Ширкати “МегаФон” иштирокдорони Анҷумани соҳибкоронро бо интернет таъмин кард

Хабари хуб 17.10.2018 14:59

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анҷумани байналмилалии соҳибкории “Душанбе-2018”-ро бо интернети баландсуръати мобилӣ аз рӯйи технологияи Wi-Fi таъмин намуд. Оператор инчунин ба иттиҳоди соҳибкорон хизматрасониҳои муосири рақамиро пешниҳод карда, зиёда аз 200 сертификати ройгонро ба муҳлати як моҳ тақдим кард. 

Анҷуман таҳти унвони “Инкишофи истеҳсолоти миллӣ – имкониятҳои нави сармоягузорӣ” санаи 15 октябр ифтитоҳ ёфт. Чорабинӣ ба соҳибкорони тоҷик имкон дод, ки бо мақомоти давлатӣ, ҳамкорон ва сармоягузорон аз Олмон, Қазоқистон, Чин, Куриё, Русия, Ӯзбекистон, Фаронса, Чехия ва Ҷопон муколамаро ба роҳ монда, молу хизматрасониҳои ширкатҳои тоҷикро ба онҳо пешкаш намоянд.

Намояндагони оператори “МегаФон Тоҷикистон” доир ба роҳу воситаҳои камкунии хароҷоти оператсионии телеком-хизматрасониҳои муосир ва такмили мудирияти бизнес аз ҳисоби автоматисозии назорат маълумот доданд. Ба ин тартиб, банкоматҳо, ҳисобкунакҳо ё системаҳои муҳофизатӣ бо SIM-кортҳои “МегаФон Тоҷикистон” метавонанд пурра бо реҷаи автономӣ фаъолият карда маълумотро бе иштироки одамон таҳвил диҳанд – бо ин восита ҳам вақти кормандоне, ки қаблан маҷбур буданд ба нуқтаҳои дурдаст ҳозир шуда, маълумотро ҷамъ оваранд, ҳам маблағҳо барои маводи сӯзишворӣ сарфа карда мешавад. Пас аз анҷуман соҳибкорони бо хизматгузориҳои инноватсионӣ ошно гардида имкон пайдо намуданд, ки ба истифодаи амалӣ гузаранд: ба мизоҷони эҳтимолӣ сертификатҳо барои пайвастшавии ройгони “санҷишӣ” ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пешниҳод шуд, хабар медиҳад маркази иттилоотии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97