Миллат
Феҳрист
Саҳифаи асосӣ
Хабар
Сиёсат
Иқтисод
Фарҳанг
Иҷтимоъ
Забон
Адабиёт
Варзиш
Ҷаҳон
Миллат ва ислом
Мусоҳиба
Гумшудагон
Таърих
Ҷавонони миллат
Ширкатҳо
Сухани сармуҳаррир
Бойгонӣ Китоби пазириш Намунаи PDFСодироти хабарҳо
Бозори арз
Бозори арз
Дӯстони мо


Нишонии банери мо:


Намунаи эллектронӣ
Millat in PDF


Хабар

ТАРАКА
Ҷамолиддини УСМОНИЁН2010-09-03 10:45:09
ТАРАКА ДАР ТОРИКӢ
ҶСШК «Тоҷиктрансгаз», ки як сол қабл ба қавле гулӯи Корхонаи фаръии байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз»-ро аз худ карда буд, ҳамакнун бо ирсоли як нома роҳбарияти ин корхонаро се рӯз мӯҳлат дода, то ин ки дуввумӣ 305 ҳазор сомонӣ ҳаққи ӯро бидиҳад. Дар сурати мабодо «Тоҷиктрансгаз» интиқоли гази маҳаллиро ба навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа қатъ хоҳад намуд.
Миқдори нигариши мақола: 22Идома >>
МАРАТОРИЯ:
ҷамолиддини УСМОНИЁН2010-08-30 10:10:10
МАРАТОРИЯ: ТАМДИД ШАВАД Ё БАС АСТ!?
Мӯҳлати мораторияи гузаронидани санҷишҳо, ки дар асоси Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 30 июли соли 2009 то 29-уми июли соли 2010 идома дошт, ба анҷом расид. Дар ин давра санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба истиснои ҳолатҳои пешбинӣ намудаи Қонуни мазкур манъ шуда буд.
Миқдори нигариши мақола: 46Идома >>
МОЛИЁТ
2010-08-12 15:57:36
МОЛИЁТ БАРОИ КАДОМ ГУНОҲ?
Утоқи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон (АмЧамТоҷикистон) дар мавриди ҷорӣ кардани аксизи 3% аз хидматрасонии алоқаи мобилӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Утоқи бозаргонии Амрико ду сол ба инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Яке аз аҳдофи ин ниҳод мусоидат барои фароҳамсозии шароити сармоягузорӣ дар кишвар мебошад. Ва инак ин ниҳод дар мавриди ҷорӣ кардани аксиз дар бахши хидматрасонии алоқаи мобилӣ изҳори назар кардааст. Ба иттилои ин созмон, дар ИМА аксизро, ба истилоҳ ҳамчун "молиёт барои гуноҳ" ном мебаранд, зеро аксиз барои молҳое, ки бар фард, ҷомеа, табиат садама меоваранд; машрубот, оби ҷав(пиво), тамоку, бензин, эъмол шудааст.
Миқдори нигариши мақола: 70Идома >>
ДОРОИИ
Нусратҷон БОБОЕВ,
журналист
2010-08-06 10:00:05
ДОРОИИ ШИРКАТҲОИ МОБИЛИИ ТОҶИКИСТОН БА МАНФИАТИ КИСТ?
Ширкати Алоқаи мобилии ҷаҳонии "TeliaSonera", ки ба кишварҳои Шветсия ва Финландия тааллуқ дорад, эълом кардааст, ки даромадаш дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 17% ё муодили 548 млн евро зиёд шудааст. Ширкатҳои мобилии давлатҳои осиёӣ бошад, барои даромади ширкати мазкур, саҳми калон гузоштаанд. Аз ҷумла Тоҷикистон дар қатори кишварҳое карор гирфитааст, ки ба буҷаи ин ширкат даромади молии калон ворид месозад.
Миқдори нигариши мақола: 97Идома >>
