![]() |
Хабар
|
Матбуоти Русия хабар додааст, ки ҳафтаи оянда Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ин хабар омадааст, солҳои ахир як падида ба назар мерасад, ки баъд аз ба даст омадани ҳар тавофуқ миёни Тоҷикистону Русия ё Амрико намояндагони баландпояи Русия ё Амрико аз Тоҷикистон бодид мекунанд. 18-ӯми августи соли ҷорӣ раҳбарони Тоҷикистону Русия дар Сочӣ мулоқот доштанд. Дар хабарҳои матбуотӣ гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот раҳбарони ду кишвар ба тавофуқ расидаанд, ки ҳавопаймоҳои низомии Русия дар фурудгоҳи низомии Айнӣ воқеъ дар 15 километрии ғарби шаҳри Душанбе мустақар мешаванд. Идома |
|
| 2010-08-27 14:44:10 |
|
Бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ, зарари офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ 1-миллион сомониро ташкил додааст. Баъд аз чанд рӯзи баста шудани роҳи мошинарави миёни Айнӣ ва Масчоҳи кӯҳистонӣ ҳоло ҳаракати нақлиёт дар ин самт аз сар гирифта шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ дастур додааст, ки ба хонаводаҳои осебдида кӯмак расонанд. Аз ҷумл, барои оилаҳое, ки дар ин офат манзилҳои зисташонро аз даст додаанд, дар ноҳояи Зафаробод барояшон ҷой дода шавад. Ин офат қурбонии ҷонӣ низ доштааст. 23-юми август дар натиҷаи бориши боронҳои шадид сокинони деҳоти Рарзу Похуд, Путхину Шаватки Поён, Зосуну Сангистон ва Томин зарар дидаанд. Идома |
|
| 2010-08-27 14:42:38 |
|
Аз 1 то 22 августи соли ҷорӣ ҳудуди ҳафт ҳазор зиндонӣ дар маҳбасҳои вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Ёвон ва Норак мавриди муъоянаи флурографии пизишкон қарор гирифтаанд.> Дар натиҷа, нишонаҳое аз бемории сил дар 210 зиндонӣ ба мушоҳида расида, вале барои таъйиди ин ки ин афрод дарвоқеъ ба бемории сил мубтало ҳастанд ё хайр, оби даҳони ин афрод мавриди озмоиши микрускупӣ қарор мегирад. Ба гуфтаи манобеъи Барномаи Тавсеъаи СММ, озмоиши флуорографии зиндониён дар Тоҷикистон ба василаи таҷҳизоти сайёре, ки бо сармояи ин созмон харидорӣ шуда буд, анҷом ёфтааст. Дар ин тадбир пизишкону коршиносони Маркази мубориза бо бемории силли Тоҷикистон ва тарҳи муқобала бо силли Барномаи Тавсеъаи СММ бо машварат ва кумакҳои фаннӣ саҳм гузоштаанд. Қаблан, дар миёни гурӯҳҳои осебпазир аз ҷумлаи зиндониёни Тоҷикистон таҳқиқот ва озмоише дар заминаи мизони ибтило ба вируси камбуди масунияти инсонӣ (ВИЧ ё HIV) анҷом шуда буд. Идома |
|
| 2010-08-27 12:55:23 |
|
Тайи 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон 207 қасди худкушӣ сабт шудааст. Ин рақам нисбат ба 136 мавриди тайи ҳамин давраи соли гузашта сабтшуда дар шимоли Тоҷикистон беш аз 50 дарсад бештар будааст.> 38 нафар бо истифода аз доруву заҳр ва 4 тан бо роҳи худсӯзӣ даст ба ҷони худ зада, 5 нафар худро ғарқ кардаанд. Вале аз се ду ҳиссаи ин афрод, яъне 136 нафар, барои худкушӣ аз ҳалқаи дор истифода бурдаанд. Идома |
|
| 2010-08-27 12:32:40 |
|
Ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи марказиву ҷанубӣ Роберт Блейк ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон ва Русия сафар хоҳад кард. Бино ба хабарҳо, Блейк рӯзи 31 август вориди Душанбе шуда, бо мақомоти Тоҷикистон натоиҷи машваратҳои ду кишварро, ки ним сол боз идома дорад, баррасӣ хоҳад кард. Роберт Блейк рӯзи 1 сентябр барои як сафари серӯза аз Душанбе озими Маскав хоҳад шуд. Идома |
|
| 2010-08-27 12:32:11 |
|
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба қазияи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ҷамшед Сангов, раҳбари раёсати парвандаҳои фавқулодда муҳими додситонии кулл гуфтааст, ки ин парванда тибқи чанд банди Қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла куштор, ҳифзи аслиҳа, фирор аз боздошт ва дуздии васоили нақлия боз шуда, феълан тафтиш идома дорад.> 25 маҳбус, ки ағлаб бо ҷурми талоши табаддулоти давлатӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, шаби 23 август дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи кумитаи амният дар Душанбе фирор карданд. 4 мошине, ки онҳо эҳтимолан ба ҳангоми фирор истифода бурдаанд, рӯзе баъд дар дараи Ромит ва ноҳияи Файзобод кашф шуд. Идома |
