Назарсанҷӣ

Дар кадом мактаб мехоҳед фарзандатон таҳсил кунад?

Мактаби умумии тоҷикӣ - 34.4%
Мактаби умумии русӣ - 11.5%
Литсейи Президентӣ - 13.1%
Литсейи Байналмиллалӣ (собиқ туркӣ) - 6.6%
Мактаб-интернати "Ҳотам ва ПВ" - 23%
Дигар - 11.5%

Баргузории «Ҳафтаи таҳсили байналмилали» бо дастгирии сафорати ИМА дар Душанбе

Хабар 09.11.2018 15:38

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дастгирии худ аз намоишгоҳи «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ», ки тайи ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мешавадро эълом кард.

Аз 12 то 16 ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» ҷашн гирифта мешавад. Ин намоишгоҳ 12 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз соати 14:00 то 17:00 баргузор шуда, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шӯрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Марказҳои Амрикоӣ (American Spaces) ширкат хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба хоҳишмандон дар мавриди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил дар хориҷ иттилоъ ироа намуда, ҳамзамон ба суолҳои онҳо посух хоҳанд дод.

Намоишгохи «Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ» як имкони хубе барои пешкаш намудани самара ва табодули таҳсили байналмилалӣ дар тамоми ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Ин иқдоми муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъе аз талошҳои ин кишвар дар тарғиби барномаҳое, ки барои омода сохтани мардуми Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта мебошанд ва мардуми кишварҳои дигари ҷаҳонро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб хоҳанд кард.

©2008 - 2018 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97