SOS:
2010-07-29 10:10:49
SOS: АМРИКО «ТИЛЛОИ САФЕД»-И ТОҶИКРО БА РӮЙХАТИ СИЁҲ ДАРОВАРД
Вазорати шуғли Амрико феҳрасти нави маҳсулотеро нашр кард, ки воридоташ ба Ийолоти Муттаҳида ба далели истифода аз неруи кӯдак дар тавлиди ин маҳсулот манъ мешавад. Ин бор ба ин рӯйхат пахтаи Тоҷикистонро ҳам шомил кардаанд, ки воридоташ ба Амрико ба далели истифода аз нерӯи кӯдак дар пахтачинӣ манъ хоҳад шуд. Вазорати шуғли Амрико ҳамин тавр, воридоти пахта аз кишвархое, чун Узбакистон, Буркина Фасо ва Чину Бенинро низ манъ кардааст. Воридоти махсулоти электронӣ ва бозича аз Чин низ ба ҳамин далели истифода аз неруи кӯдак манъ шуда, 7 навъи маҳсулоти сохти Мянмар низ ба ин далел шомили “рӯйхати сиёҳ”-и вазорати шуғли Амрико шудааст. «Миллат» барои шарҳи ин қазия ба коршиносон муроҷиат намуд:
Миқдори нигариши мақола: 65Идома >>
НУСРАТУЛЛО
2010-07-26 09:20:36
НУСРАТУЛЛО ДАВЛАТОВ: МО ҶОНИБДОРИ КАМ КАРДАНИ ҲИСОБОТҲОИ АНДОЗЕМ
Сӯҳбати ихтисосии сардабири «Миллат» Иршод Сулаймонӣ бо раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов ТАНҲО МЕЪЁРИ АНДОЗ БА ИҚТИСОД ТАЪСИР НАМЕРАСОНАД, БАЛКИ… - Ба фикри Шумо низоми андоз ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунад ё не? Агар мусоидат мекунад чӣ гуна? Масалан, низоми андоз метавонад як фишанге бошад, ки рушди иқтисодиро боз дорад. Яъне меъёрҳои андоз метавонанд на фақат боиси кам шудани даромади буҷаи давлатӣ шаванд, балки метавонад мардумро аз соҳибкории расмӣ ба иқтисодиёти сиёҳ моил кунад. Ё умуман аз соҳибкорӣ даст кашанд. Низоми феълии андози Тоҷикистон бештар ба чӣ мусоидат кардааст?
Миқдори нигариши мақола: 69Идома >>
АЗ
Муҳаммад ФАРМОНЗОДА,
хатмкардаи ДТТ ба номи М. Осимӣ
2010-07-06 09:00:15
АЗ ИСТИҚЛОЛИ БАРҚӢ ТО ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРЖӢ
МО ИСТИҚЛОЛИ БАРҚӢ МЕХОҲЕМ Ё ЭНЕРЖӢ? Ҳар як кишвари ҷаҳон барои пешрафт ба энергияи зиёд ниёз дорад ва масъалаи истиқлолияти барқӣ барои ҳамаи кишварҳо хело муҳим аст. Хусусан, барои Тоҷикистон, ки аз захоири бузурги нафту газ бархӯрдор нест. Вале истифода ва қабули барномаи мукаммале дар бораи "Истиқлолияти энергетикӣ" ба назари ман чандон дуруст намебошад, зеро ибораи "истиқлолияти энергетикӣ" маънии он даст ёфтан ба кулли захоири сӯзишворӣ аз он ҷумла; барқ, газ, нафт, ангиштсанг ва ғайра мебошад ва тамоми ниёзҳои ҷомеаи кишварро бо энержӣ таъмин намудан аст, ки ин номумкин ва амалӣ нашаванда аст.
Миқдори нигариши мақола: 109Идома >>
БАҲСИ
2010-06-17 09:44:54
БАҲСИ РОСТИВУ НОРОСТИИ ТЕРМИНАЛҲО
