«Рӯзи милитсияи тоҷик» бо шукӯҳ таҷлил карда мешавад

Хабари хуб 10.11.2018 15:43

10 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони милитсияи кишвар таҷлил карда мешавад.

Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани истиқлоли Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Тоҷикистон дар давраи мазкур хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила ташаккул ёфтааст.

Бино ба гуфти огоҳони ин соҳа, мафҳуми милитсия дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз солҳои 1916-1917 дар ҳуҷҷатҳои архивӣ дучор меояд. Дар асоси ҳуҷҷатҳои зиёду мӯътамади бойгонӣ метавон гуфт, хануз аз декабри соли 1917 дар қисмати шимолии Тоҷикистон милитсия фаъолият мекард.

Милисаи Тоҷикистони Шӯравӣ 6-уми феврали соли 1924 таъсис шуд ва то соли 2006 "Рӯзи милитсияи тоҷик" рӯзи 6-уми феврал таҷлил мегардид.

Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва ҳимояи Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури мӯҳтарами кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он 10 ноябр  хамчун Рӯзи милитсия эълон гардид. Акнун  ҳар сол дар Тоҷикистон 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон яке аз бузургтарин ниҳоди интизомӣ дар кишвар аст, ки Раёсатҳои алоҳидаи мубориза бо маводи мухаддиру терроризм дорад ва Хадамоти шиносномаву додани ҳуҷҷати ронандагӣ ба шаҳрвандон ва хадамоти оташнишонӣ марбути он аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97