Пиёдаравӣ аз касалии қанд наҷот медиҳад

Хабари хуб 08.09.2013 07:48

piydaПажуҳишгарони англис бо анҷом додани таҳқиқоте дарёфтанд, ки пиёдаравӣ то маҳалли кор 40 дар сад хатари гирифторӣ ба диабети қандро коҳиш медиҳад.

Мутахассисони колеҷи "Империал" ва донишгоҳи Ландан байни солҳои 2009 то 2011, бо таҳқиқот рӯи  20 ҳазор англис ба ин натиҷа расиданд, ки дучархасаворӣ, пиёдаравӣ ва истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ боиси кам шудани вазн мешавад ва хатари гирифтор шудан ба диабети қандро коҳиш медиҳад.

Истифода аз таксӣ ва мошини шахсӣ барои расидан ба маҳалли кор, баръакс боиси зиёд шудани вазн мегардад.

Муҳаққиқон ҳамчунин дарёфтанд, ки эҳтимоли гирифтор шудан ба навъи 1 ва 2- и диабет дар касоне, ки пиёда ба кор мераванд, коҳиш меёбад. Ҳамчунин хатари афзоиши фишори хун низ дар ин афрод то 17 дарсад пойин будааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон хатари гирифтор шудан ба диабет дар касоне, ки бо дучарха ба ҷои кор мераванд, нисбат ба мошинсаворон ба нисф коҳиш меёбад.

Фишори хуни боло, диабет ва вазни изофаро, ки ҳамагӣ аз далелҳои бемориҳои қалбӣ ба шумор меравад, бузургтарин омили маргу мир дар Британия ба шумор меравад. Ҳар сол 3 миллион нафар дар ин кишвар ба диабети қанд гирифтор мешаванд, ки ин мизон аз 20 як қисмати аҳолии ин кишварро ташкил медиҳад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97