|
| 2010-08-27 12:30:54 |
|
Масъулони яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа занону духтарони ҳиҷобпӯшро дастур додаанд, ки дар бозор минбаъд бидуни ҳиҷобу рӯсарӣ ба кор машғул шаванд.> Дар бозори мавсум ба "Фаровон", ки батозагӣ хусусӣ карда шудааст, теъдоди зиёде аз занону духтарони фурӯшанда кор мекунанд, ки бар сар рӯсарӣ ё ҳиҷоб доранд. Ҳайдаралии Шерхон, муъовини раиси бозори "Фаровон", мегӯяд онҳо пас аз боздиди Ғайбулоло Афзалов, раиси вилояти Хатлон ва назоратҳои мукаррари мақомоти маҳаллӣ, ки "нисбат ба занони ҳиҷобпӯш ишораҳое" доштанд, аз занон хоҳиш кардаанд, ки дигар ҳиҷоб ё рӯсарӣ напӯшанд. Вале ба гуфтаи вай, дар ин замина ҳануз ҳеч гуна тасмими расмӣ гирифта нашудааст. Ба гуфтаи бархе аз фурӯшандагони бозор, мақомот ба занони ҳиҷобпӯш гуфтаанд, ки дар муҳлати кӯтоҳ тарки ҳиҷоб кунанд, вагарна аз ҷойҳои кории худ, яъне дуконҳои фурӯши колоҳояшон, маҳрум мешаванд. Дар баробари ин, иддае аз занони ҳиҷобпӯш дар бозори "Фаровон" гуфтаанд, ки дар сурати фишор овардани мақомоти бозор барои тарки ҳиҷоб онҳо даст ба тазоҳуроти эътирозӣ хоҳанд зад. Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистоен дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки дар рӯзҳои ахир теъдоди зиёде аз занони фурӯшандаи ҳиҷобпӯш бо суолоти зиёди динию ҳуқуқӣ ба онҳо муроҷиъа кардаанд. Қарор аст фаъолони ин ҳизб дар кӯтоҳтарин фурсат саволу дархостҳояшонро дар ин замина ба масъулини бозору кумитаи занон ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон ироа кунанд. Идома |
|
| 2010-08-27 12:29:08 |
|
Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе раҳбари дасти ҳунарии “Сипар”-и вазорати умури дохилии Тоҷикистон Ҳафиз Саидов аз олам даргузашт. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи ВУД ба хабаргузории "Авесто" гуфтааст, ки Ҳафиз Саидов ба маризии дил гирифтор буд ва бар асари ин беморӣ оламро падруд гуфтааст. Ӯ аз соли 2001 ба ин сӯ раҳбар ва овозхони дастаи ҳунарии "Сипар" буд. Идома |
|
| 2010-08-26 17:24:13 |
|
> Имрӯз дар Македония, Албания ва Ҳиндустон садумин зодрӯзи Модар Тереза, як масеҳии албанитабор, таҷлил мешавад. Модар Тереза барои кӯмакҳояш ба мардуми фақиру бемор соли 1979 Ҷоизаи сулҳи Нобелро соҳиб шуда буд. Ӯ соли 1910 дар шаҳри Скопие ба дунё омадааст. Модар Тереза дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон созмони хайрияеро таъсис кард, ки айни ҳол дар 137 кишвар 765 бахш дорад ва дар онҳо беш аз 5 ҳазор рӯҳониён ба кӯмаки фақирону маризон машғуланд. Парлумони Македония дар нишасти имрӯзаи худ аз Модар Тереза ёд кард. Дар Косово, ки аксаран албанитаборҳо ба сар мебаранд, ба ифтихори Модар Тереза маркаи почта нашр хоҳад шуд. Дар Албания ҳазорҳо нафар дар назди ибодатгоҳи Модар Тереза дар Вауи Деҷес ҷамъ меоянд. Дар маросими ёдбуд сарвазир Салӣ Бериша ширкат хоҳад кард. Таҷлил аз зодрӯзи Модар Тереза дар шаҳрҳои Калкутта, Деҳлӣ, Ченнаӣ ва Бангалор низ баргузор мешавад. Идома |
|
| 2010-08-26 17:21:06 |
|
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии кишварамон, дар ҳошияи нишасти "Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон" дар Тошканд, бо Владимир Норов, вазири хориҷии Узбакистон дидор ва масъалаи интиқоли вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистонро дар миён гузоштааст. > Идома |
|
| 2010-08-12 10:15:28 |
![]() |



Медиа Холдинги точикӣ
Футболи Тоҷикистон
Сомонаи ҷамъиятиву сиёсӣ
Хабар