ТӮҲМАТИ РӮИРОСТ Посух ба мақолаи "Ғорати рӯирости терминалҳо", муаллиф Ибодуллоҳи Оқилпур, рӯзномаи "Миллат" №19 аз 13 майи соли 2010 Воқеан қонунҳои ҷорияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Қонун "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" ба ҳар шаҳрванд кафолати озодии баёнро медиҳад. Албатта боиси хушнудист, ки ин сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ба раванди демократикунонии ҷомеъа мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо хондани матлаби муаллиф Ибодуллоҳи Оқилпур "Ғорати рӯирости терминалҳо" мо низ ба хотири арҷгузорӣ ба озодии баён эродҳои эшонро нисбати "ноадолитҳо"-е, ки аз терминалҳо гӯё дидаанд, пайгирӣ менамоем.
Миқдори нигариши мақола: 117Идома >>
ҒОРАТИ
Ибодуллоҳи ОҚИЛПУР2010-05-24 11:54:49
ҒОРАТИ РӮИРОСТИ ТЕРМИНАЛҲО ва ё чӣ тавр терминалҳои пардохтӣ давлат ва мардумро гул мезананд?
ТЕРМИНАЛҲО ЧЕК НАМЕДИҲАНД Тибқи таҳлилҳои коршиносон давлатҳое, ки имрӯз ба абарқудратони ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд, аслан мавқеи худро дар ҷаҳон аз ҳисоби ҷамъоварии молиёт аз андоз мустаҳкам намудаанд. Дар Амрикову Бритониё, Фаронсаву Олмон, Руссияву Ҷопон ва соири кишварҳои пешрафта пардохтҳои молиётӣ як рукни муқаддас ва миллӣ дониста мешавад, ки аз ашхоси ҳуқуқӣ, инфиродӣ ва муассисаву корхонаҳои давлативу шахсӣ, ки аз ҳисоби истеҳсолоту фурӯши колоҳҳо фоида ба даст меоранд, бидуни чуну чаро қавонини андозро риоя ва ҳаққи онро пардохт менамоянд.
Миқдори нигариши мақола: 210Идома >>
КОР
Ҷамолиддини УСМОНИЁН2009-12-08 09:35:36
КОР НАКАРДАНИ "ТОҶИК АЗОТ" БА МАНФИАТИ КИСТ ё ки Эмомалӣ Раҳмонро "ҳалуки" иқтисодӣ меандозанд?!
Шабакаҳои телевизионии кишвар баъзан вақти тамошои бинандаро бо маросимҳои ба кор таъминкунии се чор нафар шаҳрванд ё худ "лента"-буриҳои ягон дукони навташкил ҳам сарф мекунанд. Аммо аз бекор мондани беш аз 600 нафар коргарони корхонаи "Тоҷик Азот"-и шаҳри Сарбанд расонаҳои ҳукуматӣ, бахусус телевизион хомӯширо авло донистаанд. Чаро? Акнун мардум ҳам аз фаъолияти расонаҳои ҳукуматӣ норозигӣ баён мекунанд, ки чаро мавзӯъҳои доғи ҷомеаро камтар мегӯянд, дар нисбат ба он ки бештар ба тараннуми ҳукуматдорон машғуланд?
Миқдори нигариши мақола: 489Идома >>
1 2 3 4 5
Кӣ шахсият аст?

Шоҳ Ҷамшед
Назарсанҷӣ
1-уми сентябр "Миллат" 5-сола мешавад. Дар давоми ин солоҳо "Миллат" чӣ хидмате кард?
Гумшудагон

ТАҚВИМИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН


САРНАВИШТИ БА МАРГ АНҶОМШУДАИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК


ИН НАФАРРО МЕШИНОСЕД?


Фарзанди инсон куҷо шуд?!


  ©2008 - 2010 Миллат - Нашрияи мустақили ҷамъиятӣ - сиёсии Тоҷикистон
  Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 8
  E-mail:millat@mail.ru Tel: (+992)37-88-111-97, (+992)95-162-38-74, (+992)95-160-05-21
  Designed by:Umed Sharipov

"Internet Map"