӣ чизе нагуфтаанд, аммо тарадудҳои мақомоти маҳаллии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар ояндаи наздик Президент бо сафарҳои корӣ ба Хатлон низ хоҳад омад.
Миқдори нигариши мақола: 113Идома >>
МИРЗОХӮҶА
"Миллат"2010-07-28 10:00:12
МИРЗОХӮҶА АҲМАДОВ: БОЗ СИЛОҲ МЕГИРАМ, АГАР АЛАЙҲИ МАН ИҚДОМЕ ШАВАД
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз қумандонҳои неруҳои собиқи мухолифин ва собиқ сардори шӯъбаи муориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона минтақаи Рашт дар сӯҳбат ба радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки агар алайҳи вай ва тарафдоронаш иқдоме сурат бигирад, омода аст силоҳ ба даст гирад. Ӯ гуфтааст, ки агар давлат алайҳи вай ва тарафдоронаш иқдоме анҷом диҳад, онҳо барои ҳимоят аз худ маҷбуранд, ки силоҳ ба даст бигиранд.
Миқдори нигариши мақола: 248Идома >>
aввал 1 2 3 4 5 6 7 8 охир
Кӣ шахсият аст?

Шоҳ Ҷамшед
Назарсанҷӣ
1-уми сентябр "Миллат" 5-сола мешавад. Дар давоми ин солоҳо "Миллат" чӣ хидмате кард?
Гумшудагон

ТАҚВИМИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН


САРНАВИШТИ БА МАРГ АНҶОМШУДАИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК


ИН НАФАРРО МЕШИНОСЕД?


Фарзанди инсон куҷо шуд?!


  ©2008 - 2010 Миллат - Нашрияи мустақили ҷамъиятӣ - сиёсии Тоҷикистон
  Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 8
  E-mail:millat@mail.ru Tel: (+992)37-88-111-97, (+992)95-162-38-74, (+992)95-160-05-21
  Designed by:Umed Sharipov

"Internet Map"